Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Ба Ниёз муносибаташ чӣ гуна аст?

– Ба Ниёз ҳарду ҷӯраи ҷонӣ, дар як тешуки шоша мекунанд, – Муҳаммадшариф хандид ва афзуд: – Галае ё рамае, ки аз пеш барояд, ҳай-ҳай накунӣ, нимаша зада мегирад. Дар баталиони мардикорӣ хизмат кардааст.

– Медонам, ҳангоми ба кор омаданаш гуфта буд ва гуфт, ки он ҷо бо болшевикҳо шинос шудааст.

– Рост мегӯяд, душмани ашадии бойҳо шуда омадааст. Росту дурӯғи онҳоро шунида бовар кардааст. Ба деҳае, ки даромадем, пурсуҷӯ карда, ба хонаи бойҳо меравад.

– Рафта чӣ кор мекунад? Сахт карда гӯй, ки минбаъд чунин номаъқулиро накунад, – Чернов ситезманд шуд.

– Ба гуфти худаш молу чизи он муфтхӯронро рӯйхат кардаю ба камбағалҳо тақсим мекардааст, – гуфт Муҳаммадшариф ва ба рӯи Чернов синчакорона нигариста афзуд: – Дар ин тарафҳо бой ҳам намондааст. Ҳама ба он тарафи об гузаштаанд.

– Чернов чеҳрааш гирифта шуду тап назад.

Онҳо сойчаро гузашта ба паҳное ворид шуданд, сарбозе садо баланд кард: – Ин ҷойро дашти Маҳтобӣ мегӯянд.

Ин ҷо аз домани кӯҳ ҳарраҳа мегузарад. Дар бағали кӯҳ ягон-ягон хори ангату дӯлонаи хордор дида мешавад, ки аз гармо ва чанги роҳ сиёҳранг менамоянд. Поёни роҳ дашт асту то чарӣ сесад-чорсад қадам масофа аст. Дар поин дарёи тезоби Сурхоб ҷорист. Дар байни дашт ҳар ҷо-ҳар ҷо сойчаҳои хурду калон ва гиёҳҳои пастаки хушкшуда намудоранд. Дар пеш теппаи начандон баланде ҳаст, ки роҳ ба ҳамон баромада, боз поён меравад.

– Теппаро ки гузаштем, фармо, ки бачаҳо либосашонро пӯшанд, – гуфт Чернов ҷониби Загорский. Ва мушоҳида кард, ки Загорскийро дар болои асп ғанаб бурдааст. Бепарвоии ҳамраҳонаш Черновро хавотир кард. «Мабодо дар атроф дастаҳои босмачӣ бошанду ба сарашон тозанд.»

– Ҳама куртаашро пӯшад! – Бо шиддат фармон дод ӯ. – Низомномаи роҳгардиро фаромӯш кардӣ?!

– Дар ин дӯзахкада курта пӯшида мешавад? -Наздик будаҳо ғур-ғур кардаву худро ба тартиб дароварданд..

Даштро хато карда, ними даста баландии рӯбарӯро убур кард, ногоҳ назари Чернов ба аспи Манучеҳр афтод, ки дар баландӣ зӯъм карда истодаасту пеш намеравад. Пас аз он ки Амон аз ақиб шиддат кард, асп гӯй тарсида бошад, дилубедил қадам бардошт. Чернов дар замираш Манучеҳрро накӯҳиш кард: «Туро на фақат зани хуб, балки аспи хуб ҳам насиб накарда будааст. Дар рӯи ин аспи чинӣ маҳ дидӣ? Чӣ қадар аспҳои хуб аз дастсат гузаштанд...» Ин дам ки сержант Григорев дар тори баландӣ истода, онҳоро саросема карда фарёд дорад: «Зудтар биёед! Зуд! Ин ҷо босмачиҳо!»

Ҳама аспҳоро тозиёна зада, ба баландӣ баромаданд. Аспи Чернов дар роҳи танг, ки аз ду тараф сангҳои калон дорад, қадам тез кардаю сипас лука гирифт. Ба гӯши Чернов овози тирпаронӣ расид. Дар поини теппа ва пасттар аз роҳ ҳашт-нӯҳ хонаи сангин намудоранд. Поёнтар аз хонаҳо ҷангалакест, ки чанд дарахти

пешина
аз 613
навбатӣ