Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Дар хона хомӯшӣ ҳукмфармо шуд. Ба фикри Мансур омад, ки мардҳоро таъна кардани занҳо мисли касалии вабо паҳн шудааст: Ба айби ту ин шуд, он шуд! О мӯдарозҳои ақлкӯтоҳ, магар мо, мардҳо, ҳаминро мехостем? Ин дородору хунрезӣ бе ману Низом ҳам мешуд! Ба кӣ дарди дилатро гӯй, намедонӣ. Ӯ ба хотири дилбардории рафиқаш гуфт:
– Занҳо монед, ҳар қадар дилашонро холӣ кунанд, хуб аст.
Низом - махдум хеста аз ҳавлӣ ҳезум даровард.
Мансур чӯбҳоро аз дасти рафиқаш гирифта, оташи хомӯшшударо даргиронду суҳбатро ба дигар тараф гардонд:
– Аз воқеаҳои охир хабар доред?
– Куштори Ҳабибуллохонро дар назар доред?
– Бале, - Мансур чӯбҳоро ба танаи оташдон чида афзуд:-Вай беақл одам будааст.
Низом - махдум муддате хомӯш монду пас аз ҷояш хеста чойҷӯши чӯшидаистодаро ақиб кашид ва ба нақл шурӯъ кард:
– Дар Мазори Шариф якеро, ки домулло Исмоил ном дошт, вохӯрдам. Солҳои пеш вай дар «Ҷамъияти атфол»-и мо яке аз фаъолон буд. Баробари ба Бухоро даромадани русҳо кӯчу бандашро гирифта, ба ин тараф омада будааст. Амонуллоҳон ӯро ба идораи қозиёт ба кор мемонад. Нодирхон, ки тахти подшоҳиро мегирад, ӯро аз кор маъзул мекунад. Бисёр бухороиҳоро ӯ аз кор мегирад. Ду шаб маро меҳмондорӣ кард. Аз бисёр гапу кору воқеаҳо, шиносҳо, киҳо чӣ амалҳо кардаю оқибати корашон ба куҷоҳо кашид, гуфтему шунидем. Воқеаҳои ба сари Ҳабибуллоҳон омадаро ҳамон нақл кард. Гуфт, ки муллоҳо намонданд, ки Амонуллоҳон корҳои хуби шурӯъ кардаашро то охир расонад. Баъде, ки фармони ислоҳотро баровард, «дар мактабҳо таълимро ба усули нав ҷорӣ кард, саллаю ҳиҷроро аз суннат буданашон соқит кард, қонуни «занҳо ҳам бояд маълумот бигиранд»-ро баровард, муллоҳо миш-миш карда мегаштанд, ки Амонуллоҳон дини падаронро халалдор мекунад, кулоҳи кофириро ба ҷои салла меорад, ба болшевикои ломаҳзаб, ки Бухороро оташ заданд, бинои дӯстӣ гирифтааст... Дар ин байн дар Кӯхдоман ва тарафи Пактиё, ки мардум зиндагии камбағалона доштаанд, байни ҳукуматдорону мардум дар масъалаи нобаробарию ноҳаққии ҳукумат мунозираю муҷодала шудаю ба занозанӣ мекашад. Ҳабибуллоҳон, ки ӯро баъзе сарбози гвардияи миллӣ, баъзе роҳзан ном мебаранд, он лаҳза дар Кӯхдоман будааст. Аҳволро дида ҷониби ҳамшаҳриҳояшро мегирад, мардуми зиёд атрофаш ҷамъ мешаванд ва шӯриш мебардоранд. Эшону муллоҳо, ки дар кори ислоҳот кайҳо боз ба Амонуллоҳон дандон доштанд, ин ошӯбро ба дарди худ истифода кардаю мардумро бештар ба таҳрик андохта ғавғо бардоштаю ҷониби Кобул мераванд. Роҳҳоро бастаю як қисм сарбозони Амонуллоҳонро зада вориди шаҳр мешаванд. Дар шаҳр низ мухолифони Амонуллоҳон ба онҳо мепайванданд. Оқибати кор чунон шуд, ки Амонуллоҳонро гурезонда ба ҷояш Ҳабибуллоҳонро ба тахт шинонда, эълон карданд, ки «ҳамин аст ходими дини Расулу-л-Лоҳ!» Лекин аз рӯи аввал маълум буд, ки ин «ходими дин» ба кори ҳукуматдорӣ на дарбеҳ мешавад, не сӯзан.- Афғонистон як кишвари сергурӯҳу серғавғост. Ҳабибуллоҳон на барномае

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор