Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан«ҷамъияти атфол»-и шумоён рӯи об омад, Бухоро таги гапу таъна монд. Охири коратон ҳамин шуд, ки Бухоро зери пои аспи урусу нугайю тотор монд. Халқ хонасалот шуд. Ҳой, ними хонаи бухороӣро аскари сурх соҳиби кард. Не гӯед занҳошона ҳам соҳиби кард! Инро ба гардан мегиред?!
- Урус пештар гуфта буд ба амиратон, ки душмани инқилобро ба Бухоро роҳ надеҳ, вагарна...
- Гап ин хел не! Урусро шумоён пул дода овардед.
- Пул дода? Як гапҳо мезанед, ки дар бел намеистад!
- Ду сол пеш ба Колесов пул дода овардед, ин ҳам дурӯғ?
- Мо овардем Колесовро, аммо пул доданро нав мешунавам! Ин дурӯғҳоро аз куҷо шунидед?!
- Ин инқилоби самумро урус не, шумо овардед, ин ҳам дурӯғ?
- Ин ҳам дурӯғ! Шумо, муллоҳо, оламро бо чашми ақл нигоҳ мекунед ё тибқи одататон, дар ривояте омадааст, гуфтаю чашм пӯшида ҳар чӣ ба даҳон омад, мегӯед?
- Салоҳиддин, забонамро наҳоронед, ки...
- Хоронам чӣ?!
- Он ҷамъияти шумо ҷамъияти «атфол» не, ҷамъияти касофат шуд!
- Домулло зӯрӣ карданд-е! Зӯрӣ карданд! Ман қоил! - Қӯчибой, ки то ин дам ба даҳони кушода ба ҳарду менигарист, бо завқ хандиду чойникиро наздаш гирифта ва чой рехта ба Салоҳиддин дароз кард: - Домулло, чой гиред, даҳон тар кунед.
- Инҳоро гӯш кунед, зиқии дилатон мебарояд, - Абдуллохон ба рӯи Мансур синчакорона назар дӯхт. - Ҳарду аз гузари Мирдӯстими Бухоро. Инҳо ҳам Афғонистон равону ман барин дил накарда истодаанд.
- Ба ман ҳам чой резед, - гуфт Қосимбек ин дафъа оромона ва афзуд: - Домулло, урус Бухороро бе мо ҳам рӯзе мегирифт.
- Э, шумо боз сар кардед?!
- Дар ҷанги Бойсун шумо набудед, ман будам, - Қосимбек бо оҳанги таъкид ба суханаш идома дод: - Сардастаҳои амиратон аз паси кӯшун истода, «Ҳой пеш даро! Пештар рав!» мегӯянд-ду худ аз паси кӯшун паноҳ шуда мераванд. Сардастаҳои аскари сурх бошанд, дар пеши лашкар истода ҷанг мекунанд.
- Охир вайҳо таълими ҳарб хондагӣ. Медонанд, ки ба куҷоҳо чапгалат дода гузаранд, ки тир нарасад.
- Ин сафсатаҳоро як тараф монед, ман дигар чиз гуфтагӣ. Урус сардастааш пеш-пеш меравад... Ба фарзандаш ҳам мегӯяд, ки, чӯра, хизмати ватанро ба хубӣ анҷом бидеҳ. Дар онҳо шаҳди ватанпарварӣ аз бобо ба падар, аз падар ба фарзанд меояд.
- Дар мо ҳам...
- Дар шумо ҳеҷ бало нест. Писари амиру вазиру раисатон хизмат мекард? Намекард. На шумо, на ман, на каси дигар намегузорем, ки фарзандамон ба армия равад. Пас ватанамонро кӣ ҳимоят мекунад? Кӣ кори ҳарб ёд мегирад? Киро қаҳрамон гӯем? Яъне камбудии мо бисёр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор