Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Чаро аз Масков раис меовардаанд! — гуфт Низом-махдум. — Ҳама дастбакорону донишмандонро берунвилоят карданду акнун кордонҳои худашона меовардаанд! Ин нағмаю усула бин!
— Инҳо ба дастбакорҳои мо хуш надоранд.
— Гуфтед, ки ду амалашон мардумро дилмонда кард, — ёдрас шуд Низом-махдум.
— Дувумаш бефаранҷӣ кардани занҳо. Талабашон ҳамин, ки бояд занону духтарон бо рӯйи кушода кору зиндагӣ кунанд. Зану мард дар саҳроҳои колхоз якҷо кор кунанд.
— Занҳои мардума маҳалли тамошо мекунанд. — Низом-махдум ришханд кард. — Мисле ки дар балҳо ва маъракаҳои худашон якҷоя рақсу бозӣ кардаю абрӯпаронӣ мекунанд.
— Чашмҳошон кӯр шавад, илоҳо. Ба занҳо корашон чӣ? – Ҳабиба дастархон партофта назди дар рост истоду илова кард: — Кадом зан дар паҳлуи марди бегона дарав кардааст, ё канал мекофтааст? Чашми марди номаҳрам ба баданаш афтад, ҳарду дунёш месӯзад.
— Марди баҳайсият ба ин роҳ намедиҳад, — афзуд Низом-махдум.
— Ин корҳо ба ман маъқул, — Шарифҷон хандид. — Духтару бачаҳо ҳам якҷо мехонанд?
— Бале, Ҷовиди мо мегӯяд, ки дар ҳар парта як духтару як писар менишинанд.
— Чашмаки ман, чашмаки ту карда мешинем! — Шарифҷон ба завқ хандид.
Садаф аз суханони бародар шарм кардаю гӯшаи дастархонро қат кардаю наздиктари модараш ғечид.
— Чӣ рӯзе ба сари духтарон оварданд, — гуфт Ҳабиба. — Духтаре, ки бад-ин тарзу тадбир касби таҳсил кунад, магар роҳи туро мепӯяд? Дарди сарат мешавад.
Низом-махдум ба занаш нигариста гуфт:
— Дувоздаҳ сол пеш, дар аввали фаъолиятамон, мо ба масъалаи якҷо ё ҷудо хондани духтарому писарон баҳс мекардем, бештари рафиқон зидди якҷоя хондан буданд. Фақат Фитрату боз ду нафар тарафдорӣ мекарданд. Мегуфтанд, ки дар ҳама мамлакатҳои Урупо ин кор маъмул аст. Ин ҷо ҳам мардум оҳиста-оҳиста одат мекунанд.
— Бухороиҳо беҳуда намегуфтаанд, ки ин балоҳоро ба сарашон ҷадидҳо оварданд! — Ҳабиба бо итоб ба шавҳараш нигарист. — Аз он ҷамъияти ҷадиди шумо ин балою бадтар паҳн шуд.
— Ҳамин сухани ҷадидҳо фалону бисмадонро нагӯй дигар! Ба ман сахт мерасад! — Ситезманд шуд Низом-махдум.
— Бале, ҳақиқат сахт мерасад! — Ҳабиба бо шавҳараш итоб кард. — Шумо мехоҳед, намехоҳед, ҷадидҳо хори дидаи мардум шуданд.
— Ҷадидҳо мехостанд, ки ҳаёти дилбаншудаи мардуми Бухороя...
— Додош, дар пеши поятон мурам, дигар номи ҳамон ислоҳотро ба даҳон нагиред. — Ҳабиба нагузошт, ки шавҳар суханашро гӯяд. — Ҳамаи он хориҳое, ки мо, фалакзадаҳо, дар дару буми афғон дорем, аз наҳсии ҳамон ислоҳотталабии шумоён аст.
— Рост, дигар номаша намегирам, — гуфт Низом-махдум сулҳҷӯёна.

пешина
аз 613
навбатӣ