Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
-
Худатона ба даст гиред, — гуфт Мансур андаке ситезмандона. - Бачаҳо шуморо дида бадтар рӯҳафтода мешаванд. - Ва пурсид:
-
Кофтани Шарифҷон ба Мазор рафтед, ҳеҷ дарак гирифтед? Шояд то Термез мерафтед, хабаре пайдо мешуд.
-
Ҳар вақте аз кӯча биём Садаф ба таги дарвоза рафта мепурсад: «Акама наовардед?» Модараш мепурсад: «Аз Шарифҷонам дарак овардед?» Низом-махдум дурудароз уфф-уфф гуфтаю сарашро ба таассуф ба ду тараф тоб дод ва боз чашмонаш пуроб шуданд бо оҳанге, ки ноумед шудааст гуфт: - То наздикии сарҳад рафтам. - Як сарҳадчии афғон гуфт, ки Беҳрӯз ном дузди аз пори дарё омада ҳаст. Гоҳе бо дастааш ин ҷо пайдо мешавад. Лекин чунон чолоку чадаланд, ки касе наздикӣ карданшон наметавонад. Чанд маротиба шуд, ки сарҳадро гузашта чизу чораи мардуми шаҳри Термезу деҳаҳои атрофро ба зӯрӣ мегиранд. Дар рӯзи равшан корхонаю дӯконҳоро тарконда одамонро мекушанд. Ду маротиба аскари Афғонистону Шӯравӣ бо маслиҳат дар баромади дарё дар ҳалқа мегирандашон. Чанд нафарашонро мепаронанд. Лекин бештарашон хато мекунанд. Баъде ки ба Мазори Шариф баргаштам, як Бухорой, ки аз онҳо хабар доштааст, гуфт, ки сардори он дастаро Беҳрӯзи Комил мегӯянд. Аз ҷадидҳои Бухорост. Пас аз он ки аскари большевик ба Бухоро медарояд, бо онҳо душманиро пеш мегирад. Солҳои охир ба дастаи Дониёр-милиса ҳамроҳ шуда бар зиддашон ҷангидааст. Боре ҳангоми ҷанг ба гардани аскари сурх ҳафак меандозад. Русҳо аз пасаш мешаванд. Ҳафакро канда натавониста, худро аз баландӣ ба дарё партофта халос мешавад. Ҳамон вақт пояш лат хӯрда чӯлук шуда будааст.
Мансур баҳри дилбардории рафиқаш гуфт:
-
Ин дафъа, ки дарёро гузаштам, ба Термез рафта ахбор мегирам. Шояд ягон дарак меёбам.
-
Дилам мегӯяд, ки Шарифҷонам дар ҳамон даста аст, — гуфт Низом-махдум. Ва дақиқае сархам андешаманд шуда ба аламу озор илова кард: — Дар ватан ислоҳоту тараққии миллат гуфтаю умри ҷавонамро бо кашмакашу хориҳо гузарондам. Бар болояш таънаю тӯҳмати «ҷадид»-ро гирифтам. Дар ҳамин ҷо ҳам ҷадидҳоро рӯи хуш намедиҳанд. Дар кӯчаву бозор бинанд, ба душманӣ менигаранд. Ҳамшаҳриҳомон тӯй мекунанду «ҷадид аст», гуфта ба тӯйашон даъват намекунанд. Қисмат аз ин ҳам бад мешавад? Ман дигарҳо барин ғараз надоштам, гиромӣ накардам... Бар болояш ғами фарзандон...
-
Гирифтаҳо пушаймон, нагирифтаҳо дар армон, дар ҳаққи ману шумо, — гуфт Мансур ба зӯрӣ табассум карда. — Ман мудом фикр мекунам, ки кош фарзандам дар наздам бошаду ҳар рӯз бинамаш. Як диданаш давлат аст, нерӯят медиҳад. Ҳоло Ҷовиди ман бо урусу қалмоку ким-кадом ломазҳабҳое ҳамшину ҳамхез. Ояндаи вай чӣ мешавад, ман ҳам дар ташвишам.
Низом-махдум ба суханони Мансур эътибор надода, пешониашро молида гуфт:
- Рӯзи бозор ҳангоми шом аз дӯкон баромадам: ҳаво хунук, борону барф меборад. Ду нафарро дидам, ки шип-шилта шудаанду анбон дар дӯш, сарҳо ҳам мисле, ки бехушу беёд бошанд. Қадамашонро базӯр бардоримон карда мераванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор