Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дили Мансур низ моили рафтан мешавад. Вале изҳор намекунад. Намехоҳад, ки дар ин кори хатарнок фикрашро гузаронад. Бахусус дар ҳузури Ҳабиба: мабодо гиря бардорад, «Чӣ тавр дилатон мешавад, ки Шарифҷонро партофта равед?»

– Ман шуморо намедонам, Камолҷонамро гирифта меравам, – Ҳабиба бо қатъият дастони хамиролудашро молиш додаю тоза карда, рӯймолашро пеш кашида аз нав баст ва назди дар рафта таваққуф кард ва боз домани гиряро раҳо карда, ба паланди дар такя карда афзуд: – Лекин Шарифҷонам дар ин ҷо! Эҳ Худо, ба мо чӣ қисмати бадеро насиб гардондӣ?

– Ту бе гиря гап зада метавонӣ? – гуфт Низом маҳдум ба нармӣ. – Ӯ хавотир буд, ки мабодо боз дарди дили занаш хурӯҷ кунад. Ва ҷониби Мансур бо қатъият афзуд: – Меравем, ду-се сол дар Вахш меистем. Пушти кор, ки хунук шуд, ба Бухоро меравем!

Аз рӯбарӯи чойхонаи Ғуломҳайдар роҳ ба ду тараф ҷудо шуда меравад. Яке сӯйи бозори “Гурезаҳо”, дигаре сӯи теппаҳою сойҷоҳон қатори соҳили дарё. Имрӯз ҳам дар роҳҳо, ҳам дар чойхона ва ҳам дар бозор одам бисёр аст. Дар сари роҳ марсияхонҳо, гадоҳо ба кори худ машғуланд. Ба назди марсияхоне пул афтад, ҳам овози думбура, ҳам овози худаш ширадор мешавад. Гадоҳо низ ҳамчунин. Пулро ки диданд, ба шавқ омада бо самимияту илтиҷо “Илоҳо. Илоҳо...” гуфтаю ҳафт пуштатро ёд карда, дуою дуруд мефиристанд. Як гурӯҳ лулиҳо ҳам расида омаданд. Ин тухми каргастинат дар куҷо садақа осонгир аст, бӯй бурда худро мерасонад. Мансур пешниҳод кард, ки аспҳоро дам додаю чой нӯшанд, пас ба роҳ бароянд. Ӯ мехост аз ошнояш Ғуломҳайдар ба сафари пешгирифтаашон маслиҳат пурсад. Ғуломҳайдар марди бафаросат аст. Вай ба он сӯи об ҳам раво дорад. Ҳавои корро медонад. Ақаллан Юсуфро медид (Ҷавони русе, ки аз байни дарё ниммурда бардошта оварда буд). Он вақт баъде ки ӯро монда меравад, Ғуломҳайдар пурсуҷӯ кардаю мефаҳмад, ки Юра касе надорад, наздаш медорад, номашро Юсуф мемонад. Ғуломҳайдар ҳар гоҳе ки Мансурро медид, аз бозёфти Юсуф изҳори хурсандӣ мекард. Мегуфт: каллаш каллаи Ленинашон барин кор мекунад. Ҳамаи дахлу харҷи чойхонаро ба ҳавай супурдагияш.

Юсуф ба Мансур ҳам некӣ кардааст. Ҳар гоҳе ба соҳил биёяд, пешвозаш гирифтаю чой карда меорад, ба аспаш ҳам ему хӯрок ёфта дода гусел мекунад.

Ҳангоме ки чойхонаро мепӯшиданд, қиссаи дар дарё монданашро нақл кард. Падару писар, баъде ки ин тараф мегузаранд, дар шаҳри Чоёб ҷойи истиқомат ихтиёр мекунанд. Падараш марди дастбакор будааст, самовор месохтааст, асбобҳои чиниро қадоқ кардаасту ба ин минвол қасби маош кардаанд. Як солу ду моҳ мегузарад, ки падараш аз дарди кулунҷ вафот мекунад. Худаш баргашта ба Душанбе меравад. Сохту суроби давлатии Шӯравӣ маъқулаш намешавад. Баргашта ба соҳил меояду ба кори аз дарё гузарондани одамон ёрӣ

пешина
аз 613
навбатӣ