Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

кӯҳ мераванд. Инҳо ҳезум кардаю шаҳр бурда мефурӯшанд. Низом-махдум гуфт, ки ҳар кадоме дар шаҳр харидор дорад: бойҳо, тоҷирон, нонвой ва ғайра.
Писарбачаҳою занҳо аз оғилҳо бузу гӯсфандҳоро берун карда, ба рама ҳамроҳ мекунанд. Писаракону духтаракон Аксар пойлуч. Куртаҳои тик ё чити дароз доранд. Ин гуна матоъҳо ҳоло дар дӯконҳои назди соҳили шӯравӣ бисёр шудаю арзон ҳам ҳастанд. Дар назди баъзе ҳавлиҳо боғ кардаанд. Дарахтояшон ба гул омадаанд. Дар теппаи он сӯйи сой қабристон намоён. Он ҷо назди қабре ду нафар ҷунбуҷӯл доранд. Марде аз кӯчаи поёни хонаҳо гузашта хабар дод:
«Акаи Низом-махдум, меҳмонро гирифта ба тӯйи амаки Давлат марҳамат кунед, писар зан медиҳанд!» Офарин, хабари тӯй хурсандат мекунад. Зиндагӣ бо ҳама бешу камаш чун хачири пурбор ғалтидаю хеста қадам мезанад.

  • Шумо дар Балх бисёр меистед? - пурсид Низом-махдум.
  • Он ҷо як ҳамшаҳрамон ҳаст, шайх Аҳмад мегӯянд. Он касро дида, пас мегардам. Хабар медиҳам, шумо ҳам ба Қундуз меоед. Хонапӯширо шурӯъ мекунем.

Дар Найзаварон ба омадани комиссия тайёрӣ медиданд. Кори ҷинояти Нуралии гуреза, Тӯйчии бойшуда ва Амини домоди Мавлонбойро, ки се моҳ боз дар маҳбас буд, тафтиш карда душман эълон мекунанд. Аминро барои барзаговҳояшро фурӯхтанаш, дар байни одамон “ба колхоз ҳамроҳ нашавед,” гуфта ташвиқ бурданаш ва боз ким-чӣ гуноҳҳое, ки ба гарданаш бор кардаанд. Ва боз панҷ нафар аз деҳаҳои атроф низ будаанд, ки кори ҷиноятиашонро бояд бибинанд. Ин хабарҳоро раис Сангов аз марказ овард.
Идораҳои колхози ба номи Аскари Сурх дар масҷиди гузари Ҳайдарбё буданд. Як сол зиёд шудааст, ки идораҳо ба ҳавлии Олимбой кӯчонидаанд. Ба идораҳо ҳамин ҳавлии серҳуҷра мувофиқ омадааст. Ду рӯз шудааст, ки ба пешвози комиссия атрофи идора ва кӯчаҳоро тоза мекунанд.
Мудири хоҷагӣ Остон бо дастури Сангов аз рама гӯсфанд оварда, пӯст пора намуда, кабоб тайёр кард. Тош аз деҳаи Обканда арақ овардаю ба раис гуфт: “Пул камӣ кард, мувофиқи фармудаатон баъдтар бо гӯсфанд баробар мекунем!” гуфта, ду пояи хӯрчинро пур карда овардам.

  • Молодес! — Раис хурсанд шуд.
    Вале комиссия он рӯз наомад. Аз ноҳия хабар доданд, ки комиссия рӯзи душанбеи оянда меояд.
    Рӯзи дигар Нуралӣ баъд аз намози пешин писари хурдиаш Ҳумоюнро ҳамроҳ гирифта ба хонаи Олимбой даромад. Бо Олимбой якҷо шину хез мекардаю хост бибинад, ки занаш Бибизӯҳро бе шавҳар чӣ ҳол дорад. Писараш Толибҷон ба шаҳр рафта, бо чӣ кор машғул шудааст.
    Хонаҳои кунгурадори Олимбой аз дур намоёнанд. Ба зани Олимбой ду хона дар канор будаю як қисми ҳавлиро ҷудо карда додаанд. Зан он ҷо бо духтари хурдӣ зиндагӣ мекунад. Ба фикри Нуралӣ омад, ки дер ё зуд ин аҳвол ба сари вай ҳам меояд. Хонаҳои навпӯшидаашро мегиранду вайро ба хонаҳои кӯҳна
пешина
аз 613
навбатӣ