Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Вай кадом шиносашро интизор шуд, -гуфт Низом - махдум.
Онҳо аз марду зани ҷавоне пеш гузаштанд. Ҷавон сафедрӯи тануманд, занаш низ қаламқошаки дилангез. Домани куртаи таршудааш дар дасташ. Рӯймоли миёни шавҳарро дошта бо тарсу таҳлуқа қадам мезанад. Мансур дар дил ҷавонро маломат кард: “Эй бемуруват, чӣ гуна дилат шуд, ки ин моҳи шаби чаҳордаҳро ба оби сарди дарё андохтӣ? Ба гарданат савор кардаю тохта рав, ношукр! Не мо мардум чуноне, ки ба қадри ватан немерасем, ба қадри зан, ишқ, дӯстӣ ва бисёр чизу немерасем. Ин ҳама аз нохонӣ ва вомондагӣ аст”
Ба хотири Мансур омад, ки рӯзи аввали дарёро гузаштанаш сиёҳи мазанге ҷавонзани зебоеро аз дарё гузаронду аспи аз гала ҷудо шуда барин гирифта гурехт. Вале то имрӯз аз онҳо дигар хабаре нашунид. Ва пурсуҷӯ ҳам накард.
Назари Мансур ба Муллоносир бархӯрд, ки дар болои ҳар савор асту саллаи кашолшудаашро аз нав баста мерафт. Ҳараш бардам қадам зада меравад. Ҳамроҳи домулло чоряккорони фарғонагӣ мераванд. Маъруфхони писари Акрамхон - собиқ беки Ғузор ҳамроҳи онҳост. Саллаи гирдаи сафедаш дар ақиби сараш. Пештар аз онҳо як даста аспакиҳоянд.- Онҳо ана-мана нагуфта ба шоҳоби охир мерасанд.
Дар ин асно дар осмон ду аэроплан намудор шуд. Онҳо паст фуромада қади дарё омаданд. Вуҷуди Мансурро таҳлуқа фаро гирифт. Ҳар дафъае, ки ин “чуғз”-ҳои бадовоз пайдо шудаанд, давру пешаш пури мурда шудааст. Охирин дафъа соли гузашта баҳоррӯя дар Қундуз маҳаллаи гурезаҳо ва дӯконҳои хаскаппашаклашонро, ки дар ду тарафи роҳ тӯл кашида буданд, бо пулемётҳошон тирборон карданд. Рӯйи роҳ, даруни дӯкону ҳавлиҳо пури мурда шуда буд... Бештари дӯконҳо бо чизу чораяшон сӯхтанд. Вале гурезаҳо мардуми пуртоқатанд. Гиряву нолаашонро дар ин тела карда дарро пӯшида дар назди бегонаҳо худро мардона доштанд.
Мансур мушоҳида кард, ки Низом-махдум хеле пеш рафтааст. Аз афташ бӯйи ватан гирифтааст. Вай аз пайдо шудани аэропланҳо бехабар. Хушу ёдаш ҷониби боғу заминҳои ватан... Дар пеш об боз паҳн шуда меравад. Он тараф назди соҳил кӯли борики дароз тӯл кашидааст.. Баъди он найзор. Ногоҳ садои даҳшатбори парон-парон баланд шуд. Мансур гумон кард, ки садо аз ақиб аст. Шояд аз дастаи Иброҳимбек байни ҳам парон-парон доранд. Онҳо дар хӯрҷинҳошон туфангу туфангчаҳо доштанд. Овоза буд, ки вақтҳои охир байни худ душманӣ мекардаанд. Ҳар вақт баҳри аспе, зине ё чизе байни гурӯҳҳо задухӯрд мешудааст...
Овози шилликпаронии аз пеш ҳам шунида шуду якчанд аспакиҳо афтиданд. Ду аспи бесоҳиб яке лаҷомаш овезон лук-лук қади об тохта рафтанд. Баъзе сари аспашро ақиб гардонда қамчин мезанад. Мансур дар соҳил аскарони сурхро дид. Баъзе рост истодаю баъзе байни найзор сари зону нишаста, ҷониби онҳо тир мепаронанд. Хат шуда худро пушти дарахте гирифт. Низом-махдум ҳам ба қафо баргашт. Вай хеле пеш рафта будааст. Онсӯтар уштуре бардорузан кардаю бо ду қанори дар ду тарафаш овезони пурбор дар даруни об чапа шуд ва ҳамоно дастонашро рост кардаю кӯшиши хестан кард, вале натавонист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор