Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
— Инҳо набуданд, деҳа ором буд, — афзуд Низом-махдум. — Исмат се сол ҳамроҳи лашкари Иброҳимбек будааст. Рӯзҳои аввали омаданаш, ба Қундуз рафта дар маъракаҳо гӯштингирӣ мекард. Яқин кораш омад накард, ки гӯштингириро бас кард.
Мансур ҷониби хонаи Исмат нигарист: Полвон ду хоначаю як ҳавлии майда дорад. Аз мӯрии хонаи назди дарвоза дуди сафед баромада ҳалқа-ҳалқа шуда нопадид мешавад. Тамасмхур карда гуфт:
— Иброҳимбек гуфтеду ба хотирам омад; дар сарҳад аз одамони равуо мекарда шунидам, ки гӯё ӯ аз назди Олимхон баргаштаю дар Хонобод ҷойгузин шудааст. Ва байни халқи афғон бисёр обрӯманд будааст.
— Рост, бисёр обрӯманд, — Низом-махдум ба мусоҳибаш нигарист. — Яқин, шумо ҳам медонед, соли гузашта ва аввали ҳамин зимистон чор ҳазор аскараш гузашт. Қисме дар Бомиёну Бадахшон, қисме дар Қатағану атрофи Қундуз ҷойгузин шуданд. Баъдтар бо сесад нафар наздикон худаш омад. Пиру муллоҳои атрофаш овозаю дарвозаро ба осмони ҳафтум бардоштанд: «Иброҳимбек — марди муборизи роҳи ислом, ҳафт сол бар зидди аскари сурх муҳрибаю муқотала кардааст. Марди ғозӣ будааст. Дар шонаи чапаш пайи панҷаи Хизр аст. Сад камон сӯяш паронед ҳам, тирҳо аз чакманаш он тараф намегузаштанд. Пас аз ҷанг чакманро меафшондаст, гирду пешаш хирмани тир мешудааст.»
Мансур хандида гуфт: — Муллоҳо ба чунин варсоқияшон эшон Султони Дарвоз ва дигар сардастаҳоро низ тавсиф мекарданд. Лекин чӣ шуд, ки баъд аз як сол ё ду сол тир ҳамаро сӯрох карда ҷонҳояшро рабуд. На панҷа ёрӣ карду на тумору бозубанд. Ва мардуми кӯру нодонои мо ин овозаҳоро шунидаю ошиқи шайрои «ғозӣ» мешавад.
Низом-махдум ба тасдиқ сар ҷунбонду ба суханаш идома дод:
— Ин овозаҳоро шунида раисону ҳокимони Қатағану Қундуз, Бадахшону Толикон Иброҳимро талаб-талаб кардаю ҷомаю салла пӯшонданд. Баъзе дороҳо аспу уштуру ким-чиҳоҳ тӯҳфа карданд. Амир Олимхон ба пешвозаш одам фиристодаю бурда сарони шаҳри Кобул ва подшоҳ Амонуллоҳонро даъват карда, зиёфати шоҳона меорояд. Ва он ҷо хуб таърифу тавсиф кардаю чунин унвонҳо тақдим мекунад: «Муҳаммадиброҳимбеки девонбегӣ (генерал), тӯпчибошӣ, ғозии лашкари мусулмон, пешвои лақайҳо. Ва аз ҳисоби худаш 2500 рупия нафақа таъйин мекунад.
— Гап-гап буд, ки минбаъд дар Қалъаи Фату назди Олимхон мемонад. Вале чӣ шуд, ки зиёд наистода омад.
— Дурӯғу росте, ки буд, гуфта шуданд. Дигар инҳоро чӣ медорад? Дид, ки сӯҳбаташон гарм намешавад, хеста омад. Ҳоло дар Хонобод хона мепӯшидааст.
— Аз он тараф гум шудагиш хуб суд, — Мансур ба деҳаи навбунёд нигоҳ кард ва дар фикраш омад, ки ин ҷо ҳам мисли деҳаҳои кӯҳистони худамон шудааст. Хонаҳои гилини пастак ва ба ҳам часпида. Шоҳу шиппаҳои бомҳо овезон. Баъзе ба ҷойи дар шолча овехтаанд. Аксари дудбароҳои хонаҳо ҷониби сой. Баъзеҳо дар назди хона барои молашон шоҳбаст кардаанд. Байни шоҳбастҳо ҳарҳо дар хок ғел мезананд, баъзе мояш байни пой овезон ҳангос задаю дигареро сурорус доранд. Дар пайраҳои он сӯйи деҳа ҷавонҳо ҳарҳоро пешандоз карда, ҷониби

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор