Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Соҳибаш марди батанаю туш аз пас уштурро чӯб зада хезондаӣ шуду яке дар атрофаш боридани тирро мушоҳида карда саросема ба пас гашта ғалтидаю хеста гурехт. Ҳаре, ки духтарчаҳо савораш буданд, низ афтид. Як духтарча хест, рӯймол дар дасташ, даҳонаш кушода, яқин гиря дорад.
Сафарақиҳо пай бурданд, ки онҳоро мепаронанд, худро ба ҳар сӯ заданд. Фарғонагиҳои чорякқор қадди паҳноб сӯи поён тохтанд. Садои дашноҳ, фарёду фиғон шунида мешавад. Мансур яке аз аэропланҳоро дид, ки паст фуромадаю тир мепаронад. Хост ақиб гардад. Дид, ки баъзе одамони аз пас меомада ҳам ба пеш ҳаракат доранд. Маълум мешавад, ки аз пас ҳам ҳуҷум доранд: дар ҷояш шишта ба атроф нигарист. Аспе, ки гардамаш хунолуд аст лука зада обро чаракда дода аз наздаш гузашт. Даҳони асп калон кушода, дандонҳои зардаш намоён. Савораш дудаста лаҷомро доштааст. Вале асп итоат намекунад. Занҳои ҳарсавор баъзеҳо пеш мераванд, баъзеҳо харашонро сахт-сахт ба чӯб зада, ақиб гардондаӣ мешаванд, вале хар итоат накарда, пеш медавад. Баъзеҳо худро аз ҳар мепартоянд. Чанд нафар савораҳо пушти дарахтҳо гузашта ҷониби муқобил тир мепаронанд. Дар паси дарахте Фахриддини Фарҳориро, ки ҳамроҳи Зариф омада буд, дид. Ӯ рост истода ҷониби соҳил нигоҳ дорад. Ба гӯши Мансур овози Низом-маҳдум расид. Аз ҷояш нимхез шуда дид, ки ӯ мисле ки чизеро доштанист, дастонашро паҳн кардаю рӯйҳояш қачу килеб шуда сӯяш меояд. Либосҳояш машки об. Магар афтидааст? Мансур пеш рафта дасташро гирифт. Низом-маҳдум китфи хуншудаашро дошта ҳаракат накард. Болои об ғалтиданӣ шуд, ки Мансур аз таги китфаш доштаю кашола карда, ба ҷойи камоб ба пушти дарахти сершоҳу танаи хор гузаронд. Қуртаашро кашида дид, ки тир аз поёнтари гардан даромадаю як тараф пури хун аст. Мисле ки ба худаш ҳам тир расид. “Эҳ вой! Эҳ вой!” гуфтаю нолиш кард ва рӯймоли нондоштаро ба шитоб афшонда бо он яраро баст. Аммо хун намеистад. Рӯймоли миёнашро кушода баст. Сарашро рӯйи даст бардошт. Дар чеҳрааш ранг намондааст. Чашмонаш аз тарс калон шудаанд.
– Низомҷон! Бародари ҷон, худатро дор! Он тараф мебарам, сиҳат мешавӣ! – Зорӣ кард Мансур ва дид, ки хун намеистад, куртаю ҷомаш пури хун шудааст. Пай бурд, ки кор аз кор гузаштааст. Ба атроф нигарист. Баландтар ду-се дарахтони пасти сершоҳ аст. Аз миёни Низоммаҳдум бардошта, кашола карда ба пастхамии паси дарахтҳо, ки заминаш тар асту ҳар ҷо об дорад, гузаронд ва нафас рост кард. Дид, ки ҳар ҷо мурдаҳои одамону аспу улоҳҳо хобанд. Аспе сахт-сахт по мепартояд. Паҳноб аз хун сурх шудаю равон аст. Як қисм одамон пеш мераванд, қариб дарёро гузаштанд. Баъзеҳо дасташон бардошта. Дар анҷом назараш ба духтарчаи пойлуч афтид, ки ҳамроҳи модараш ҳарсавор буду ҳоло танҳост. Ду даста тукумро дошта гиря дорад. Ҳараш шоҳчаҳои сабзшудаи бедро ба фурча газидаю мехояд. Ӯ ақиб гашта фикр кард, ки болои заҳоб боз шашҳафт қадам равад, шоҳоби пешро гузашта ба ҷазираи калон мебарояд. Он ҷо пинҳон шудан мумкин. Саросема аз миёни Низоммаҳдум бардошта ду қадам зад, ки ӯ нолиш кардаю “монед маро” гуфт.
– Низомҷон, ин ҷо об, ба хушкӣ бароем, – гуфт Мансур.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор