Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
пи накаш ҳам нахӯрд. Аслан ӯ ҷанг карданӣ ҳам набуд. Суханони дирӯзааш чароғрӯшанкуние беш набуданд.
Ҳамон шаб ҳама лақайҳои аз Қундуз ва атрофи он ҳамроҳаш омада баргашта ба ватанашон рафтанд.
Пагоҳии рӯзи дигар Иброҳимбек дар ҷое, ки сой буду паноҳтар буд, ҳамаро ҷамъ кард. Як гурӯҳ дар болои хоку сангҳо ҷомаро монда нишастанд. Гурӯҳе соягие ёфта дароз кашиданд. Поёнтар, дар болои бузраҳа, дастаи Мавлонназар рост меистод.
Ҳоло офтоб аз ними кӯҳ поён шудаю аллакай ҳаво гарм аст. Вале Иброҳимбек саллаю ҷома карда баромадааст. Аз лабони парсинбаста ва чеҳраи нами абри тира доштааш маълум, ки аҳволаш ночур асту худро ба мардӣ медорад. Мисле ки гулӯяшро чизе мефӯшурда бошанд, зӯр задаю овози хирросиашро бароварда суханони аз эшонӣ Булбул даҳҳо бор шунидаро такрор кард:
-
Бародарон, муҷоҳидони роҳи ислом. Мо ҳар коре кардем, барои дини мубини ислом кардем (Суханаш оҳанги таҳдид гирифт). Мо нагузоштем, ки кофирон мардуми моро бедин кунанду масҷидҳомонро сӯзонанд, хархона кунанд. Номус карда нагузоштем ватанамонро ба осонӣ соҳиби кунанд. Ҳамин гуна корҳо кардем. Мо ҳафт сол ба куффор муҳорибаю муқотила кардем, мо аҷри меҳнатамона аз Холиқи ягона умедворем, на аз бандааш.
-
Нагузоштем. Мегӯему лекин. Ягон масҷиди обод намонд... - Кадоме бо овози паст киноя кард.
-
Одами бедин, бенамоз чист? Мисли ҳайвон аст!- афзуд Иброҳимбек бо таҳдиди бештар. -На дар ин дунё, на дар оҳират роҳаш намедиҳанд! Дӯзахист, пешдаргирони оташи дӯзах аст. Ба ҷои об ба ӯ заҳри мору заҳри каждум медиҳанд. Ба ҷои нон касима (шутурхор) медиҳанд. -Ӯ лаҳзае сархам хомӯш монду пештар қадам зада, пас сарашро бардошта чизе гуфтанӣ шуду истиҳола кард ӯ натавонист. Пас боз қадам зад ва дақиқае хомӯш истоду бо оҳанги мулоим, ки хоси ӯ набуд, афзуд: - Акнун мо ҷудо мешавем, бародарҳо. Аз ин лаҳза пас ҳар кадоме ба роҳи худ меравад. Ҳар кас донаду фикри кораш:-Ва муҳорир гиря карда, илова намуд:-Дар тақдирамон чӣ бошад? Оянда ҳамдигарро мебинем ё не, Худо медонад.
Ин дам Мавлонназар ғазабманд шудаю пеш баромада гоҳ ба Иброҳимбек, гоҳ ба атрофиён нигариста гуфт:
- Ту пешво шуда моро ҳам ба мардуми худ, ҳам ба мардуми он сӯи об рӯйхунук карда, дар байни обу оташ гузаштию акнун мегӯй, ки ҳар кас донаду фикраш!..
Иброҳим сурх шудаю сиёҳ шуда нигоҳи тезашро ба рӯйи Мавлонназар дӯхт. Дасташро ба бағал бурдаю пеш омад. Хавфи Мавлонназарро паронданаш буд.
Дар ҷоие, ки тарафдорони Мавлонназар ҷамъ буданд, афту дарафт шуд. «Туфангчаашро баровард, мепаронамаш!» гуфт кадоме ба ҷаҳл.
Ҳама пай бурданд, ки ин сухан ба Иброҳимбек равона карда шудааст. Вазъияти ҷанги ду тараф ба миён омада буд.
Марди дарози саллаи кабуддоре, ки Эшони дароз мегуфтандаш ба байн даромада пеши Мавлонназарро дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор