Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳама пас Файзмуҳаммади кассобро ҳамроҳи писараш Нурмуҳаммад ва Нуралии оқсоқолро оварда, барои замини лой рӯ ба замин хобонданд. Нуралӣ таги як куртаи сафед буд. Назди дар як сарбози лоғарандом ва Остон - писарамаки Нуралӣ посбонӣ доштанд. Остон аксар вақт чакмане пӯшида мегашт, ки аз он бӯйе бад меомад. Ҳоло яқтаҳи алоча пӯшидаю ҷакон менамояд. Ӯ ҳар вақт назди сарбоз рафта чизе мегӯяд. Сарбози муғулсимо, ки тоҷикиро намефаҳмад, ба ӯ эътибор намедиҳад ва зуд-зуд берун рафтаю баъзан дер мекунад. Он ҷо Обид ҳам буд. Дар дасташ камон. Чунон қадам мезад, ки гӯё зери пояш замин меларзад.

Байни Файзмуҳаммаду писараш гап-гап шуд. Овози Файзмуҳаммад гиряолуд. Яқин ҳоли писарашро дида гиря мекунад. Дар паси онҳо Мирзоумеду Олимбой бо чашмони калон кушода рӯ ба замин хобанд. Гӯё аз он чӣ ки рӯй медиҳад, ҳайронанд. Он тараф Маҳмуди мисгар, мисле ки бепарво дароз кашидааст.

Аз сару гардани Мансур об шорида ба замин мерехт. Чомааш кайҳо машки об. Як-як ба димогаш бӯйи хок меояд. Агар шамол шавад, бӯйи лойқа меорад. Фикр мекунад, ки наҳод охири кор бошад? Ба Бибигул мушкил мешавад... Сӯи Баҳодур нигарист, пешониаш дар замини лой, чашмонаш боз. Қатраҳои об аз сару гарданаш метаровад. Аз гӯштбачаи гӯшаш тез-тез об мечакад. Ҳар дам шонаҳояшро ғунча мекунад. Қалмиқнусха чанд маротиба ба пушташ зада буд. Яқин он ҷойҳо дард карда оромаш намегузоранд. Ба ҳоли писар дилаш об шуд. Дар бораи чӣ фикр мекарда бошад? Дар бораи маҳбубааш? Ҷавониаш, ояндааш чӣ мешавад? Дар ин синну сол одам чӣ қадар орзу дорад? Мисли замини донкорида, ки пешаш сар задааст. Хост ба гапаш гирад. Аз фикраш гашт. Озорашро зиёд мекунад у бас.

– Остонбой, оби тағи мо омадаро мегардондӣ, – овози Нуралӣ баромад.
– Обро ман сар надодаам! Оби худодод, меистад, – иддао кард Остон.
Нуралӣ, ки дастонаш баста буданд, ба паҳлӯ тоб хӯрда, сари зону хест.
– Остонбой, мо хешу таборем, пагоҳиҳо меомадед, ҳамроҳ чой менӯшидем, фаромӯш кардед? – Ҳарчӣ дӯстона гуфт Нуралӣ. – Як нигоҳ кунед, мо дар рӯйи об. Андаке бел занед, об он тараф меравад.
– Барои ин корҳо ба ман муроҷиат накунед. Ман бе иҷозати командир ин корро намекунам.

Ин дам Анвар, писари Нуралӣ, ҷавони наҳҳати қадбаланд, ки соли гузашта зан гирифта буд, хост дарояд, ки посбони дар бо мили камон телааш дода берун кард.

Мансур аз муносибати писарамакҳо ҳайрон буд. Вай шунида буд, ки бобои онҳо сил-панҷоҳ сол пеш дар шаҳр бо кадом хешаш ҷанг кардаю қаҳр шуда, ба ин деҳа кӯчида омада будааст. Падари Нуралӣ дар миёнсолӣ вафот мекунад. Бори рӯзгор ба гардани Нуралӣ меафтад. Ӯ Ҷиззах рафтаю дар-дари бойе чӯпонӣ мекунад. Пас ҳарду додарро мебараду ҳамакаса меҳнат карда дар бадали даҳ-дувоздаҳ сол худашон ҳам як қӯтан мол мекунанд. Омада заминҳои поёнро, ки дашти сурхӣ мегуфтанд, обод карда об мебароранд. Ҳоло онҳо заминҳои пеши деҳаанд. Додарҳоро зан додаю соҳиби хонаю дар мекунад. Аз Самарқанд усто оварда, меҳмонхонаи номӣ мепӯшонад. Мардум кордонии Нуралиро дида, ду сол пеш ба ҷойи Олимбой, ки пир шуда буд

пешина
аз 613
навбатӣ