Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ки хонаатон дар дасти кофирҳо! Дар замини ҳавлиамон хоначаҳо пӯшидаю ҷойи нишасти корашон кардаанд. Ҳосили даву тоз кардаю ислоҳот овардаатон ҳамин шуд, ки бадноми ду олам шудем, аз ватан берунамон карданд, хонаю дари бо ҳавас пӯшидаамро гирифтанд. Оқибат писари азизам аз дастам баромада роҳзан шуд. - Ва таъсле ки бори вазнинро бардошта натавонист, назди дар худро партофта, бо сӯзу гудоз домани гиряро раҳо кард.
Низом-махдум мехост чизе гӯяд, ки Ҳабиба пешдастӣ кард.
- Понздаҳ сол аст, ки шумо дар пайи ислоҳоту дар ҷангу гурезогурезду ман дар даруни оташам! Понздаҳ сол аст, ки ба хешу табор, ба ҳамсояҳо рӯйхунук! Понздаҳ сол аст, ки ташнаи «Шавҳарат ҷадид! Шавҳарат уруси ростомезшуда! Шавҳарат ину он»ро бардошта гаштаам! Ва бар болояш ин ғарибӣ!...
Низом-махдум ҷониби Мансур нигарист. Ҳисси ҳиҷолатмандӣ, шафқату дилсӯзӣ нисбат ба занаш ва ҳам озору андӯҳи бепоён аз умри гузарондааш мисли нурҳои рангубаранги тирукамон дар чеҳрааш тоб мехӯрданд. Вай медонист, ки хонаашро ҳукуматиҳо соҳиб шудаанд. Мансурро ба ҷону ҳолаш намондаю ҳақиқатро ошкор кардаю онро аз занаш пинҳон медошт. Ӯ чизе гуфтанӣ шуд, ки занаш боз ҳам ба ӯ маҷол надода гуфт:
- Таънаи худам мешунида кам буд, ки акнун дар ватан фарзандҳоямро «кулакбача, душманбача!» гуфта роҳ намедодаанд! Доранд, зиндон мекардаанд. Боз як афғон омадааст, ки ҳашакалло духтарата медиҳӣ!
Нигоҳи Мансур ба зан афтид, чашмонаш гирда шудаю бештар сафедиашон менамуд. Чеҳраи гӯштдораш аз озору алам суп-сурх шудааст. Дили Мансур харош хӯрд.
-
Гӯш кун, занак!- Низом-махдум тоқаташ намондаю ин дафъа бо ситезмандӣ ба занаш муроҷиат кард:- Ту медонстӣ, ки ман аз рӯйи ростӣ, дилсӯзӣ, ба халқам некӣ мекунам гуфта, ҷон ба каф ниҳодам. Аммо надонистам, ки халқам...
-
Халқ! Халқ ҳам чӯбатон карду ошноҳои болшевикатон ҳам! Ку, ягонташ ёд мекунад?! Баръакс ҷадид будӣ гуфта, рост саратона мебурад!
-
Ин суханат рост,- Низом-махдум талх хандид.
-
Ҳамон вақт гуфта будам, ки фарзандҳоро назди модарам монем,-гуфт Ҳабиба бо таънаи бештар. - Набарем ба ҷойи бегона, гӯш накардед. Шумо кай маро гӯш карда будед?! Кай як бор гуфтед, ту саги дари хонаам чӣ ҳол дорӣ?!- Ҳабиба бо овози баландтар ба гиря даромад. - Одам бо гузашта, бо хонаю дараш одам аст. Акнун моро на гузашта монду на хона, на оянда...
Низом-махдум ба гуфтаҳои занаш розӣ буд. Муддате хомӯш истоду пас ба оҳанги нарм гуфт:
-
Оҷаш, гуфта будӣ, вале ОГПУ мемонд, ки бачаҳои мо он ҷо озод гарданд?- Ҳардуяро ба як ҷойи дури Сибир мефиристод, ки хату хабарашон ҳам намеомад.-Дар охир овози Низом-махдум ҳам ларзид.
-
Ҳамон Сибираш ҳам ҳамин азоба доштагист,-Ҳабиба пешонибандашро боло кардаю бо ҳарду даст оби чашмонашро пок кард.-Шумо берун рафтаю одаматона ёфта ҷору ду мегӯед. Ман чӣ кунам? Ман зинда ба гӯр...
Мансур чизе гуфтанӣ шуд худро дошт. Ба баҳси зану шавҳар ҳамроҳ нашуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор