Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
марди рус ҳарвақт омада корҳоро назорат мекунад. Соли гузашта ба ҳар рӯзи меҳнат панҷ кило гандум, се кило мош, яктоӣ гӯсфанд доданд. Баъзе оилаҳо то ду гӯсфанд гирифтанд.
«Дар биёбон — кафши кӯҳна неъмат», гуфтаанд, ки дар ҳаққи шумост. Ба панҷ кило гандуму се кило мош зиндагӣ кардан мешавад? Ё гандуму ҷави колхозатонро дуздӣ мекунад?
— Дуздӣ мекардагиҳо ҳам ҳастанд. Ду сол пеш ҳамонро ҳам намедоданд. Як тоторро раис монданду кори колхоз каме беҳ шуд. Алҳол мардум аз он, ки якҷоя кор мекунанд, розӣ. Пеш ба колхоз бовар надоштанд.
Шарофат (арӯси Ҷовид) дастархон партофта, нони маҳаку ширбиринҷи аз болояш равғани зард рехта овард. Аз пас хоҳараш Хосият қанди кӯфта ва Шералӣ — кенҷаи Кӯчибой, ки хеле калон шудааст, чой овард.
— Фарзандҳо дастёр шуданд, — Мансур ба Шералӣ ишора кард, ки наздаш нишинад.
— Духтари хурдӣ ҳам арӯсӣ шудаасту, — Кӯчибой нигоҳи меҳрборашро аз духтараш наканда афзуд: — Духтарам ба хироҷи як шаҳр меарзад.
Хосият шарм карда қандро монду зуд рафт.
Шарофат косаи қандро наздики Мансур давонда «аз болои ширбиринҷ резед, амак», гуфт.
— Ин ҳама даву този келинатон барои шумо, мо бошем, фақат бароямон чойу чапотӣ меоранд, — гуфт Кӯчибой ба шӯхӣ.
— Шумо соҳибхона, — гуфт Шарофат сурх шуда ва аз Мансур пурсид: — Амак, либоси шустанӣ доред?
— Либосҳоям чиркинанд? — Мансур аввалин маротиба аз наздик ба келинаш нигарист. «Чеҳрааш кушода. Мисле ки кайҳо шинос аст». Келин маъқулаш шуд.
— Не, чиркин нестанд, — Шарофат ханда кард. — Ман ин ҷо бекор... Он тараф, ки рафтед, кӣ мешӯяд?
- Хуб шудааст,- Мансур аз хӯрчин куртаю саллаашро гирифта ба дасти келинаш дод, аз он ки ба тӯй хабар накарданду хафа шуда буд, ба ёд овард ва ин лаҳза дар дил он хатои Кучибойро бахшид, даст ба дуо бардошт: “Илоҳо, бахту иқбол ёратон бошаду маро, ки ҳурмат мекунӣ, аз Худо ҳурмат бинӣ”гуфт.
Пас сӯҳбаташро бо Кучибой ба хотир оварда, пурсид:-Дар колхозатон аз ҳамсолони мо касе намондагист?
-
Оре, аз мардуми пеш аҳён-аҳён касонро мебинӣ.-Кӯчибой меҳмонро ба хӯрок муроат карда афзуд: - Шукр, ки ба мани галабон кордор нестанд. Аммо мардум шикоят мекунанд, ки бе пурсиш ҷое рафтан наметавонем. Молатро бозор мебарӣ ё ба деҳаи ҳамсоя ба коре меравӣ, бояд аз калонҳо ҷавоб бигирӣ.
-
Мисле ки дар зиндон медоранд...
-
Дар тарафҳои шумо чӣ гапҳои нав? Ҳеҷ чашматон ба амир Олимхон меафтад?
-
Мебинам, ду маротиба дидам, -гуфт Мансур.-Бори аввал дар бозори Кобул бо ду нафар мисли худаш салласафедҳо. Се-чор нафар ҷондорҳояш ҳам буданд. Баъзе рӯйи хотир накарда, аз дур гап мепартофт: “Бухоро ба кофир додагӣ ҳамин! Моро овораю беватан кардагӣ ҳамин!” Дарвешноме бо овози

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор