Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Бори дигар, охири моҳи июн, ҳаво монанди имрӯз гарм буд. Дар бароти Янгибозор як дастаи калони Иброҳимбек аз пешашон баромад. Пештар ҳангоми аз деҳа гузаштанашон мардуми ҷамъомада шикоят карданд, ки ҳар рӯз дастанав ба нави Иброҳим омада аҳолиро метарсонанд. Хабар меоранд, ки русомада касеро, ки салла дорад, мепаронанд. Намозхонҳоро ҳам мепаронанд.
Занҳоро дасти зӯрӣ мекунанд. Барои он ки онҳо бар зидди русҳо меҷанганд, пулу мол талаб мекунанд. Касе зиддият кунад, ӯро байни бозор бурда то мурданаш мезананд. Дар хонаҳо чизи хӯрдани намондааст, кӯдакон аз гуруснагӣ мемиранд. Дар ин ҷойҳо зиндагӣ кардан мушкил шудааст.
Он шабу рӯз дар ҳақиқат мардум азоби сахт доштанд. Гуруснагӣ, таҳлука мардумро тарсонда буд.
Гардиши Янгибозорро гузашта буданд, ки аз зери дарахтони дӯлонаи олуҳои худрӯй, дастае хеста ба садои «Ала! Ала!» бо шамшеру калтакҳо бар сарашон фурӯ рехтанд. Ҳуҷум, ки ногаҳон сурат гирифта буд, дар лаҳзаи аввал ҷангиҳои моро зада афтонданд. Дере нагузашта аз сойи тарафи рост дастаи калонтаре наздик шуд. Аммо пулемётчиҳои мо онҳоро қир карданд, наздик шудан намонданд. Мо дастаро ба ақиб, ба ҷои тангии сой рондед, ки тохтутоз карда натавонанд. Баъд дар паси сангҳо мавқеъ гирифтаю пулемётҳоро ба кор дароварданд. Дар авчи ҷанг Амони калта «Иброҳимро бинед!» гуфта овоз зад.
Чернов ба самти нишондоди ӯ нигариста Иброҳимро дид, ки дар паси шаҳе рост истодааст. Ду-се қадам поёнтар си-чил нафар саворон атрофаш кардаанд. Яке аз чилавдорон асад. Ҳар дам ба ишораи Иброҳим ду-се нафар ҷудо шуда, назди ҷангиёнаш омада, онҳоро ба зери тири пулемёт мефиристоданд. Чернов фикр кард, ки «ана барои чӣ ба ин «ғозӣ» тир намерасидааст. Камандирҳои аскари сурх дар пеши кӯшун истода меҷанганд».
Чернов фармуд, ки пулемётҳо пештар оварда ҷониби Иброҳим гардонанд.
Он ҷо чанд аспу одамон калапо шуданд. Чернов фармони «ба аспҳо савор шавед!» ро доду ба ҳуҷум гузаштанд. Ҳангоме ки ба ҷойи Иброҳим истода баромаданд, диданд, ки ҳафт асп афтодаю се нафар маҷрӯҳ хобидаанд. Яке аз онҳо, ки аз по тир хӯрда буд, ба сар ишора кард, ки Иброҳим ҷониби кӯҳ гурехт.
Ба роҳ ки баромаданд Загарский хандида гуфт: — Иброҳим медидааст, ки қӯшунаш ғалаба кардааст, ба онҳо ҳамроҳ шудаю ҳатто пеш гузашта «зан! сахт зан!» гуфта ба тавраш ҳадаҳа мекардааст. Асирҳо ин нақлро кардаанд.
Ҳамон вақт Чернов пай бурда буд, ки агар бад-ин тавр ба қавли худашон шабеҳун задаю кӯҳ ба кӯҳ гурехта гарданд, вақти бисёр мегузарад. Ва чунин ҳам шуд. Аз он вақт қариб як сол гузашт. Ҳоло лашкараш ба панҷ ҳазор расидааст.
Дараи тангеро убур мекунанд. Қиёми рӯз аст, нури офтоб чун сихҳои сӯзон ба сару тан фурӯ меравад. Сангҳои дашт, шояд аз таъсири офтоб бошад, ҳама қатрони сиёҳанд. Аз сангҳо, аз замин, аз гиёҳҳои пажмурда гармсел мехезад.
Аз ҳаво бӯи чанг, бӯи арақи асп меояд. Дар чунин шароит бештар аспҳо азоб мекашанд. Безабонҳо шип-шилта арақ кардаанд. Аз байни пойҳо аз пештанаашон панҷа-панҷа кафк ба замин мерезад. Узангуҳо чунон тафсонанд, ки даст расонда намешавад. Чернов фикр кард, ки баъд аз нисфирӯзӣ ба роҳ мебаромаданд, хуб буд. Вале зуд аз фикраш гашт. Мабодо душман пешдастӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор