Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Баъди инқилоб дар деҳаашон раис интихоб кардаанд. Колхозашон номи Катовскийро гирифтааст.

Сангов аз куҷое пайдо шуда, ҷониби Қодир гуфт:

  • Шумо дар берун мешинед. Лозим шуд даъват мекунем. Пас Нуралиро саросема кард: - Дароед! Зуд дароед! Кори шуморо дар навбати дуюм мебинанд.

Вай имрӯз гимнастёрка пӯшидаю тасма баста худашро мисли аскари сурх рост кардааст.

Нуралӣ назди дар интизор шуда, бо ғазабу нафрати ошкоро ба чашмони Сангов нигариста, лабханд карду гуфт:

  • Ту то маро зиндон накунӣ, ором намегирӣ.

  • Туя давлати Шӯро зиндон мекунад, - ғуррид Сангов.

Нуралӣ назди остона Исмати оҳангарро дид. Ӯ ҷомаро печонда таги каш гирифтааст. Онҳо шиносанд. Ба хонаи ҳамдигар равуо доштанд. Вайро барои он ки ким-кадом узви фирқаро дашном додааст, суд мекардаанд. Пеш аз инқилоб муллоро дашном медодӣ, дини исломро дашном додӣ, гуфта зиндон мекарданд. Исмат Нуралиро андӯҳгин диду ба овози баланд чунин суханҳо гуфт:

  • Ошно, гусфанди нар барои корд, гуфтаанд. Таваккал гуфтаю рубарӯйи ин бахилҳо рафтан мегирем. Боғи бахил гул кунад ҳам, ғӯра намегирад.

Онсӯтар писари Тӯйчӣ бо овози баланд кадомеро пӯписа мекард. «Худи пагоҳ хешамона ба сарат меорам» мегуфт.

Комиссия соати ёздаҳ ба кор шурӯъ кард. Нуралӣ гумон дошт, ки сардори комиссия рус аст. Аммо дид, ки сардор марди миёнсин ва кушодарӯи таҳҷоист.

Корро аз Исмат шурӯъ карданд. Вақте ки парвандаи ҷиноияшро хонданд, бепарво ба овози баланд гуфт: “Медонистам, ки ба ман ҳашт сол медиҳед”. Нуралӣ мушоҳида кард, ки чашмони Исмат пури яъсу андӯҳанду ба зӯри ирода худро бепарво вонамуд мекунад. Ӯ низ қарор дод, ки дар назди дӯсту душман бояд худро мардона дорад.

Дар кори Нуралӣ баҳсу талош зиёд шуд. Сангов хеста хабар дод, ки ӯ яке аз бойҳои калони деҳа аст. Ҳангоми доштан фирор карда то ҳол гуреза буд. Баъд, ки зӯраш меояд, баргашта ду ҳафта дар каҳдонаш мисли муш пинҳон шудааст. Берӯиро бинед, ки бе иҷозату бе хабар, ба замини колхоз гандумдарав омадааст. Ӯ боз як далели дигар ҳам овард; Мирзошарифро, ки дар паҳлуи Нуралӣ менишаст, аз пояш хезонда афзуд: -Нуралӣ дирӯз ба ҳамин чиянаш як халта гандум додааст, ки ба хонаи ман бурда диҳад, то ки ӯро бой нагӯям.

Нуралӣ дар аввал гумон кард, ки Сангов ӯро тӯҳмат мекунад. Вале Мирзошариф изтиробзада шуда гуфт:

  • Рафиқон, ин тӯҳмата бинед. Худаш фармуд, ки барои заминҳои Сурхӣ тухмӣ диҳам! Ба ҳар бор карда коргоҳаш бурдам. Посбон гуфт, ки ин ҷо муш бисёр, хонааш баред. Харро пас гардонда, ба хонааш бурдам, кори шудагӣ ҳамин!

Нуралӣ аз таги масъала пай бурд. Мирзошариф гандумро ришва бурдааст. Корро осон мекунам гуфта, мушкил кардааст.

  • Раҷабов, котиби комсомол аз ҷой хезед:-Сардори ҳайъат Аминзода ба Ашӯр муроҷиат кард:- Ҳақиқатро гӯед Барзуев Нуралӣ бой аст?
пешина
аз 613
навбатӣ