Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Мард чашмони чуқуррафтаи қаҳролудашро аз Мансур наканда гуфт:
- Ҷавони ланге, ки аз паси хари сафед меравад, оҳангар аст, яктакпӯшҳои ҳамроҳаш яке пӯстакдӯзу лойзан, яке заргар. Он гурӯҳҳои пеш деҳқононанд. Дар байнашон муллоҳо ҳам ҳастанд. Мо ҳама аз Канғуртем. Дармонда шудаю бо дили пурдард ҷилои ватан кардем. Якчанд деҳаҳое ки дар атрофи мо буданд ҳама рафтанд. Амир Олимхон дар Афғонистон истода фармон медиҳад, ки «Ҷиҳод кунед! Ватанро аз дасти душман раҳонед!» Ин ҷо мулло фатво медиҳад, ки касе ҷиҳод накунад, молаша баҳри ҷиҳод надиҳад, кофир асту дӯзахӣ. Думравакони болшевикон мегӯянд, ки хонаю дари обод дорӣ, маълум мешавад, ки муштамзӯрӣ — пеш даро, ҷоят зиндон. Пас дар ин ватан чӣ гуна зием? Дар ҷавонӣ тагу боло давидему касб омӯхтем, ки рӯз мебинем, имрӯз касб душмани ҷон шудааст. Дар ягон давру замон ин корҳо набуд.
«Ҳоле, ки дорем, ин мард хуб фаҳмонд, — фикр кард Мансур. — Вале вай намедонад, ки ман ҳам рӯзи ӯро дорам.»
Марди лоғарандоми салладоре, ки кӯтоҳ-кӯтоҳ месулфид, ба оҳанге, ки шикоят мекард, ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд:
- Мани бетолеъ дувоздаҳ сол санг таги сар монда, мадраса хондам. Дар ин роҳ ҳатто рӯйи гарми падару модарро надидам. Калонҳои навбаромад мегӯянд, ки дувоздаҳ сол хонда бошӣ, дувоздаҳ сол дар Сибир ҷангалбурӣ мекунӣ. Ба ин ҳоле, ки дорам, ман куҷою ҷангалбурӣ куҷо? — мард оби дида кард.
- Муллоҷалол, ҳар кас дар ҷойи худ пошшо. Шумо набушед, мо маргу мурдаамонро чӣ гуна ӯҳда мекунем? — Дуредгар Муллоҷалолро дилбардорӣ кард.
- Рост, домулло, аҳо, агар дувоздаҳ сол ба Худо пуштигармӣ дошта бошед, албатта, подошашро хоҳед гирифт, — афзуд Мансур.
Сӯҳбати онҳоро овози гӯшхароши буз халалдор кард. Ҷавони чашмзарде дар паси хари пурбор бузи сафедро баста буд. Буз гоҳ тохта меравад, гоҳ худро кашол меандозад. Ҷавон ӯро тела додаю бо химча бо пойҳояш мезанад, вале буз бо тамоми овоз баъос зада, худро кашол меандозад. Ҷавон ӯро ҳардам бардошта тела мекунад. Пештар марди сиёҳчурдае чакман дар китф гови зарди синакалонро ҳай карда меравад. Гусола пойҳояшро монугир карда калавида меравад. Гов ҳар замон гарданашро гардонда овоз медиҳад, гусола сар бардошта қадам тез кардани мешавад вале боз мекалавад.
- Ҳой, мард, ҳамон ноубола бардошта рав гов аз пасат меравад, - маслиҳат дод домулло.
- То ҳол бардошта омадам, дигар мурат ки намебардорам, - гуфт мард.
Мансур ба писарбачаҳо зеҳн монда, аз дуредгар пурсид: - Инҳо писарҳои худатон?
- Дутояш аз худам, калонтараш аз ҷиянам. Падараш душман карданд. Модараш боз як кӯдак дорад. Инро ба мо ҳамроҳ кард. Ин ҷо касе нест, ки ӯро нигоҳубин кунад, - гуфт.
Аз дили Мансур гузашт, ки агар худашро зиндон мекарданд, Ҷовид ҳамин ҳолро дошт. Аз ин фикр дилаш таҳ кашид.
Онҳоро гурӯҳе, ки аспу аробаҳо доштанд: «Роҳ диҳед! Роҳ диҳед!» гуфта, пеш гузаштанд. Бори аробаҳо бо бандҳо бастаанд. Марде савлат карда, ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор