Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ФАСЛИ ҲАФТУМ
Кучибой мисли пеш хандаи баланд накарда даҳони бедандонашро, ки намуди ғурфаи кӯҳнаи қаҷшударо дорад, ба дасташ пӯшонда ҷониби Мансур суханони дар ҷанозаи Чернов гуфтаи Ҷовидро такрор кард.
Дар байни як издиҳоми калон чунин суханҳо гуфт: “Александр Николаевичи азиз, ту муаллим ва роҳбари ҳақиқии мо, ҷавонҳо, будӣ. Ту мисли ҳама шахсони бузург ватандӯст будӣ! Ту қаҳрамонию мардонагиро ба мо нишон додӣ, марди инқилоб буданро ба мо омӯзондӣ. Китоби зиндагиномаи ту мудом ҳамроҳи мо хоҳад буд. Мо, ҷавонони минтақаи Қӯрғонтеппа, қасам ёд мекунем, ки душмани лаъини сӯи ту тир кушодаро, хоҳ дар қаъри замин аст ё фарози осмон, пайдо карда, сад тир дар ҷигари бенамаш мезанем! Душмани ту душмани партияи ҷонҷони болшевикло, душмани инқилобу озодист, душмани ватану миллати мост!.. Вай бисёр суханҳо гуфт, ҳамааш дар хотирам намондааст”.
-
Қасам хӯрд, ки он лаъини тирандохтаро пайдо мекунад? — ҳайрон шуда пурсид Мансур. Ӯ баъди найрангу кушторе, ки ҳангоми убури дарё рӯй дода буд, ду ҳафта гузашту аз Ҷовид хабаре нашунид, хавотир шуд, ки мабодо, маълум карда бошанд, ки шахси Черновро паронда падари котиби комсомол будааст. Шабакаи ҷосусии давлатии Шӯравӣ дар ҷониби Афғонистон ҳам хуб кор мекард. Тоқаташ намонду шабона дарёро гузашт ва ҳоло дар хонаи Кучибой дар болои ҷойи пагоҳӣ як соат шуд, ки сӯҳбат доранд.
-
Он ҷо панҷ-шаш нафар сухан гуфтанд, — илова кард Кучибой. — Ҳамяроқҳои Чернов аз Душанбею Тошканд, ҳатто аз Маскав омадаанд. Аз ҷангҳои кардааш ёдовар шудаанд. Гуфтаанд, ки вай ба халқи тоҷик эҳтироми хоса дошт. Ва барои он ки ин халқ зиндагонии арзанда дошта бошад, ҷонашро фидо кард. Ва ҳама қасам мехӯрданд, ки қасоси ӯро хоҳем ситонд! Қасос хоҳем ситонд!
-
Агар ҳама қасам хӯрда бошанд, меёбанд,-Мансур эҳсоси хавотирӣ кард ва қарор дод, ки аз тирпаронияш сӯи Чернов ҳеҷ гоҳ даҳон нахоҳад кушод. Чернову ёронаш дар ҷанги Балҷувон чунон ҷабру ҷафоҳо карданд, ки мардум ба садсолаҳо фаромӯш намекунанд. Мо мардуми дар ғарибӣ баҷонрасидаро биё гуфтанду зери борони тир гирифтанд. Дунёи қасос. Ман тираш намезадам, дигаре мезад. Сухани қадимии тоҷикӣ ҳаст, ки «Куштӣ, кушта гардӣ». Ӯ ин фикрҳоро аз сараш дур карда пурсид:
-
Ин ҷо чӣ кору пешравиҳо?
-
Пешравиҳоро худатон ҳам мушоҳида кардагистед. Хеле заминҳои нав кушодем. Колхозҳо солҳои пешин барин бесару бебар не. Намояндаи район як

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор