Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

рафт. Бисёр баланд набаромад. Баландтар барои шохобҳо мушкилгузар мешаванд. Уреб рафт, то ҷое, ки соҳили Афғонистон — ватани паноҳӣ додааш, намоён аст. Зери дарахт ҷое, ки хушк буд, шишт. Дар атроф чанд қаҷоваи партофта хобанд. Баъзе дар дарунаш анҷом, ким-чи гуна кӯҳнаколо дорад. Нигоҳашро аз онҳо гурезонд.

Чеҳраи Низом-махдум ҳеҷ аз пеши назараш намеравад. Аз он ки риштаи умри рафиқаш ногаҳон бадин тарз канда шуд, изтиробзадаю аламзада буд. Бо ҷафоҳо зиндагӣ карду бо ҷафо мурд. Вохӯриҳояшонро дар Тошканд, Хӯқанд ва баъди он як-як пеши назар меовард. Дар ҳамаи он вохӯриҳо Низом-махдум пешоҳанг, некхоҳи Мансур буд. Муносибати самимона дошт. Дигар ин гуна дӯсти донишманд надорад. Албатта, рӯзӣ худаш ҳам аз ин олами пурҷафо меравад. Он рӯз ин воқеа чӣ гуна сурат мегирифта бошад? Ва дар куҷо? Аан ин саволест, ки дар гӯшаи дилаш чун моҳӣ фурӯ рафта истодааст. Хеста пештар зери дарахти бузургтаре рафт. Фикр кард, ки яқин аскари сурх то соҳили ҷониби Афғонистон меравад. Дар роҳ деҳқонҳоро бинанд (маҷрӯҳҳоро ҳам), барои гузаштанашон ёрӣ медиҳанд. Аммо гумонбару босмачисуробҳои зиндамондаро тир мезананд.

Ҳис кард, ки даруни мӯзаҳояш об дорад. Мӯзаҳоро кашида, пайтобаҳоро болои буттаҳо тунук кард. Дар борхалташ як ҷуфт пайтоба, либос, чойҷӯш, магзу мавиз дошт, куҷое афтидаанд. Ба чойҷӯши мисин, ки мудом ҳамроҳаш буд, дилаш сӯхт.

Ҳоло аз офтоби гарму равшани пагоҳӣ осоре нест. Сар то сари осмонро абрҳои сиёҳ пӯшондаанд. Аз ҷониби кӯҳҳои пурбарфи Помир шамоли сард мевазад. Ҳар дам овози раъду барқ меояд. Дере нагузашта, борон борид. Мансур аз паноҳгоҳаш баромада ҷониби Афғонистон роҳ пеш гирифт. Раҳораҳ ҳис кард, ки оби борон мисли оби дарё хунук нест. Ноҳост саволе ба сараш омад, ки куҷо меравад? Акнун дар ин тараф ҳам касе надорад. Ба ҳоли ғарибиаш дилаш сӯхт ва дар даште, ки борон мисли сел мебориду ҷондоре ненамуд, чӣ қадаре ки дилаш мехост, овозашро сар дода фиғон кард.

– Вой дод, вой ватан, вой ҳамдиёрон, войи Низом махдум, войи хоки наҷибзодахези Бухоро!

пешина
аз 613
навбатӣ