Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
медодааст. Боре мехезад, ки аспашро дуздидаанд. Саросема худро ба дарё меандозад. Ҳашт ё нуҳ шоҳобро мегузарад, дигар чӣ шуд, дар хотир надорад.
Боре Мансур гузаштаашро донистанӣ шуда пурсид: Ватанатон дар кадом тарафи Россия аст? Чӣ сабаб шуд, ки падару писар ба Бухоро омаред?
Юсуф ба самте нигариста муддате хомӯш истод, сипас бо дили нохоҳам, “бо болшевиқҳо рост нагирифтем,” гуфту монд.
Мансур дигар кордор нашуд. Ба сари одами ин замона чӣ корҳо намеояд. Дар тақдири худаш ҳам магар кам воқеа буд. Воқеаҳое, ки онҳоро ба касе гуфтан наметавонад. Ӯ суҳбатро ба дигар тараф бурда пурсид:
– Ғуломҳайдар духтар дорад?
– Се рӯпӯшида дорад, дутоаш ба шавҳар додагӣ, хурдӣ ҳаст, – ҷавоб дод Юсуф.
– Хурдӣ духтари хуб аст?
– Духтари зебо, ҳам баакл, – рухсораҳои Юсуф сурх шуданд.
– Маъқулат бошад, дилашро ёб, ман хостгорӣ мекунам.
– Медиҳад мегӯед?
– Ману ту ин қадар корашро кардем, намедиҳад?
– Дили духтар ёфтан мушкил нест, – гуфт Юсуф ва илова кард. – Ба Ғуломҳайдар сахт намерасад, ки мани урус ба духтараш хостгор шудаам?
– Инаш кори ман, – гуфт Мансур. Ва ҳанӯз аз ин боб ба Ғуломҳайдар сухан накарда буд, ки ногаҳон ин сафар аз пеш баромада монд...
...Низом-махдум ба чойнӯшӣ розӣ нашуд. “Зудтар соҳил фуроем, ку бинем чӣ гапу хабарҳо”, – гуфт. Вай ким-чӣ хел беқарор ва хавотир менамуд. Аслан дуруст нигарӣ, бештари сафарақиҳо хавотиранд. Шояд аз ҷониби муқобил дилпур нестанд. Худи Мансур ҳам ҳамин ҳолатро дорад.
Мансур ба сафи талабандаҳо, ки имрӯз хеле бисёранд, зеҳн монд: ҷавон, пир, маҷрӯҳ, чор дасту пояш сиҳату бардам будаҳо низ ҳастанд. Яқин шунидаанд, ки мардум сафари ватан доранд, зиёд ҷамъ омадаанд. Касе, ки ба ватан меравад, аз шодӣ, аз он ки сиҳату саломат рафта расад, охирин тангаашро садақа медиҳад. Занони кӯдакдор ҳам бисёранд. Ин бечораҳо бесаробонанд. Инҳоро дар кӯчаву бозорҳои аксар деҳоту шаҳрҳои Афғонистон дидан мумкин. Ба дари дороҳо мераванд, мардикорӣ мекунанд, дар мемонанд, тан мефурӯшанд, то ки кӯдаконашонро аз гуруснагӣ бираҳонанд. Онҳо зинда монанд, худашон ҳам зинда мемонанд. Вагарна ҳаёти ояндаашон бошад – набошад, парво надоранд.
Мансур аз назди гадоҳо гузашта, яке чашмаш ба Ҳасани чароғ афтид. Беҳушона лаҷоми аспоро сахт кашид, ки асп дар қаҳр шуда ду пои пешашро бардошт. “Наход Ҳасан!”... Бале, худаш. Ришаш сап-сафед шуда то шикамаш фуромадааст. Аҷаб ҳоле дорад: ҷомааш чиркин, мегӯӣ ҷули хар аст. Бо ресмон миёнашро бастааст. Дар атрофи сар рӯймол печонда гиреҳашро ба пеши сараш овардааст. Тори сари бемӯяш луч. Нуру сафояш намондааст. Мансур пештар рафта дид, ки Ҳасан тақа ба асо меистад: як пояш аз зону поён нест. Во аҷабо, ба ин мард чӣ шудааст? Чаро аз пой маҳрум мондааст? Шояд ҳангоми обро гузаштан... Мансур аз асп фуромад. Қарор дод, ки наздаш истодаю пурсуҷӯ мекунад, ахбор мегирад; чаро чунин ҳол дорад? Чӣ рӯзҳо аз сараш гузаштаанд? Одами пеш-пеш мерафта ба дасти Ҳасан як рӯпия ниҳода гузашт. Ҳасан мисли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор