Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Сангов ҳангоми кишт надодани барзаговҳояшро ёдрас шуд, гуфт ки “рас Аминзода, заминҳои мо бекор монданду барзаговҳоша надод, ки ҷуфт куне
– Падари маро тӯҳмат накунед,-гуфт Комрон аз ҷояш хеста.- Вақте ки рои барзагов омаданд, падарам ба онҳо гуфтанд, ки вақти кишт гузашту ак меоед? - Яқин ин суханро касе ба ӯ ёд дода буд.
– Камбағал будаед, пас аз мағозаҳои давлат мола арзон гирифтаю овар ба колхозчи, ки берун рафта наметавонад, қимат фурӯхтаю бой шудед,-гу Аминзода.
– Дар давраҳо мегуфтааст, ки ҳоло дар деҳа бойи якум манам, -афзуд Санг
– Хеш нашуда мур!- Комрон ин сухана тарзе гуфт, ки одамони пеш бу нашуниданд.
Аминзода бо Тӯйчӣ зеҳн монда ситезмандона гуфт:
– Ин гуруснагие, ки дар кишвари мо ҳукмфармосту мо онро бартараф кар наметавонем, аз дасти шумо савдогарон аст. Аз пушти шумо барин муфтхӯр яки мо ду намешавад! Мо шумо барин унсурҳои бегонаро аз сари роҳамон д карда, пас давлати дилхоҳамонро месозем. Дӯконҳои шумо ба касе дарк нестанд! Давлат худаш дӯкон сохтаю молашро оварда мефурӯшад! Шумо, 1 таҷрибаи дӯконсозӣ доред, Сибир рафта, то буд шудани вақтатон он ҷо дӯк месозед! Дар он ҷойҳо ҳам дӯкон лозим!
Тӯйчӣ гиря кард. Яқин вай барои аз даст рафтани дӯконҳояш гиря мекар Ба Амини доводи Мавлонбой ҳам ҳашт сол доданд. Ӯро аз зиндони шах наоварда, ғойбона суд карданд. Баъд аз суд Сангово Остон аспҳошонро савс шуда рафтанд. Дар тағи пои Сангов аспи сафеди Нуралӣ буд.
Мирзошариф дар роҳ аз Нуралӣ пурсид.
– Аминзодаро шинохтед? -Ва афзуд:-Падараш дар хонаатон мехмон шуда б дааст. Ҳангоми ки танаффӯс эълон карданд, ҳамроҳам қадам зада гуфт: “Солҳо пеш падарам раҳи бозор ду рӯз дар деҳаатон истода будаанд. Гуфтанд, ки он ч Олимбою Нуралӣ одамони нондеҳанд. Тавонӣ, ёрӣ кун”. Ва боз таъкид кар ки ҳамаамон ба колхоз аъзо шавем.
Комиссия Нуралиро аз маҳбас гардонд. Аммо замона, ки бар зидди синф доро буд, ба ӯ рӯйи хуш нишон надод. Аз байн шаш моҳ гузашту писараш Ан варро зиндон карданд. Сабаб хонаҳо шуданд. Дар яке аз рӯзҳои сарди аввал баҳор, дар саҳни меҳмонхонаи Нуралӣ маҷлиси аъзои колхозро баргузор кар данд. Шамол ҳар лаҳза қувват гирифтаю хасу хошокро рӯфта оварда, ба ҳавз паси саҳни тела мекард. Дар ҷамъомад дар паси мизе, ки болояшро бо алвон сурх пӯшондаанд, фаъолон қатор нишастаанд. Онҳо аз афташ маслиҳаташонро пештар пазонда будаанд, ки паси ҳам хеста як суханро мегуфтанд: “Хонаи Нуралӣ барои идораи андоз мувофиқ аст. Аз ин хона дигар беҳтар ҷой нест!”.
Дар охир Остон сабук хеста ҷойҳоеро, ки бояд девор бардоранд, нишон дод.
“Чор ҷой девор мебардорем, ҳашт-нӯҳ хонаи хуб мешавад,” гуфт. Боймуроди хеши зани Нуралӣ, ки соли гузашта курси нӯҳмоҳаи муаллимиро хатм карда будаасту ҳоло дар район кор мекардааст, далел овард: “Пеш аз инқилоб Нуралӣ замину кутани мол дошт, аз берун омадахоро меҳмондорӣ карда метавонист.
Ҳоло он молу замин колхозӣ шуд. Меҳмонию рафиқиро ҳоло колхозҳо байни

пешина
аз 613
навбатӣ