Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
кунад? Чашмаш ба Кузмини тошкандӣ афтод, ки ҳамроҳи гурӯҳи картабозҳош куртаҳошонро кашидаю танашонро луч кардаанд. Ниёзи дароз ҳам дар рикоби онҳост. Аспҳошонро тозиёна мезананд. Вале аспҳо тан намедиҳанд, гӯш намечумбонанд. Ақибтар аз онҳо Манучеҳр бо Амони калта ҳамриқобанду гуфтаю хандида равонанд. Онҳо ҳам куртаҳоро кашидаанд. Аҷиб феъле доранд онҳо. Гоҳе ҷанҷол кардаю ҳамдигарро чунон дашномҳо медиҳанд, ки, ба қавли худашон гӯшат қулф мезанад. Лаҳзае мегузараду гӯё байнашон чизе нашуда бошад, мегӯянду механданд. Чернов пас гашта дид, ки баъзеҳо дар борои зин худро партофта ғанабашон бурдааст. Муҳаммадшариф низ пинак меравад. Чернов, то ки аз ӯ тап гирад, аспашро ба ӯ наздик кард:
- Мебинам, ки Манучеҳр хеле лоғар шудааст.
Муҳаммадшариф ба маънои тасдиқ сар ҷунбонд, вале ҳавсалаи суҳбат накард. - Вақти хобатро ёфтӣ, - Чернов бо қамчин оҳиста ба сагрии аспаш зад.
Муҳаммадшариф озмоишкорона ба Чернов зеҳн монд ва ҳамёза кашида гуфт: - Александр-ака, ин дашти дарозро бо хоб кӯтаҳ накунӣ, маззаат меравад.
Ӯ лаҷоми аспро кашиду бо оҳанги маломат афзуд: - Албатта, лоғар мешавад, як сол аст, ки кори ин сержант омад намекунад.
- Омад накарданашро дар чӣ мебинӣ? Дар масъалаи зан бошад, сар диҳаду дигарашро гирад. Ҳоло дар Бухоро чӣ бисёр — зан.
- Мард зане мегирад, ки дилаш об хӯрад, — Муҳаммадшариф лаҷоми аспашро кашид. - Манучеҳр соли гузашта дар ҷанги Рашт аз дасташ тир хӯрда, қариб ду моҳ дар беморхона хобид. Дар хонааш рӯзи хуш надорад, мудом бо зан ҷанҷол, бо рафиқон низ муносибаташ хуб нест. Дар даромади Бойсун, дар Зароба бо Ҷангиев занозанӣ карданд. Бо Силла ҳам барои қамчин шуда қариб кордзанӣ мекарданд. Ба Душанбе омадему бо Ҷангиев боз дасту гиребон шуд.
- Барои чӣ? Магар мерос тақсим мекарданд?
- Як масъалаи аҷиб. - Муҳаммадшариф дилгирона даст афшонд. - Ман ба шумо мегӯям, лекин гап байни худамон монад. - Манучеҳр дар хӯрчинаш чил тангаи тилло ва қадре пул доштааст. Ҳангоми дар Зароба буданамон гӯё Ҷангиев онҳоро дуздидааст.
- Аҷиб! - Чернов ҳайрон шуд. - Ҷангиев ҳамин гуна феъл ҳам дорад?
- Ҷангиев мегӯяд, ки хӯрчинаш дар болои хурчинам буд, гирифта яктараф монда, дароз кашидам. Занталоқ қасам хӯрд, ки на тиллоҳояш дидаасту на пулашро. Вақте ки бори дувум ҷанг мекунанд, кордро дар гулӯи Ҷангиев монда гуфтааст, биллоҳиазим «тиллоро надиҳӣ, саратро мебурам!» Ҷангиеви бечора маргро рӯбарӯ дида, «ёфта медиҳам» гуфта, халос хӯрдааст. Аз кадоме даҳ тилло харида додаасту ҳоло боқиаш надода. Пул ҷамъ карда боқимондаашро ҳам мехаридааст.
- Нагирифта бошад, надиҳад.
- Аз вай чашмам метарсад. Кушод ҳам, аҷаб нест.
- Одамро синохтан мушкил.
- Ӯро кордории занаш аз доираи одамгарӣ баровард.
Чернов нигоҳашро аз рӯи Муҳаммадшариф наканда пурсид:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор