Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан- Қанд занед, кори хуб кардед, - такрор кард: - Ин дафъа, ки рафтам, баро-яшон як хона мепӯшам. - Ва аз ҷайбаш як даста пули афғонӣ бароварда, «дар сарҳад иваз мекунеду барои Ҷовид як аспи нағз мехаред» гуфт. Ва агарчи пули тӯйро барзиёд дода буд, боз ҳам пурсид: - Дар тӯй пулатон расид?
- Ҷовид ҳоло худаш пулёб. - Кучибой гӯё бемайл пулро гирифт. - Вай ҳоло одами калон, сармуншии комсомол. Бо калони сарҳад Чернов гуфтани урус, ки ҳама гапу кори тарафҳои мо то Кӯрғонтеппа дар дасташ аст, ҳарду чӯра. Ба хонааш равуо дорад.
- Ба одами боаклу бо дониш ошно будан саодат аст, - гуфт Мансур.
- Комсомолаш чӣ кора аст? - Низом-махдум ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд. - Бисёриҳо комсомол фалон, комсомол бисмадон мегӯянд, намефаҳмам.
- Комсомолаш гӯё ёрдамчии фирқаи болшевик будааст, - гуфт Кучибой. - Ҳар коре, ки мекардаанд, бо маслиҳат мекардаанд. Ба калонсолҳо гуфту шуниду маслиҳату мадороро аъзои фирқа мекардаасту бо ҷавонон кору гуфтушунид мекарда - комсомол. - Ӯ ба ду тарафи риши сафедиовардааш даст бурда афзуд: - Ҷовид ҳамту фаҳмонд. Он тарафаша худи урус надонад, мо намедонем.
- Писаратон одами калон шудааст-ку. - Низом-махдум хурсанд шуда ҷониби Мансур нигарист.
- Кори ҷавонони Кӯрғонтеппа ҳам дар дасти Ҷовид, касе ҳақ надорад су-ханашро ду кунад, - гуфт Кучибой бо ҷиддият. Ва ҷониби Мансур чашмонашро нимпӯш кардаю нигариста илова кард: - Аз рӯзе, ки ба кор даромадааст, тамоман одами дигар. Дар гапу ҳарф чунон усто...
Мансур мушоҳида кард, ки Кучибой аз домодаш бо ифтихор сухан меку-над, - нафоридаш. Якбора аламаш зиёд шуд. Тӯйи писарро пеши назар овардаю андешид, ки шояд Ҷовид аз он, ки дар рӯзи хурсандиаш модар нест, падарашро даъват накардаанд, аламаш кард. Ва ҳамзамон ғабабашро дар дарунаш зер кар-да дошт, ки берун набарояд. Ӯ хеста аз алафи дар поини замини тӯбкарда як банд гирифта ба назди аспи Кучибой бурд. «Тӯй кардӣ! Заб номақул кардӣ!» гӯр-гӯр мекард раҳораҳ.
Ҳарчанд гуфтанд, Кучибой шаб хоб накард. Ғалаш бесоҳиб гуфту аспашро аз назди дарвоза савор шуда ба резаҷорпо дароварда рафт. Яқин вай ҳам пай бурд, ки Мансурро хабар накарда тӯйро гузаронданаш хуб нашудааст. Ҳангоми хушбошӣ ҳиҷолатманд буданаш аён буд.
Баъде ки Кучибойро гусел карданд, Низом-махдум ҳасрат кард: - Мансурбой, аз ғами беватанию бероҳӣ дида ғами фарзандону ояндаашон диламро хӯрдааст. Шарифҷонам ҷавони ба назму ба номус буду ин ҳаёти безавку беватании дилҳарош ӯро аз дастам баровард. Кошки дар вақташ ҳам мисли шумо онҳоро монда меомадам. Гуфти худаш Сибирашон ҳам мекарданд, ки як рӯз не як рӯз ба ватан бармегаштанд. - Ӯ ҷабини васеъи чинзеркардаашро молида бо озору надомат сар ҷунбонда илова кард: - Рафиқатона дибед, чӣ қадар хушу хурсанд ва бепарво? Чунки ватан дорад, дилаш орому хотираш ҷамъ. Мо чӣ?... Мо фирориҳо на ватан дорем, на миллат, на зиндагӣ. - Оби дидаи Низом-махдум равон шуд. Рӯймоли миёнашро кушода, чашмонашро пок карда бо ғазаб афзуд: - Динамо ҳам дин нест! Намоз намоз нест! Умр умр нест!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор