Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Ҳозир мехезам. – Ҳабиба бо накӯҳиш ҷониби шавҳараш нигарист. – Гапзании ман ба шумо маъқул нест! – Палов мепазам, зирбак ҷӯшад, биринҷро меандозам.
– Лекин инашро ҳам бояд гӯям, ки ободониҳои ба худашон маъқулро мекунанд, – гуфт Мансур. – Корхонаҳо месозанд, роҳҳоро обод мекунанд, бештар ба мактабу маориф эътибор медиҳанд. Аз сабабе, ки дар тарафҳои Вахшу Қурғонтеппа, ин тараф Кӯлобу Балҷувон аз се ҳиссаи аҳолӣ ду ҳиссааш ба ин сӯ омадааст, аз тарафҳои Хуҷанду Фарғона одамҳоро муҳоҷир карда ба ҷойи онҳо меоварданд. Дар ин тарафҳо одам ҷамъ карда, пахтакорӣ ба роҳ мемондаанд.
– Гуфтам – ку, барои онҳо одам даркор аст! – Шарифҷон ғолибона ба падараш нигарист. – Мо ҳам рафта пахтакор мешавем. Ватанамонро обод мекунем.
– Пас, сабаб чист, ки ин омад-омади фирориҳо кам намешавад? – пурсид Низом-махдум. – Ҳатто ҳамон оилаҳое, ки аз Конибодому Фарғонаю дигар ҷойҳо муҳоҷир карда ба водии Вахш меоварданд, гурехта меоянд. Мо ин ҷо дар сари роҳ, ки ҳастем, каси омадаро мепурсем: «аз кадом шаҳр омадед?» Бовар мекунед, дар як соли охир омадани мардум бештар шудааст. Вақтҳои охир афғонҳо норизой доранд, ки дашту даманашона гуреза зер кардааст. Рост мегӯянд.
– Бале, як қисми онҳо ҳам мегурезанд, – розӣ шуд Мансур. – Ду амали болшевикон мардумро сахт дилмонда кард. Якум, ҳамон колхози гуфтаам. – Мансур боз чорзону шишта афзуд: – Нақли ошноятон Нуриддини Ғиждувониро мегӯям, он тарафашро худатон мефаҳмед.
– Нуриддини дидед? Хуб, чӣ мегӯяд?
– Аз Бухоро баромада роҳи гузар ба хонааш даромадам. Хостам бинам, ки баъди он талотумҳою мардумгурезиҳои пеш рӯйдода деҳа ба худ омадааст ё не? Бовар мекунед, аз пештара бадтар шудааст ва беҳтар не. Аз чордах нафар ҷавоноҳи ҳамроҳи амир рафта ду нафар омадаю аз тарс боз ба куҷое ғайб задаанд. Аз ҷавонҳои ба дастаи Абдуқодир ҳамроҳ шуда касе барнагаштааст. Вай ҳам гуфт, ки калонсолони мо аз сохти колхозӣ сахт дилозурдаанд. Аз тағи дил меҳнат намекунанд. «Зан ду шуд, кайвонӣ гум шуд» гуфтагӣ барин, моли мардума гирифтанд, лекин дуруст нигоҳубин намекунанд. Барзаговҳои ҷуфтӣ зӯри ҷуфд кардан надоранд. Мардум, ки аз тағи дил меҳнат намекунанд, зироаташон дуруст намешавад. Ва як воқеаи соли гузаштаро, ки латифа кардаанд, нақл кард.
Султонбой ном марде ба аёдати рафиқи бемораш меравад. «Ҳамин колхоз маро аз по афтонд», мегӯяд бемор. Султонбой ба тавраш ӯро тасалло медиҳад: «Ошно, ин колхоз фақат туро не, ҳамаро бемор кардааст. Агар пештар мурдию ба он дунё рафтӣ, хабар бар, ки «ҳой, мардуми хуштолеъе ки пештар ин ҷо расидед, дар он олами парешон, колхозӣ гуфтани махлуқ азимҷусса баромадааст, ҳамаро балъида тамом кард».
– Колхозашон пешрав нашавад, боз сохти пештараро барқарор мекардагистанд, – гуфт Низом махдум.
– Не-е! Колхозро барҳам намедиҳанд, – гуфт Мансур. – Гап-гап кардаанд, ки раисҳоро аз тарафҳои Қазону Маскав меовардаанд. Онҳо кори колхозро ба роҳ монда метавонистаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор