Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

роҳи пешгирифтаи партия аст. Мо мухолифинро дилҷӯӣ кардаю ба сулҳ даъват мекунем, шумо озор медиҳаду мерамонед. Шояд қасдан ин корро мекунед?

Файзуллоҳ ҳам паст наомада гуфт, ки ман ҳар кореро бо розигии сардори ҷабҳа мекунам, на бо розигии ҳар яки шумоён.

  • Мо дар ду тарафи сангар қарор дорем,-гуфт Ершов.-Шумо дар сангари ашроф мебошед, ман дар ҷабҳаи камбағалҳо.

Ин сухан барои Файзуллоҳ Хоҷа таъна буд. Ӯро дар ғайбаш аксар «ин миллионер ба мо нест» гуфта таъна мекарданд.

  • Бештари инқилобчиёни Маскав ҳам аҳли ашрофанд,- заҳрханда кард Файзуллоҳ ва аз паи кораш шуд.

Иброҳимбек аз баргузории маҷлис огоҳ шуда хашмӣ гаштааст. Гуфтааст, ки ин чӣ аҳмақист, ки амир Олим маро ба ҷояш амир гузоштаасту бе розигии ман маҷлис меоростаанд?! Армияи панҷҳазораро мефармояд, ки ҳар куҷо раису ревкому тарафдори большевик ҳаст, сар буранд. Дар роҳҳо аскари сурхро бинад, зинда намонад! Мисли дарёи хурӯшон ҳамаро вайрон кунад.

Чернов низ ба равиши Иброҳим кор гирифт. Се полкро ба взводу ротаҳо тақсим карда, дар деҳаҳои калон ҷой кард. Ба ҷангварон супориш дод, ки ба корҳои деҳқонон аз қабили хонасозӣ, алафдаравӣ, хирманкубӣ ва ғайра ёрӣ расонанд, то ки бинанд мо ҳам мисли онҳоем. Гӯед, ки овозаҳои гӯё тоҷикҳою лакайҳоро бурда дар бозорҳои Россия мефурӯхтаанд, дурӯғи маҳз аст. Аз одамҳои дилпур ҷои буду боши босмачиҳоро дониста гиред. Дере нагузашта сарбозе аз ротаи Давлат хабар овард. Ду нафар дар ҳавлие ба таъмири хона ёрӣ медароданд, ки додари соҳибхона аз деҳаи Ишкобод омада хабар мерасонад, ки Иброҳимбек бо ду ӯ аскараш имшабро дар он деҳа мегузарондааст. Чернов ба полк фармони тайёрӣ дод. Аз он ҷой то деҳи Ишкобод шаш километр роҳ аст. Роҳбалад Асадулло аз қавми бадрақлӣ. Ӯ гуфт, ки бояд садое набароварда наздик равем, вагарна Иброҳимро аз даст медиҳем. Аз хонаҳо намад ҷамъ карда пора-пора бурида ба суми аспҳо баста, ними шаб ба роҳ баромаданд. Ҳавои шаби моҳи май нарм буд. Дар осмон ситораҳо ба ҳам зич мехҷакӯб карда шудаанд. Аз афташ, аспҳо ҳам хатарнок будани сафарро пай бурданд, ки ба эҳтиёт қадам мемонданд. Ба деҳа наздик омада аз чор тараф онро печонданд. Субҳ рӯшанӣ карду сафедору чинорҳо ва хонаҳои гилини деҳа намудор шуданд. Дар баъзе хонаҳо чароғ гиронданд. Ин дам дар роҳҳо, ҳавлиҳо, аспҳои бастаро диданд. Баъзе савораҳо дар болои зин хобашон бурда буд. Онҳо хеле бисёр менамуданд! Ба дили Чернов тарс муставлӣ шуд. Андешид, ки дар баробари мардуми деҳа ва ин қадар савор онҳо коре карда наметавонанд. Аз он ки атрофии деҳаро печонданд, дар тангие роҳашонро мегирифтанд, хуб буд. Дере нагузашта ҳаво рӯшантар шуд. Аввал сагҳо хатарро ҳис карда ғавго бардоштанд. Савораҳо безобита шуданду пулемиётҳо ба кор даромаданд ва ҳамон замон аз болои дару девор ва дохили боғҳо гурехтани босмачиҳоро диданд. Ҷангварон аз ҳама тараф ба садои «Урра!» вориди деҳа шуданд. Садои суми асп, садои дашном, ҷое гиряи талҳи занону кӯдакон шунида мешуд. Ҳашт-даҳ дақиқа гузашта буд, ки кӯчаҳои танги деҳа пури асир шуд. Дусад нафарро асир гирифтанд.

пешина
аз 613
навбатӣ