Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ман ҳам баъзе шоирхоро медонам, ки аз ин ҷо то хоки араб хорузор шуда гаштаанд. Ин бечораҳо бероху бекас монданд. Дилам ба инҳо месӯзад.
— Ҳамин марди дидагиатон ҳам ду сол дар ҳамон тарафҳо сарсону саргардон шуда, ду моҳ пеш баргаштааст. Як ҳамсуҳбат шавед, чунон нақлҳо мекунад, ки ҳушатон мепарад.
— Номи деҳаашро напурсидед?
— Напурсидам, -гуфт Бадриддин ва илова кард: -Ин мард нуҳ сол дар Бухоро мехонаду шабу рӯз, ки болшевикҳо шаҳрро мегиранд, ба деҳааш меравад. Мебинад, ки ҳолати табиии зиндагӣ ба тамоми дигар шудааст, китобҳояшро пушт карда, ба ин тараф меояд. Дар давоми як сол дар Қундузу Қатағану Андаҳӯй сарсон мегардад. Ба қавли худаш, ба таъби нозуки самарқандиаш шину хези мардуми ин диёр кӯргир намешавад.
— Хубӣ бошад? -изҳори ақида кард Мансур.-Ду сол пеш дар ҳавлии чойхонаи назди соҳил як сандуқ китоб дидам: Гуфтанд, ки шоире аз тарафҳои шумо ин китобҳоро монда гуфт, ки улоғ оварда мебарам ва дигар дарак нашуд.
— Бале, ҳамон, -нидо кард Бадриддин.- Гуфта буд, ки китобҳояшро дар он чойхона мондам. Акнун қиссаи сафарашро гӯш кунед: Меравад Ҳирот. Он ҷо ба гурӯҳе ҳамроҳ шуда, мегузаранд Эрон, ба Бағдод мебароянду мераванд Басра. Пас чилу ду рӯз дар биёбонҳои беоб роҳ гашта, боре қариб ҷон ба ҷонофарин супурда, ниҳоят ба Макка мерасанд. Он ҷо се-чор моҳ дар мадрасаи хуҷандиҳо иқомат мекунанд. Аз Туркистон одам бисёр рафта будааст. Мадраса мисли орухона: шаб мешавад, чунон ки дар сандуқ ливос ҷой мекунӣ, ҳамчунон ҷамъ шудаю рӯи ҳам хоб рафта шабро мегузаронанд. Аҳволаш, ки тоқатфарсо мешавад, меояд ба Мадина. Дар он ҷо масҷиди бухороӣҳо будааст. Ин ҷо аҳвол боз бадтар будааст. Ба болояш ҳар ҳафта сафаракиҳо меоянд. Як моҳ, ки меистад, аз масҷид тела карда берунаш мекунанд. Меравад ба Тоифи шариф. Дар он ҷо ҳам гурезаҳои худамон аз Ҳуқанду Исфараю дигар ҷойҳо пур. Он ҷо ҳам аз гуруснагию беҷой азоб кашида, оқибат аз билоди муқаддас сахт дилмондаю ноумед шуда, ба мусулмонободи худамон бармегардад. Ҳоло ду моҳ шуд, ки мо ҳамроҳем. Шабҳо дар дукон хоб мекунад. Боре ба ватан меравам гуфту боз чи овозае шунид, ки нарафт...
Мансур фикр кард, ки шоир ба чил рафтагӣ аст, пурсид:
— То ҳол зан нагирифтааст?
— Аз куҷо? Худаш ҷойи хоб надораду... -Бадриддин ба мусоҳибаш нигарист.- Айби худашон ҳам ҳаст. Боре гуфтам, ки ошно: «Эй фалак, догунам кардӣ» гуфта мешинӣ? Шукр, аклат ҳаст, дониш дорӣ... Ҳоло ки нерӯ дорӣ, зан ин тараф, он тараф, зиндагиатро ба роҳ мон, умрата одамвор гузарон!
— Айби онҳо не, -Мансур бо инкор сар ҷунбонд.-Муҳаббати шумо ба тоҷирӣ, ба пайса. Муҳаббати вай ба шеър, ба сухан. Мо бояд онҳоро таъмин кунем, мо шеъри онҳоро мехонем.
— Бадриддин марди тануманди биникалон аст. Нӯғи биниш сурх шуду бо андаке ситезмандӣ гуфт:
— Мансурбой, ба инҳо гуфтан лозим, ки, эй сустакҳо, ин шеърҳотон на ба худатон, на ба ҷомеа дарбеҳ намешаванд! Бас аст гулу зулфу шаробу шабнам

пешина
аз 613
навбатӣ