Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Амак, боз як гурӯҳ афғонҳо беморҳояшонро овардаанд. Мегӯянд қабуламон кунанд, ки роҳамон дур. - Ӯ таваққуф карду пурсид: - Ё гӯям, ки раванду пагоҳ биёянд?
– Не, овора накунед,-гуфт шайх.
Ниёзмандон аз дар намоён шуданд. Шайх бо нигоҳи масъумона бо Мансур хайрбод кард.
Низоммахдум дар вақти ваъда ба Қундуз наомад. Боз ду сол дар кулбааш умедвори хабари хуш аз ватан монд. Ӯ ҳеҷ бовар кардан намехост, ки ватанаш, он Бухорои азизу нозанин, ба он ҳама масҷиду мадрасаҳои номӣ дар дасти болшевикҳои бедин мемонад. Вақтҳои охир суханони аз муллоҳо шунидаашро гаштаю баргашта мегуфт: «Дар ҳар қадами Бухоро шайхони кибору орифони овозадор хок шудаанд; рӯҳи онҳо намегузорад, ки он бединҳо, нобакору ношустаҳо Бухороро соҳибӣ кунанд». Ӯ ҳолати одами ғарқшударо дошт, ки ҳар чизе ба дасташ ояд, онро сахт меқапад. Вале вақт мегузашту на каромоте рӯй медод, на рӯҳи орифе ба Бухоро ёрӣ мекард. Баръакс, рӯз то рӯз решаҳои болшевикҳои бедин таг ба тағи шаҳру деҳоти Мовароунаҳр паҳну ҷойгир шуда, соҳиби мансабу манзалат мегаштанд. Давлаташон ҳам номдортару мустаҳкамтар мешуд.
Баҳор омаду рӯзҳо, ки гарм шуданд, Мансур тоқат накарда омада, худаш сар шудаю хару хингил ташкил карда, кӯчи Низоммахдумро бор карда, ҷониби Қундуз роҳсипор шуданд. Дар маҳалле, ки аксар фарғонагиҳо зиндагӣ мекарданду дар ду тарафи кӯча дӯкон доштанд, замин гирифта, ду хонаю ҳавлӣ, як оғил ва як ошхона бино карданд. Мансур ҳарчанд талош кард, ки хонаҳоро ақаллан сето кунанд, Низоммахдум розӣ нашуд. «Паноҳгоҳ шавад, бас. Хоҳ-нохоҳ аз ин ҷо меравем, хубаш ба ҷойи хона дӯкон месозем» гуфт.
Писари хурдӣ - Камолҷон омада то танги тирамоҳ ҳамроҳашон ёрӣ кард, аммо писари калонӣ Шарифҷон рӯй нишон надод. Фақат овозааш омад, ки ба дастаи чулоқи Беҳрӯз ном роҳзане ҳамроҳ будааст. Даста ҳар вақт аз роҳи Термез ҷониби Шӯравӣ гузашта, мағозаҳо ва корхонаҳоро тороҷ мекардааст. Ин тараф дар роҳи Балҳу Кобул низ гоҳе пайдо мешудааст.
Рӯзе, ки болои хонаҳоро хок мепӯшонданд, Мансур ба гӯшаи шаҳр, ба хонае, ки пештар пӯшида буд, рафту ду рӯз истода, корҳои боқимондаро, ки аз қабили дару тирезачаспонӣ буд, анҷом доду омад, ки боми хонаҳоро ним хок андохта мондаанду Низом - махдум чизу чораашонро ба ҳавлӣ бароварда, ба халтаҳо ҷой кардаю ҳама тайёрии сафар доранд. Дар кунҷи ҳавлӣ хурҷину халтаҳои пурборро рӯиҳам чидаанд. Дар ду рӯймоли назди дар лашулуши занона баста шудааст. Мансур дар тааҷҷуб монд. Фикр кард, ки магар аз ҷониби заминдор сухани ноҷо шудааст? Хаёлаш ба Шарифҷон ҳам рафт. Шояд дар он сӯйи об кору холе рӯй доду акнун Низом - махдум рафтанист. Ва бо хавотир аз Камолҷон пурсид: - Тинчӣ аст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор