Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

даромада аз хурсандӣ гиря кардам. Ба ҳамдигар дил бастаю номзад шуда, ҳамин ду сухана гуфтему шунидем. Дигар мо ҳамдигарро намебинем, намебинем, намебинем! Ин чӣ бедодӣ?! Чӣ ноҳақӣ?! Чӣ ноумедӣ?! Ин чӣ гуна дунё?! Чӣ гуна зулм?! Чӣ гуна ситам?! Овозаш гирифта бошад ҳам, мегуфту мегуфт: «Ту зиндагиам будӣ, ситораи саҳарам будӣ, суруди дилам будӣ, ишқи ҷовидонам будӣ акнун чӣ монд? На хурсандӣ, на умед, на роз, на рӯшанӣ...»
– Ӯро баред, бачай бечора месӯзад!» – овоз дод кадоме ва Меҳрубонро ду нафар кашон-кашон ба хонаи дигар бурданд.

Модар пеш аз субҳ ба хонаи хоб гузашта, либоси сиёҳ пӯшид. Дар паҳлӯи пайкари писар ду рақъат намоз хонд. Сипас рӯйи Баҳодурро кушода, бо оҳанге, ки аллакай ба тақдир тан додааст, бо овози шунаво калимаҳоро шумурда гуфт: «Баҳодурҷонам, мадорам, ифтихорам, офтоби дилам...» – Ва боз худро бой дод ва дасташро ба рӯйи дил гузошта чашмонашро пӯшид. Ҷисми дар як шаб лоғар шудааш чун ҷомаи дар шохи дарахт овехта алвонҷ мехӯрад. Дақиқае чанд гузашту бо дастони ларзон абрӯ ва мӯйҳои синою азизи сари писарро молиш дода, боз ба нола даромад: «Ҳанӯз дар ин олам набудӣ, ки шабҳо дар хобам медаромадӣ. Аз ҳар ҷунбишу ҳар овозатон чун аз паёми осмонӣ дар изтиробу ифтихор мешудам». Ӯ дақиқае сокит шуду пас бо оҳанги дигар илова кард: «Ба тақдири додаи Худованд шукр мекунам, Баҳодурҷонам. Модари аз роҳ афтодаат аз ту розист. Ба ҳар қатраи шири додам розӣ ҳастам. Ба шабҳое, ки сари гаҳвораат хестам, розӣ ҳастам, бачаҷонам! Бачаҷонам! Бачаҷонам!» Ва бо дастони ларзон рӯяшро молиш дода бо оҳанге, ки гӯйӣ таъкид мекарда бошад, илова кард: «Ман аз пасат равонам, ҷони модар...»

Мансур дар шоми боронӣ аз партгоҳе, ки хоку реғаш лой шудааст, ҳар лаҳза ғечидаю ҷонсарак хеста поён метозад, то ки аз тири таъқибгарон ҳарчи дуртар равад. Дар он ҷарии махуф ҳар гуна хору буттаҳои ба ҳам печида аз рӯбарӯ меоянд. Вале вай ба зӯриву ситез онҳоро дарондаю ду тараф карда пеш меравад. Баъзе буттаҳои порсола мисли сим сахтанд. Ва рӯю гарданаш бармехӯранду онҳоро бо ғазабу силтави бештар меканад. Аз ақибаш сангҳо мегеланданд, аз вай пеш парида мераванд, парво надорад. Муҳимаш, аз дасти аскари сурх халос хӯрд. Баъде ки тирпаронӣ хомӯш гашту пай бурд, ки аз таъқибгарон раҳо ёфт, пичиррос зад: «Акнун торик шуд!» Фикр кард, ки дар торикӣ аз пасаш намеоянд. Ва лаҳзае дар ҷояш орамида гӯш дод. Не, ба ғайр аз шибир-шибири борон фуромадани обу лой дар ҷарӣ ва дар куҷое овози ғелидани санг, дигар садо нест, боз роҳашро давом дод. Ва ҳис кард, ки дасту панҷаҳои хору хас ғӯтидааш гӯё ки дар оташ монда бошанд, сӯзиш доранд. Зонуи пойи росташ ҳам дард дорад. Аз тарафи рост камаре ба чашмаш намуд. Сангу буттаҳоро дошта, худро он ҷо гирифт. Садои задани дилашро равшан мешунид. Калӯшҳо аз пояш баромада афтидаанд. Маҳсию пайтобахову шимаш тар шудаанд. Воқеаи гузаштаро пеши назар овард. Ҳангоме ки дар саҳни ҳаммом дастуяшро баста, ба замин хобонданд, борон бо шиддат меборид. Он ҷо нӯҳ нафар буданд. Аз

пешина
аз 613
навбатӣ