Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
- Ҳафтаи гузашта якчанд бухороиҳо аз Кобул пеш кардаанд, ки онҳо хеста ба ин тараф омадаанд... -Низом - махдум ин суханро гуфта хомӯш шуд. Аз афташ матлаби мегуфтааш аз хотираш баромад. Осӯхтаҳои афтидаро чида болои олов партофт. Не, суханаш аз хотираш набаромада буд. Ӯ аввалин маротиба дар чеҳраи ожанговардаи занаш осори ноумедӣ, пушаймонӣ аз зиндагӣ, аз тақдирро мушоҳида карда, дилаш шуввӣ карда рафт. Ҳеҷ вақт ба фикраш наомада буд, ки он бойдухтари зебою мағруру ҷиддинигоҳи гузари Говкушон, ки аз байни як гурӯҳ ҳаводоронаш ӯро интихоб карда буд, бо гузашти вақт намудаш дигар мешавад. Дар охири умр аз Низом, аз зиндагӣ дилмонда мешавад. Андешид, ки ба панҷоҳ нарасида пуру дардманд шудани Ҳабиба айби худи Низом аст. Ҳама суханҳояш ҷой доранд. Худаш дар берун ба корҳои беҳуда овора шуда гашту Ҳабиба дар зиндагии хонавода, зери таънаи тамошобинҳо танҳо монд. Дардашро худ ба худ хӯрд. Бар болояш ин ғарибию бедарак шудани Шарифҷон корашро кард. Ӯ дар назди каси бегона худро ба даст гирифта бо оҳанги дилсӯзона гуфт: -Оҷаш шукр, ки танамон сиҳат, ҳама сарҷамъ... Хонаро бошад, ба Бухоро ки баргаштем, гирифтанаш ҳеҷ мушкилӣ надорад. Ё не, Мансурбой?
Мансур дар баҳси зану шавҳар худро ноҳинҷор ҳис карда, дар пайи хестан буд. Маҷбур худро дошт. Ӯ аз таҷриба медонист, ки сухани ҳамроҳ ба Худою расул гуфта, ба занҳо зуд таъсир мекунад, бар зиддашон далел кофтаю шаттоҳӣ намекунанд. Ба оҳанге, ки муллоҳо насиҳат мекунанд, гуфт:
- Келин, тан сиҳат бошад, хона он қадар гапе нест. Шумо худатон медонед, ки сарнавишти мо дар лавҳи абадият сабт асту мо аз он як қадам берун по гузашта наметавонем. Худованд ин сахтиҳоро баҳри озмоиши бандаҳои дӯстдоштааш мефиристад. Ва дид, ки банда тоқат кардаю шукргузор аст, давлату давронашро даҳ чанду сад чанд зиёд мекунад. Қудрат дорад, ки хонаашро ба қасри биҳишт табдил диҳад. Ҳафт табақаи осмонро сохту як хонаро аз шумо дареғ медорад? Ҳаргиз чунин нест.
Садаф дасти модарро молида ба овози паст чизе гуфт ва ҷониби Мансур нигоҳи минатдоронае афканд.
Мансур мушоҳида кард, ки чашмони духтар ғамгинанд. Шояд фикр мекунад, ки падар ӯро ба ҳамсоядукон, ки нағзаш дидааст, намедиҳад. Ба ватан баргаштанашон ҳам маълум нест, оҷизаи бетолеъ ғам мехӯрад. Дили Мансур бо ҳоли духтар сӯхт. Бори нахуст дар Бухоро дар хонаашон диданаш ба хотираш омад. Духтарчаи хандонрӯе буд. Аз болои кокулчаҳояш тоқии сурхи аз сараш калон дошт. Ду даст ба пеш чиллик гузошта салом дод. Мансурро ханда гирифт. Ҳоло қад ёзондаю мисли дарахти ба гул омадааст. Вақтест, ки бояд касе нигоҳубин ва меҳрубониаш кунад. Ва худаш ҳам меҳрубониашро бирезад. Гулҳо дар шохҳояш хушк нашаванд.
Ҳабиба аз қаҳр фуромада, андешаманд ба самте нигарист. Пас аз лаҳзае боз оби дида кардаю хест, сӯи духтараш назари тезе андохту бо оҳанги хусуматомези пештара гуфт:
- Дар ин замини бегона Шарифҷонам маро доштааст. Ҳамон гумшудаам пайдо мешуд, фарзандонамро гирифта, ба ватанам парвоз карда мерафтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор