Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
қадар медодаанд) баргардаду ҳамроҳи мардум озодона кору зиндагӣ кунад. Лекин чун ба саҳни клуби деҳи Обканда даромаданд, аз он фикру андеҳаҳо осоре дар сараш намонд. Боз мисли рӯзҳои аввал ба ҷисму ҷонаш тарс афтиду ҳамон саволҳо ба сараш омаданд. Охир ба кадом сабаб ман душман будаам? Ба касе болою поин нагуфта бошам. Ин молу холе, ки ёфтам, аз меҳнати ҳалол аст-ку. Дар пеши чашмашон кардам. Ҳамаашро гирифтанд, майлаш. Чаро мумкин набудааст, ки ҳамроҳи онҳо кор кунам? Деҳқонию молдорие, ки ман карда метавонам, ягонтай инҳо карда наметавонанд. Ва инро ҳамаашон медонанд...
Дар даромади саҳн бо ҳуруфоти форсию лотинӣ шиорҳо овезонанд. “Нест бод кулак!” “Нест бод душмани давлати ҷонҷони Шӯравӣ!” Худи ҳамин шиорҳо Нуралиро рӯҳану ҷисман афсурдагон афгор карданду. Ба назараш чунин менамуд, ки ҳар ҳарфи ин навиштаҳо бар зидди ӯ равона шудааст, то ки хонаду фаҳмад ва ҷон аз дасту пойҳояш барояд. Саҳниро гузашта дид, ки дари толор кушода аст. Он ҷо касе чунбуҷӯл дорад. Мизи калонеро бо алвони сурхи оҳарӣ пӯшонидаанд. Дар атрофи саҳн одамони аз деҳаҳо омада дар сояҳои дарахтон гурӯҳ-гурӯҳ истода суҳбат доранд. Чоштгоҳи калон шуда, вақти гармии ҳаво буд. Дар кунҷе Одина ва Қодир нишастаанд. Аз ин касофатҳо некӣ намебарояд. Инҳоро барои чӣ оварда бошанд? Шояд барои шоҳид гузаштан. То гӯянд, ки Нуралӣ бой аст. Мо фалон корҳояшро мекардем. Ҳоло бо чунин бухтонҳо “душман”ҳоро нест мекунанд. Нуралӣ аввалин маротиба дар назди обу хоки ватан, дар назди ҳамдиёрон худро бегона ҳис кард. Аз оламу одам дилмонда шуд. Ӯ рӯймоли миёнашро кушода арақи сару рӯйяшро пок кард.
Бо ишораи Мирзошариф ба ҷои соя рафтанд. Ба назди онҳо зан ва ҳарду писарони Тӯйчӣ омаданд. Онҳо гуфтанд, ки як солу ҳашт моҳ мешавад, ки падарашон дар маҳбаси ноҳия аст. Писари калониаш Комрон ҷавони бисту сесолаи қадаш калта, чашмони калон дорад. Бо овози шунаво гуфт, ки падарашро бой кардагӣ Холи қатрон. Аз рӯе, ки писандаш намекард, бой кард. Ман ин корро ҳамту намемонам. Як хеши шаҳриямон дар милиса кор мекунад. Ӯро оварда падарама сафед мекунам.
Зани Тӯйчӣ сӯи писараш шиддат кард: “оҳиста гап зан, ин ҷо ҳаргуна одамон ҳастанд”. Аммо Комрон ором намешуд. Бо оҳанги пештара ҳавои даҳан мекард: — Ман аз касе наметарсам! Баланд мегӯям, ки ҳама фаҳманд! Гулом ё саис надошт падари ман. Ду дукона бо дасти худаш сохт падари ман! Хонаашро ҳам худаш сохт падарам...
Нуралӣ дасти Анварро гирифту оҳиста қадам зада дуртар бурда, бештар ҷониби Мирзошариф нигариста гуфт: — Анвар, писарам, дар тақдирам ин рӯз будааст. Шаш-ҳафт сол ҳеҷ гап нест. Шумо ба ин фирқашудаҳо пасту баланд нагӯед. Замони инҳо шуд. “Хубу хош, ҷон халос” гӯеду гарбед.
— Ҳоло ҳеҷ гап нест, номи Сибирро нагиред, — гуфт Мирзошариф.
Дар саҳн то рафт одамон зиёд мешуданд. Аз деҳаи Обканда одам бисёр омадааст. Аз деҳаи Яккачинор ҳам ҳаст. Чашми Нуралӣ ба Мусофири Малик, раиси деҳаи Обканда, афтод. Нуралӣ баъди гуреза шуданаш шунида буд, ки Мусофир ҳангоми дар Самарқанд мардикорӣ карданаш узви фирқа шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор