Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
мавзӯъ дахл надоранд. Пас муаллим дар дил ӯро ба беморӣ ё калонсолӣ ҳукм карда, худ суханро гирифтаю ба асли мавзӯъ мегардад. Ба он дурӯғи аз китоб хондааш боз дурӯғҳо зам карда ҷавононро “донишманд” мекунад... Оянда аз ин халқ чӣ месозанд? Дурӯғхону дурӯғгӯю дурӯғроҳ...
Аз вохӯрие, ки Ҷовид охирин бор бо падар кард (баъди вафоти Чернов), аз байн қариб ду сол гузашту нохост онҳо дар Душанбе бо ҳам рӯбарӯ омаданд. Ӯ ҳамроҳи калонҳои ноҳия ба маҷлиси фаъолон ба пойтахт омада буд. Аз маҷлис баромада, аспашро аз чанори сершохи поёни роҳ кушоданӣ шуд, ки падарро дид. Падар мисли солҳои пеш Ҷовидро ба оғӯш нагирифт. Мисли каси шинос даст дароз кардаю “рафтем, дуртар” гуфт. Онҳо аз назди бинои зебои почта, ки нав ба кор даромадааст ва дӯконҳои қатор қадам зада, сӯҳбати кӯтоҳе карданд ва Ҷовид зимни сӯҳбат ду ҳиссиёти ба ҳам зидро дар зеҳн гирифт. Падараш пир шудаю пару болаш рехта, назди ӯ баргаштааст. Дигар ин ки оё Ҷовид метавонад ӯро ҳамроҳ гирад? Агар гирад, хоҳу нохоҳ шӯъбаи махсус огоҳӣ меёбад, ҳарду дар бало хоҳанд монд.
Падар меандешид, ки дар рухсораҳои писараш рӯшании Мансуриён ҳаст, шиму костюми зебо пӯшидааст. Нигоҳаш калонгирона, балки такаббуромез аст.
– Мо гумон доштем, ки шумо дар Афғонистон..., – гуфт Ҷовид аз падар чашм наканда. Ба мушоҳидааш омад, ки падараш мисли себи дар зимистон дошта хушк ва майдатар шудааст. Ҳатто абрӯвояш сафед шудаанд.
Мансур дар гуфтори писар сардӣ ҳис карда, дилаш таккон хӯрд. Ба зӯрӣ намои табассум карда, пурсид:
– Агар биём, метавонам ин ҷо зиндагӣ кунам?
– Намедонам, ба худатон чӣ хел маъқул бошад.
“Намехоҳад, ки ман биём! Аммо ӯ намедонад, ки ман дар ватани бегона монда шудам. Дигар омаду рафт карда ҳам наметавонам.” Мансур каме хомӯш истоду гуфт:
– Аз мани мӯйсафед ба касе зарар нарасад...
– Ба зараррасонатон гап намеравад!..
– Ба чӣ гап меравад?
– Мабодо дувоздаҳ сол дар Афғонистон буданатон маълумашон шавад... Медонед, ин чӣ гуфтанӣ? Душмани халқ, ҷосуси империализм. Гуноҳи аз ҳама сахт.
“Бале, намехоҳад, ки ман биём! Бубин чӣ гуна нописандона сухан мекунад”.
– Ман ин қонуну қоидаро аз куҷо медонам? – Мансур кӯшиш кард ором сухан кунад. – Соҳиби давлату даврон шумо бошед...
– Агар биёед... Яъне боз устой мекунед? – Ҷовид ба чашмони падар нигариста, рамуз гирифтанӣ шуд.
“Мехоҳад пурсад, ки агар биёям, дар куҷо зиндагӣ мекунам?”
– Хостам ҳаминро маслиҳат кунем. – Мансур худро ба нодонӣ зад. – Ту бо инҳо кор мекунӣ...
– Ба худатон чӣ хел маъқул бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор