Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хонданпора кардаасту дар тарадуди ба пушти ҳамроҳаш бор кардан аст. Як латтаи дар нуги туғ баста ба чӯбаш дар гӯшае партофта.
- Кузмин, чӣ зарурат дошт, ки туғҳоро буридӣ? - Муҳаммадшариф бандро ба замин монд.
- Чӣхир (ҷойи талх) ҷӯшонам гӯям ҳезум нест. Дидам, ки ин ходаҳо аловибоб, буридам.
- Медонӣ, ки ба мазор расидан убол аст?
- Аз Алмаато ин тараф чандторо буридам, уболиашро надидам.
Муҳаммадшариф беҳуда будани баҳсро пай бурда, алафро бардошта гуфт: - Кузмин, аз хотират набарор, баъзе мазор бардошт мебошад, баъзе ё гарданата мешиканад ё ба балое гирифторат мекунад. Ӯ ба роҳ даромаду гӯр-ғӯри Кузминро шунид: «Чернов ба кадом ақл ҳаминро чилавдор гирифтааст?»
Бригада рӯзи дигар вақти офтоббаро ба гарнизони Бойсун даромад.
Ҷавонони ОГПУ «аз пушти пеши бозӣ» Черновро огоҳ карданд: «Дар Балҷувон ду ҳафта пеш байни ӯзбекону тоҷикон ҷанги сахт шудааст. Баъди он мардум дилмондаву ба дарди худ овора. Ҳамроҳи Анварпошо ҳамагӣ се ҳазор аскар омадааст.»
Чернов медонад, ки пеши онҳо се ҳазору чор ҳазор аскари босмачӣ, ки силоҳи замонавӣ надоранд, муқовимат кардан наметавонанд. Ва чунин ҳам шуд. Анварпошо дар ду рӯзи ҷанг аз панҷ як қисми армияро бой дода, ақиб гашт. «Наполеони асри бист», ки се моҳ пеш ба Русия таҳдид карда «кӯшунатро дар муддати понздаҳ рӯз барор!» гуфта буд, ҳоло саркану покан мегурехтагӣ. Дар даромади Қаратоғ кӯшунаро ҷамъ карда, худаш пеш-пеш шуда, ба ҷанг даромад. Яқин аз ақибнишинӣ шарм кардаю мехост пеши армияи сурхро гирад, ки нашуд. Ва боз ҳам ҳамон ҳолати ду сол пеш рӯӣ дода такрор шуд. Аз Душанбе бештари дастаҳо, чунон ки аз ҳамроҳӣ ба амир Олимхон ноумед шуда рафта буданд, ҳамчунон Анварпошоро тарк карданд.
Чернов дар Душанбе фаҳмид, ки гурӯҳи Бондаренко дастаҳои дар Кубодиёну Кӯлоб будаи Анварпошоро торумор карда, сӯи Қӯрғонтеппа равон шудааст.
Ва ҳамин ҳафта бо ёрии аэропланҳо ба Қӯрғонтеппа, ки кӯшуни ақибнишатаи Анварпошо он ҷо ҷамъ омадааст, ҳуҷум мекардаанд. Чернов бо роҳи Файзобод ба Қӯрғонтеппа омад. Ҷосусҳо (коммунистҳои тасбеҳ бадасту челакпӯш) хабар оварданд, ки Анварпошо бо дастаи Давлатманд ба Балҷувон рафта, он ҷо батаъчил қувва ҷамъ мекунад.
Чернов дар Қӯрғонтеппа бо Бондаренко маслиҳат карданд, ки вай аз роҳи Кӯлоб, бригадаи ӯ бо роҳи Сангтӯда рафта, босмачиҳои Сангтӯдаву Балҷувонро зада, кори Анварро ба поён мерасонанд.
Чернов барои он ки ба Анварпошо вақти сарбозҷамъкунӣ надиҳад, пагоҳ ба Сангтӯда омада, босмачиҳоро аз он ҷо ронда, пас ба домани кӯҳҳои Сарсара ҷониби Балҷувон роҳ гирифт. Азбаски дирӯз дастаи босмачиҳо ба ротаи хизмати ақибгоҳ ҳуҷум карда, се нафарро кушта, се нафарро захмӣ карда, чанд гову як рама молашонро (як қисми буз, бештар гусфанд) рабуда буданд, ба ротаи Загорски фармон дод, ки баъд аз ду-се соат роҳ рафтани ротаи хизмати ақибгоҳ ба роҳ мебароянд. Наздики чоштгоҳи калон равона шуданд. Пас аз он ки замину боғҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор