Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Ку шеъратонро хонед,-гуфт Мансур хурсанд шуда. -Ба одами мондашуда шеър мисли чойи батаъм таъсир дорад.
– Офарин!-Мард шод шуда, сӯи Мансур нигоҳи тезе андохт, сипас қоғазҳояро тагурӯ кардаю якеро ҷудо карда афзуд: - Бароятон ду-се рубоии нав эҷодкардаамро мехонам, - ва сарашро аз қоғаз набардошта ба хондан шурӯъ кард:
Моро на ғами қумошу не қолин аст,
Не ёди фаршу бистару болин аст.
Урёнии мову ин зимистони хунук
Бо якдигар ошнои ҳарсолин аст.
Рубоӣ ба Мансур маъқул нашуд. Андешид, ки агар фарш надорӣ, дар замини хунук хоб мекунӣ, чӣ ҷои ифтихор аст ва хомӯш гӯш кард.
Ду ҳашти умри ман дар ин хок гузашт.
Ин умри азизам ҳама ғамнок гузашт.
Тири ситаме, ки бар ман андохт фалак,
Имрӯз маро аз дили садчок гузашт.
Ин дам Бадриддин аз дар ворид шуд ва Мансурро сомеи шоир диду хандааш гирифт ва ҷониби шоир песонда гуфт:
– Ба ҷое, ки ба меҳмон чой кунед, шеър мехонед? Кай ақли шумо, шоирҳо, медарояд?
– Худам талаб кардам, чой лозим не, шеър гӯед, гуфтам,-Мансур дилҷӯёна ба шоир нигаристу пас матлабашро фаҳмонд:
– Ба Мазори Шариф намеравед?-гуфт Бадриддин.-Шайх як моҳ зиёд шуд, ки дар ҳамин ҷо беморанд.
– Як моҳ боз бемор будаанд? Чӣ шудааст?
– Боре рафтам, ки одам бисёр буд, надаромадам.
– Одами калонсол, беҳуда ба сафари дур баромаданд.-Мансур хавотир шуд.
– Ҳоло ҳамроҳ рафта мебинем,-гуфт Бадриддин ва раҳораҳ пурсид:-шеърҳои шоир маъқул шуд? Гуфтагӣ барин вай аз кадом деҳоти атрофи Самарқанд, ҳам ба форсию ҳам ба туркӣ шеър мегӯяд.
– Чӣ гӯям? Шеъре, ки фарёду фиғон аз фалак мегӯяд, хуш надорам...
– Офарин! Маро ҳам нолаю афғони инҳо безор кардааст! Ҳафтаи гузашта «Нолаам бигзашт аз аршу вале нашнид кас» хонда буд, ки дар қаҳр шуда, як дафтарашро даронда партофтам...
– Не-е, бо инҳо сахт муомила накунед. – Мансур ранҷидахотир шуд. – Дар ин олам ҳар касе ба як коре маъмур асту ҳамонро мекунад.
– Шумо намедонед, инҳо чӣ қадар бисёранд ва ба дили ҳама задаанд. Ҳафтаи гузашта як нафар шоири бухороӣ омад. Дар ин гирду пеш хуб чарх задаю шеърхонӣ карда дидааст, ки касе эътибораш намедиҳад, роҳи ҳаҷро пеш мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор