Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

дораду на нақшае, на ақлаш мегирад, ки дар кори давлатдорӣ ин амали аввалдараҷа аст. Нодон, ки буд, дар атрофаш нодонҳоро ҷамъ кард. Вилоятҳоро моҷароҷӯйҳо соҳиб шудаю ба моли мардум даст заданд. Дар ҳар гӯша ошӯб хест. Ин ҳолатро дида, дар ҳар тараф мухолифҳо сар боло карданд.

– Бале, ҳамин тавр шуд, — гуфт Мансур, — боре, ки наметавонист, бардошт.

– Бардошту миёнаш шикаст, — Низоммаҳдум ба тасдиқ сар ҷунбонд: — Аз рӯйи гуфти мардум, марди содаи дилкушоде будааст. Ҳар касе, ки ба муҳимие наздаш медаромадааст, бовар кардаю ёрӣ медадааст. Аз он ҷумла Иброҳимбеки мо бо сесад нафар сарбоз ба табрикаш рафта мегӯяд, ки ман бо шаш ҳазор аскарам омодаам, ки ба ходими дини Расулуллоҳ хизмат кунам. Ҳабибуллохон бисёр хурсанд мешавад, ки муҷоҳиди номии ислом, ки тиру тӯпу пулемёт ба танаш коргар нест, тӯпчибошии машҳур ба пойӣ худ ба хизмат омадааст. Даст ба ҳам зада мегӯяд: «Иншооллоҳ, ин нишони шукуфоии давлати нави Афғонистон аст».

– Ҳангоми зиёфат Иброҳимбек чунин ман-манӣ мекунад. Банда бо аскари урус-болшевик ҳафт сол мухорибаю мукотила кардаю нагузоштам, ки чашмони кофириашон ба хоки поки Афғонистон афтад... Онҳо туфангҳои панҷтираи дурзан доштанд, боз ким-чиҳое. Мо бошем, туфангҳои аз даҳон монда, ки тирашон аз даҳ қадам он тараф намерафт.

– Ҷаноби Мирғозӣ, аэроплон, аэроплонҳои шаҳрсӯз доштанд он малъунҳо! — Суханони Иброҳимбекро эшони Довуд, ки мудом ҳамроҳаш аст, тақвият дода ҳиқ-ҳиқ гиря карда, илова намуд: — Аз болои сари ҳазратам фавҷ-фавҷ бомба мепартофтанду он бомбаҳо чун рӯбоҳи аз шер тарсида, наздикишон намекарданд. Дур рафта аз тарс фассӣ карда кафида чанги замина мехезонданд.

– Бах-бах, Алии сонист Мирғозӣ! — Ҳабибуллохон аз ғояти шодӣ даст ба ҳам зад.

Иброҳимбек ғурурманд шудаю суханашро идора дод:

– Агар ҷанобашон каме камону аскар ёрӣ кардаю фотеҳа диҳанд, ман дубора рафта Бухорои Шарифро аз дасти кофир зада мегирам.

– Бухоро шамъи ислом аст, нури рӯшанибахши Осиёст! — афзуд Довуд (ӯро ба сабабе, ки чир-чир карда дуо мехонад, эшони Булбул ҳам мегӯянд). Ин нур алъон хомӯш аст. Ҳардуи шуморо Худованд ба мо тӯҳфа фиристод, ки он нурро аз дасти кофирҳо бирабоед!

– Бах, бах, — гуфт Ҳабибуллохони сода ва фармуд, ки аз хазина ҳазор туфанги ёздаҳтираи олмониро (пештар Амонуллоҳхон харидааст) ба Мирғозӣ диҳанд. Ва гуфтааст, ки агар камӣ кард, аз раиси танзимиявии вилояти Толиқону Бадахшон Саидҳусайн, ки лолои (тағои) мо аст, мегирад. Ва ҳарду мирғозиҳои бесаводу бетадбир аз кори сиёсату давлатдорӣ бехабар ба чапу рост хуб воҳима карда изҳорот доданд. «Ҳамроҳ рафта Бухорои шарифро озод мекунем! Урус-болшевиқҳои бедину бемазҳабро задаю пешандоз карда, то Маскову Петербург мебарем! Пас баргашта кишвари ҳамсояамон Ҳиндустонро озод мекунем! Англисҳои мардудро задаю кӯфта, аз Лондон он тараф карда, ба баҳрашон тела дода пас бармегардем.» Ва ба лолояш Саидҳусайн хат менависад, ки баҳри беҳдошти кӯшуни Муҳаммадиброҳимбеки ғозӣ ҳар моҳ маблағ ҷудо кунад, аз туфангҳои аз хазина бурда тибқи зарурат диҳад. Баъди ин меҳрубонӣ Иброҳим

пешина
аз 613
навбатӣ