Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин дам Низом-махдум аз хона баромада, Мансурро диду мисли кӯдак хурсандӣ карда гуфт.

– Мансурбой, шодиёна диҳед! Мегуфтам, ки дар ин ҷо хонаю дар кардани мо бақо надорад! Охир дилам гувоҳӣ медод, ки имрӯз ё пагоҳ ба ватанамон бармегардем! Ҳамон рӯзи муборак расид! Дар номи Худо чонам, оҳи мо мазлумонро шунид!

– Чӣ шудааст? Чӣ хабар? – Мансур бештар изтиробзада шуд ва дид, ки назди дари ошхона янгаи Ҳабиба низ камзул пӯшидаю рӯймоли нав баста, либосҳояшро ҷой мекунад. Ӯ аз бозе, ки ба ин тараф омадааст, ба ғайр аз дарди дил ба дарди ҷоғар ҳам гирифтор аст. Худаш мегӯяд, ки аз таъсири об аст.

Низом-махдум дар яктаҳи ҷо-ҷо дарида китобҳои вақтҳои охир ҷамъкардаашро бароварда ба Камолҷон: «пӯстакҳоро алоҳида банд» гуфта, ҷониби Мансур афзуд:

– Ҳафтаи гузашта Фузайл-махсум бо аскару аслиҳои маҳшар ба ватан гузашта, тамоми Дарвозу Тавилдара, он тараф Ғарму Дарбандро гирифта, кири болшевикро баровардаю ҳоло ҷониби Бухоро ҳаракат доштааст. Бритониёю Олмон ба ӯ ёрӣ медиҳанд. Амонуллохон ҳам ваъда кардааст, ки барои озодии Бухоро чизе лозим шавад, дареғ намедорад. Гуфтааст, ки ман дарисабозию ғиромиҳои болшевиқҳоро нав фаҳмидам. Он гуруснаҳо ватани моро ҳам балъиданӣ буданд. Олимхон гуфтааст, ки то охирин ҷомаашро фурӯхта, сарфи ин кор мекунад. Беки Ғузору Қаршию ҳама бекҳои гурехтаю ин ҷо омада ҳам пул мепартофтаанд...

– Ин хабару овозаҳо аз куҷо? – тоқат накарда пурсид Мансур ва ҳамзамон мушоҳида кард, ки Низом-махдум аз болои куртаи суф миёнашро сахт бастаю мисли ҷавони бистсола чусту чолок менамояд. Чеҳрааш ранг даровардаю чашмонаш аз шодӣ барқ мезананд.

– Шумо дирӯз набудед, – гуфт Низом маҳдум бо оҳанги маломат. – Мардум дар намози ҷумъа гуфтанд, ки... Эҳ-е, он ҷо чӣ гапу корҳо шуд... Яке гиря мекунад, дигаре рақс мекунад, гардани ҳамдигарро гирифтаю бӯсида, табрик мекунанд. Бегоҳирӯз Қори Муслиҳиддини Чорчӯйӣ ба муносибати ин хушхабар ҳама одамони масҷиди гузарро ба хонааш даъват карда зиёфат дод. Одамони масҷиди Хуҷандро Муллоносири ошноятон ба зиёфат бурда, аз кундузиҳо, умуман аз мардуми афғон, хуб минатдорӣ кардааст. Гуфтааст, ки мо аз ин ҷо меравему ба фарзандону набераҳоямон мегӯем, ки бародарони он сӯи об ба ғайр аз хонаи гармашонро ба мо додан инчунин бо сухани ширину дили меҳрборашон моро неру бахшиданд. Моро аз таги боронҳо дароварда дар сандалӣ, дар паҳлӯи кӯдакҳояшон ҷой мекарданд. Гуфтааст, ки шумо, ҳамгахвару ҳамкалам, мазмуну маънои муҳоҷиру ансорро, ки суннати Расули акрам аст, аз нав маҳбуб ва овозадор кардед. Шумо ин кардед, он кардед гуфтаю бисёриҳоро гирёндааст. Гуфтааст, ки, эй халқи Мовароуннаҳр, ин дӯстии дар осмонҳо мунъақидшударо чун тумор ҳифз кунед. Шукри ин неъмати Парвардигорро ба ҷой биёред! Шукри ин ҳамсояро кунед! Баъди ин суханҳо мардуми мою афғонҳо ҳамдигарро ба оғӯш гирифтаю бо ҳой-ҳой гиря кардаанд. Раиси танзимашон баромада Муллоносирро бӯсидаю оби дида карда гуфтааст, ки мо соҳилро девори Чин

пешина
аз 613
навбатӣ