Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Маълум буд, ки ин фалакзадаҳо фирорианд. Яке месулфид. Баробарашон қадам зада пурсидам: «Ҷой надоред?» Не, ҷой надоранд. Ба ҷойи онҳо худамро тасаввур кардаму натавонистам, ки онҳоро партофта равам. Хона овардам. Охир онҳо ҳоле доштанд, мисли дарахти аз нисф бурида, мисли қогазе, ки кӯдак хаткашак карда, маҷақ карда мепартояд.
Шаш моҳ шуда будааст аз Тошканд буромаданашонро. Пагоҳи дидам, ки бемор ба ҳоле дорад дар роҳ мемонад. Боз ду шаб хобондаю пас ҷавоб додам. Ба фикрам омад, ки инҳоро ба ин сахтиҳо расонда мо ҷадидҳо. Мисли инҳо шом шудаасту ҷойи рафтан надорад кӯчаҳои Афғонистон лаб задааст. Ислоҳот мекунем гуфтему аҷнабиёнро овардем. Хок бар сари ислоҳот. Аз ин фикру андешаҳо хоб рафтан наметавонам. Метарсам, ки ҷиннӣ нашавам.
Садаф дар табақ ангур оварда назди падараш ниҳод, дар паҳлуш нишаста зонуяшро молид ва ба накуҳиш ҷониби Мансур нигарист. Гӯё гуфтани буд, ки амак, чаро мегузоред, ки рафиқатон хафа шавад?
Мансур нахустин маротиба мушоҳида кард, ки Садаф духтари гӯшдораки баситора шудааст. Мисли модараш зани зебо мешавад. Ӯ фикр кард, ки чӣ сухан гуфта рафиқашро тасаллӣ диҳад?
Дувум маротиба гулгулай «фирориҳо ба ватан бармегарданд!» ҳангоми ба сари қудрат омадани Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, маъруф ба Бачаи Сақо, танинандоз шуд. Он вақт Мансур дар Толиқон барои Сулаймонхони пуштун хона мепӯшид. Ва ин дафъа ҳам овоза бо далелу бурҳонҳои раднопазир садо доданд. «Армияи ҷаррори Ҳабибуллохон, ки Афғонистонро аз дасти Амонуллохон кашида гирифтааст, бо кӯшуни шашҳазораи Иброҳимбек якҷо шуда, аморати Бухороро аз большевик тоза мекардаанд. Амир Олимхон ба подшоҳи Бритониёю Олмон маслиҳатро пазонда аз онҳо силоҳи замонавӣ меовардааст.»
Боз ҳам ба ин овозаҳо боварӣ Мансур наомад.
Дере нагузашта овозаҳои изтиробангез яке аз паси дигаре омад. Мисли қосидҳое, ки аспҳояшонро дар роҳ давондаю афтонда ва иваз карда меоянд. «Аэропланҳои Шӯравӣ деҳаҳои назди соҳилро задаю сӯзондаанд! Бисёр одамон куштаю захмӣ шудаанд. Дирӯз ба шаҳрҳои Октепаю Алиобод ким-чи гуна балое партофтаанд, ки ҳар тараф хирман-хирман оташ хестаю кулбаю хаймаҳои мусофиронро месӯзондааст. Гӯё ким-чи гуна силоҳи навковикардаашонро ба деҳаҳои гурезаҳо партофта таҷриба мегузарондаанд.» Аз байн ду рӯз гузашту боз овоза паҳн шуд: «Аз ҷониби Тирмиз як дастаи номаълум бо пулемёти зиёд даромада, шаҳру деҳаҳоро гирифта то наздики Мазори Шариф расидаанд! Дар байнашон русҳои либоси афғонидошта низ будаанд.»
Ҷангиёни Ҳабибуллохон қурбониёни зиёд дода бошанд ҳам, тассаруфгаронро зада гардонданд. Аз байн як ҳафта гузашт, ки хабари тоза омад: «Аз ҷониби ғарбии кишвар пуштунҳо бар зидди Ҳабибуллохон шӯриш бардоштаанд, ба онҳо собиқ вазири дифоъ Нодиршоҳ, ки дар Олмон сафир будааст, сарварӣ мекардааст.» Ниҳоят, хабари даҳшатангезе, ки рӯзҳои охир мардум интизораш буданд, расид: «Ҳабибуллохонро дар фурудгоҳи Кобул бо чордаҳ нафар ҳамроҳонаш дошта, ба дор кашидаанд. Се рӯз шудааст, ки мурдаҳо дар шамолу шӯриши фурудгоҳ алвонҷ мехӯрдаанд...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор