Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

сабаб оварда онҳоро розӣ мекунад, ки милтиқ ва таппончаҳошонро ба губсар баста монанд”.

– Ин афсонаи ҳазору як шаб шуд-ку,- Юсуф тоқат накарда ба завқ хандид.- Иброҳимбек милтику таппончаашро дар гупсар бастааст... Ақаллан таппончаро бо худаш намондааст...

– Дар газета сухани Муқимро ҳам овардаанд,-афзуд Муллоҳабиб.- Гӯё вай гуфтааст: “Вақте ки Иброҳимбек ба соҳил баромад, ман аз камингоҳ ҷаста баромада милтикро ба синааш рост карда гуфтам: “Умрат ба охир расид, бек, ақибатро гардон, ки ман мехоҳам дастатро бандам!”

– Ин ҷумла ҳам сар то по ғалату дурӯғ аст,-гуфт Мансур.-Тоҷикон чунин гӯиш надоранд. Маълум, ки сухани русиро дар даҳонаш мондаанд.

– Ин тарҳу тартиби сохта ва ин қадар вахму воҳима барои чӣ бошад?- Ғуломҳайдар аз рӯйи Муллоҳабиб чашм намеканд.

– Ба шумо гуфтам-ку, барои он ки камиссарону командирҳо рутбаашон баландтар шавад, ордену модал гиранд, -гуфт Юсуф.

– Инро бинед, барои он ки даҳ понздаҳ нафар мукофот гирад, мардуми як ҷумҳуриро сари лелак бозӣ медоронанд. Ҳама шаҳру деҳот, корхонаҳоро хезон-даанд, ин дурӯғи ҷилдурӯға дар гӯшашон хонда митинг баргузор мекардаанд.

– Мо ҳам ба чунин кордориашон ҳайрон мешудем,-гуфт Муллоҳабиб.

– Ба ҳар хол дар таги коса нимкоса будагӣ барин,- гуфт Мансур андеша-мандона.

Аз байн ду ҳафта гузашту Муллоҳабиб хабар овард (Пинҳонӣ гузашта зану фарзандашро овардаст):“Дар Душанбе сессияи фавқулодда баргузор карданду масъалаи аввал дар бораи ба мукофот пешниҳод кардани қисмҳои армияи сурх, командирон, ҷанговарон будааст!

– Ҳамин гафро гуфта будам, шумоён бовар накардед,-гуфт Юсуф.-Соли 1919 дар армияи сурх ҳашт моҳ хизмат карда будам. Аз ин гуна бозиҳояшон хабар дорам. Агар мегуфтанд, ки “Иброҳимбек омада худро таслим кард,” дар он сурат бисёр гапу корҳо ранги дигар мегирифт.

– Ту, ки аз ҳамон лой ҳастӣ, миҷозашона медонӣ, – гуфт Мансур.

Онҳо боз муддате сӯҳбат карданду Муллоҳабиб хест:

– Меравам, – гуфт ӯ – дар Ҳавол хешамон ҳаст (Ҳавол деҳае дар назди соҳил). Шукр мекунам, ки аз тобеияти онҳо баромадам. Ин ҷо кас озод аст.

Мансуру Юсуф ҳам хеста аз пайи корашон шуданд. Мансур он рӯз камгап менамуд. Болорҳоро тешаю ранда зада, кори болшевик атрофи номи Иброҳимбек ва оламиёнро ба истибоҳ андохтанашон ҳеҷ аз сараш намерафт. Фикр мекард, ки он маълумоти оперативие, ки командиру комиссарҳошон сохтаанд, яқин ба архив мераванд. Китобнависашон аз онҳо китоб менависад. Сенчукову Петрову Муқим Султон барин одамонашонро қаҳрамон месозанд. ”Онҳоро ба мактабу корхонаҳо даъват карда “меҳмони олиқадр, қаҳрамони ҷанги гражданӣ аз корномаҳоятон ба донишҷӯён нақл мекунад, то ки шогирдон низ қаҳрамониҳои шумо насли калонсолро, дар гӯши хӯш гирифтаю сазовори номатон гарданд гуфта илтиҷо мекунад.” Меҳмон як қадар сурх шуда росту дурӯғи шунидаашро нақл мекунад. Ё худро ба берӯӣ зада, бо овози баланд суханҳое мегӯяд, ки ба

пешина
аз 613
навбатӣ