Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

пеш ҳамин ҷиянаш Мирзошариф бо санг ба сари колхозчии камбағал задааст. Худаш хеста ба шумо мегӯяд.

Остон хеста аз рӯйи одат бо овози чирросии баланд гуфт:

– Мани камбағал дар меҳмонхонаи ин бой панҷоҳ рӯзи куфл китф луч карда сангу хок кашондам! Ҷиянаша худаш фармуд, ки маро бо санг занад! Ина суд накунем, корҳои бадашро кардан мегирад!

– Ту ки феъли бад дорӣ, ҳар рӯз сангу чӯб мехӯрӣ, – Мусофир ҷониби Остон истеҳзо карду ба суханаш идома дод: – Рафиқон, ман ҳам дирӯз аз ҳамин Мирзошариф ду чувол тухмӣ гирифтам. Мо фаҳмидем, ки имсол гандуми Мирзошариф хуб шудааст. Бубинед, рафиқон, ҳам тухмӣ диҳад, ҳам гиребонашру гирему тӯҳмат кунем. Ин кор магар ба шаъни мо, коммунистон, мезебад? Баъди ин магар мардум аз мо рӯ намегардонанд? – Мусофир ҷониби сардори комиссия гашт. – Рафиқ Аминзода, суханони дар аввали сол гуфтаатон ҳоло ҳам аз гӯши аъзоёни колхози мо нарафтаанд. Гуфта будед, ки “дар оғози инқилоб мо ба чаправиҳо роҳ додем. Дар баробари бойҳо деҳқонҳои дастбакори озодаро аз худамон дур кардем”. Нуралӣ аз ҳамон гуна деҳқонҳои дастбакор аст. Ин гуна одамон сазовори дастгирианд на Сибир кардан.

Боз ду нафари аз деҳаи Обканда ва Яккачинор хеста тавсифи ҷавонмардии Нуралиро карданд.

Остон хеста чизе гуфтани шуд, ки Аминзода ба шиддат суханашро бурида гуфт:

– Фикри шумо маълум! Ин ҷо бозор нест, ки ҳар лаҳза хеста ҳай-ҳай кунед. Дар ҳақиқат як меҳмонхонаю ду асп ё сиву панҷоҳ таноб замин доштан меъёри дороиву сарватмандӣ ва душмани халқ будан нест. Гузаштаҳои мо хона кардану ба раҳгузару афтодане нон доданро ифтихор ва айни ҷавонмардӣ медонистанд. Маърифату мардумиамон дар чунин корҳо буд. Ин ҷо рӯшан шуд, ки Барзуев аз деҳқонҳост, ки ҳамдиёронаш ба ӯ эҳтиром доранд. Хоҳиш мекунам Барзуев ба колхоз шомил карда шавад. Ва ҷониби Нуралӣ гашт. – Барзуев, донед, ки минбаъд дар кори пешрафти колхозатон шумо низ масъулед.

– Албатта, дар колхоз кор мекунам, – Нуралӣ сабук аз ҷояш хест. – Ҳама буду шудамро ба колхоз медиҳам. Ӯ кӯшиш мекард, оби дидааш, ки чашмонашро пур карда буд нарезад.

Тӯйчиро аз маҳбаси ноҳия дертар оварданд. Дар якуним соли дар маҳбас буданаш рангаш зард ва лоғару рӯҳафтода шудааст. Ҳар замон месулфад. Овозаш ҳам намондааст. Бечора худро сафед карданӣ шуда, нафасаш ки мегирад, бо овози базӯр шунаво гуфт:

– Рафиқон, одамони диёрамон медонанд, ки ман камбағалам. Рӯзам, ки намегузашт ва ҳам барои он ки дури мардумро наздик кунам, ҳама буду шудамамро додаю як дӯкон сохтам. Ҳамаи аҳли хонаводаамон дар дӯкон кор мекардем, баъде ки каме пул пайдо кардам, дар паҳлӯяш боз дӯкон сохтаю хӯроквориро алоҳида кардам. Ман мехостам барои ҳар майда-чуйда шуда мардум кори колхозро партофта ба ҳар тараф нараванд.

– Дури мардумро наздик кунам гуфта, молҳоро аз мағозаҳои атроф оварда, ду-се маротиба қиммат мефурӯхт, – гуфт Остон. – Боз худатро мулло мегирӣ.

пешина
аз 613
навбатӣ