Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
канори деҳаро гузаштанд, тепаву сойҳои алафашон зардшуда шурӯъ шуданд. Ҳаво аллакай гарм шуда буд. Аспҳо дар замини сахт яка-яка қадам монда бо дили нохоҳам роҳ мерафтанд. Сагриҳоишон дар офтоб йилтирос мезад. То Балҷувон якрӯза роҳ аст. Ба ёди Чернов омад, ки порсол ҳамин шабу рӯз барои фатҳи Қалъаи Ҳисор ба полкашон Байрақи Сурхи инқилоб тақдим кардаю номи «полки Ҳисорӣ» дода буданд. Хизматҳои худашро ҳам қадр карданд. Аз ҷониби ҳукумати Русия Ордени Байрақи Сурх, аз ҷониби ҳукумати Бухоро, «Ордени дараҷаи аввали Республики Бухоро» дода буданд. Аз полкашон сию ду нафар соҳиби ордену медад шуданд. Аз пешниҳодшудаҳо фақат Семёнов нагузашт. Сарбози содиқ буд, аммо қасдан қадраш накарданд... Дар ин нӯҳ моҳе, ки дар Бухорои шарқӣ меҷангиданд, дивизияи савора корҳои намоён кард. Аз Бойсун то Қӯрғонтеппа, он тараф водии Ғармро тасарруф кардаю давлати Шӯро сохтанд. Танҳо Балҷувону Дарвоз монд. Андаке ёрӣ мешуд, то охири сол онҳоро ҳам задаю шикаста дар тамоми хоки Бухорои шарқӣ давлати Советиро барқарор кардан мумкин буд. Имсол овора намешудем. Лекин дар боло чӣ фикр карданд, ки моҳи сентябр сардори ҷабҳаи Туркистон фармони аз Бухорои шарқӣ баровардани дивизияро содир кард. Баъзеҳо мегуфтанд, ки шартномаи миёни ҳукумати Бухоро ва ҷабҳаи Туркистон ба охир расидааст. Баъзеҳо мегуфтанд, ки сардорони ҷабҳа бар қасди раҳбарони ҳукумати Бухоро ин корро карданд. Мегуфтанд, ки «ку бинем, бе мо ҳукумат карда метавонанд?» Байнашон ихтилоф будааст. Чизе буду набуд, он фармон хатои маҳз буд. Бо димоғсӯзию носозии ду-се нафар халқ азоби дӯзаха дид. Ҳанӯз дивизия набаромада босмачиҳо ба сари халқ чун галаи гургон тоз оварданд. Бойҳо замину хонаву дари аз сӯи болшевикон ба камбағалҳо тақсимшударо гардонда гирифтаю худашонро зери шиканҷа қарор доданд. Онҳоро кофир эълон карданд. Муллоҳояшон фатво додаанд, ки ҳақ доред занҳояшонро гиред. Пеши роҳи муҷоҳидин кушода буд. Муҷоҳидин деҳа ба деҳа гашта «кофир» мекофтанд. Дар роҳҳо ҷанги пойи аспашон кам намешуд. Садои нолаи ҷонсӯзи ҳаводорони инқилоби Рус шаҳру деҳро пур кард. Аммо Рус рафта буд. Касе ба фарёди онҳо намерасид.
Ҳангоме ки бригада ба Ҳисор даромада буд Муҳаммадшариф тарафи бегоҳ аз Чернов пурсид:
– Соҳибназарро дар хотир доред? Дар Обигарм роҳбаладӣ мекард.
– Ҳамон кӯҳтанро? Ӯро фаромӯш карда мешавад? Чӣ қадар ба мо ёрию меҳрубониҳо карда буд.
– Чиянаш омадааст, мехоҳад шуморо бинад.
– Чиян бо ду чашми хунбор хабар дод, ки пас аз он ки шумоён рафтед, босмачиҳо моро ба балоҳо гирифтор карданд. Муллоҳою босмачиҳо Соҳибназарро тарафи кофирро гирифтӣ, роҳбаладӣ кардӣ гуфта, фатвои қатл доданд. Мардум ҷамъ шуда мардака сангу чӯб задаю кашон-кашон байни бозор бурданд. Бо дастҳо рӯяшро мепӯшонд, дастҳоро мезаданд. Он ҷо чӯби дор дуруст карданд. Пеш аз он ки ба дор кашанд, «ситораи Рус ба ҷонат баробар буд!» гуфта дар пешонааш бо корд ситора кашиданд. «Замин мехостӣ? Мана, замин!» гуфта даҳонашро пури хок карданд. «Об мехостӣ?! Мана ба ту об!» гуфта тани барахна ба ҳавзи хунук партофтанд. Пас марди нимҷонро аз ҳавз бароварда ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор