Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

сахт зер карда меравад. Ӯро касе тела медиҳад, ки меафтад, писарчаро раҳ намекунад. Саросема хеста меравад. Овози дашном ва садои суми асп меояд.
Ногаҳ садои пулемёт шунида шуд. Ин садо дили Мансурро ба ларза андохт. Ӯ дид, ки дар баромадгоҳ одамон меафтанд, фикр кард, ки яқин аскари болшевик ба торикӣ омада, дар теппаҳои ақиб ҷой шуда будааст. Роҳбалади устокор доштааст. Шояд роҳбалад аз ҳамин деҳа аст. Ӯ сӯйи дарвоза нарафта, аз сари поён чаҳида, аз байни дарахтҳо давида гузашту ҷониби аспаш рафт. Аввал ин фикре, ки ба сараш омад, бояд Ҷовидро гирифта, аз ин гирдоби ваҳшат берун оварад, буд. Талабандаҳо, кӯдакону, мардуми ба намоз омада ғалтону хезон аз якдигар пеш гузашта сӯйи деҳа метозанд. Аспакию харакӣ мегурезанд. Баъзеҳо аспро дошта, кӯдаконро ҳамроҳ мегиранд. Ба онҳое, ки тир мерасад, калапушт мешаванд. Ниҳоят Мансур аскарони душманро дид. Онҳо аз теппаҳои ақиб парон-парон карда, пиёдаю савора мефӯроянд. Пешаш ба пайраҳаи домани теппа наздик шудааст.

Аз гурезогурез ва ҳайҳӯйи одамон аспҳои баста тӯрида худро девонавор ба ҳар сӯ мезаданд. Баъзе аспҳо бандро канда, бошаст ин тараф -он тараф метозанд.
Ба баъзеҳо тир расидаасту таги пояшон пури хун, бо нолиш ҳиҳ-ҳиҳ доранд.
Мансур лаҷоми аспи ба ваҳшат афтидаашро дошта, “ист азизам! Ист!” гуфта, гиреҳро кушода натавонист, онро бо корд бурида, бо азобе худро болои зин гирифта, дудаста лаҷомро дошта ба атроф нигарист. Садои парон-парон “та-та” ва пулемётҳо гӯй аз ҳама тараф меояд. Дар саҳн ва атрофи намозгоҳ хеле одам тархӯрда, болои ҳам афтидаанд. Хуни дар тагашон кул шуда намоён аст. Инак аз ҷониби поён ҳам савораҳои шапкадор намоён мешаванд. Нури офтоби пагоҳӣ дар шамшерҳои болои сар бардошташон бозӣ мекунад. Поёнтар дар байни роҳ баландиде ҳаст, ки атрофашро ҳаргуна дарахтҳо, ки баргҳои баъзе суп-сурх шудааст, печондаанд. Савораҳои душман аз ду ҷониби баландӣ аспҳояшонро тозиёна зада меоянд. Дили Мансурро ҳисси нафрату ғазаб пур кард. Ба роҳ баромада дид, ки Анварпошо чун шоҳин дар болои асп нишастаю ёронро дастуру фармони ҷанг медиҳад. Бо лаҳни тунд сухан карданашро мешунавад. “Дӯстон, лаҳзаи далериву интиқом фаро расид!” Дар дили ӯ низ ҳисси интиқом боло мегираду худро ба сафи сарбозон мерасонад. Вай ҳоло чуноне, ки дар Бойсун буд, тарс ҳис намекунад. Баръакс, ангезаи худро ба душман расонидану бӯ задан, дар дилаш чӯш мезанад. Анварпошо ба Давлатманд фармуд, ки пеш гурӯҳи аз поён омадаро бигирад. Худаш бо ними ёрон сӯйи дастаи аз паси теппа фуромада асп монд.

Ҷанг дар замини паси намозгоҳ барпо шуд. Дигар фурсати тиру камон намонд. Сарбозони ҳар ду тараф шамшерҳоро ба кор дароварданд. Ҳадру тазвире, ки душман кард, шартномаи оташбасро шикаст, рӯйи хотири кӯдакон ва рӯйи идро накард, тарсро аз дили далеридони Давлатманд берун овард ва онҳо бо ғазабу нафрат ба душман ҳамла оварданд. Аз тири сӯзону зарби шамшер худашон қурбон мешуданд ва ҳам аз душман қасос меситонданд. Дар домани теппаҳо Анварпошо бо дастааш байни тӯдаи душман даромада, корнома мекард.
Аспи сафеди бузургчуссааш гоҳ дар пеш, гоҳ дар охири майдон намудор мешуд.
Аз пасах Фаррухбой ва дигар ёронаш канда намешаванд. Роиев ҳамрикобаш

пешина
аз 613
навбатӣ