Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҷамолиддини рӯзгордида дар шинухези Мансур тағйиротро пай бурда пурсид:
– Мансурбой, ягон ҷоятон дард мекунад? Ҳавсалаи коратон не барин.
– Аз афташ фишорам баланд шудааст,– баҳона кард Мансур.–Дар баҳору тирамоҳ ин беморӣ азобам медиҳад.
– Як ҳафта барги беди лаби обро ҷӯшонда нӯшед ё боз беҳтараш дар ҷиллаи зимистон як ё ду маротиба ба рӯди Қаратоғ даромада оббозӣ кунед, бемориатон як ба як шуда меравад.
– Доруҳои фармудаатон одами солима ба гӯр мебаранд, чӣ ҷои бемор,– Мансур лабханд кард.
Мансурро боз он ҳолат маъюсу аламзада кард, ки писараш аз омаданаш билкул норозист. Дар ин олами саргардониҳо ҳамаи умеду омолаш ба вай буд. Ин қадар солҳое, ки дар ғарибӣ ғалтухез мекард, ба ёди ӯ буд. Шабҳо ба ёдаш хоб рафтаю мехест. Дар рӯзҳои барфу борон, шабҳои тира дарёи пурваҳм, гоҳе яхпӯшидаи Ҷайҳунро бо азобҳо мегузашт. Ва мудом орзу мекард, ки рӯзе Ҷовид соҳиби хонаю дар шаваду дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекунанд, занаш се-чор писар таваллуд мекунад. Калониро номи падараш Меҳрон мемонад. Ба ӯ “падарҷон ё Меҳрони Камон” гуфта муроҷиат мекунад. Ва мебинӣ, ки зиндагӣ боз ба маҷрояш даромадааст. Чунин умеду орзуҳо дилашро ба зиндагӣ, ба оянда гарм мекарданд. Аммо ин вохӯрӣ...
Бегоҳиҳо Мансур пушт ба беди куҳнаи лаби хирман такя монда, бо нигоҳи ғамолуд ба дуриҳо дашти зардшуда менигарист. “Он ҷо ҳардам бод чангро хезонда ҷониби Афғонистон мебурд. Дар як сӯҳбат Мансур изҳор кард, ки ҳоло зиндагӣ ором шудагӣ барин. Дар ҷавоб писараш гуфт, ки “ором шуд, лекин он ба чӣ мушкилиҳо шуд.” Мансур сухани писарро тагурӯ кардаю ба худ чунин маънӣ гирифт: “Албатта, ҳар колхозчӣ метавонад гиребони Мансурро гирифта гӯяд: Ҳой, ту аз куҷо ин ҷо омадӣ, ба оши тайёр? Медонӣ, то колхоз сохтан чӣ сахтиҳоро гузарондем? Аз тарс дар тори кӯҳҳо мегаштем, аз гуруснагӣ хок мехӯрдем. Охирулам аз баҳри замин, молу мулки бобой гузаштем. Аммо ту на ин ки шарик нашудӣ, балки душмани ҷони мо будӣ.” Охири тирамоҳ боронҳои пай дар пай шурӯъ шуданд. Замину роҳҳо ҳама обу лой шуда буд. Колхозчиён аз атрофи заминҳо як пешдоман кӯрак чидаю дигар ба ҳой-ҳойи табелчӣ эътибор надода, домани куртаю камзӯли шип-шилта тар шудаашонро ба даст дошта, саросема хона ба хона мешитофтанд.
Мансур низ корҳои хирманро то ними рӯз буд карда, бекор мемонд. Дар хоначааш танҳо нишинад, дилаш танг мехӯрд. Ба чакалакзори поёнии заминҳо рафта то бегоҳ чарх мезад. Он ҷо сукунат ҳукмфармост. Дар он ҷо чанору ремҳои сар ба фалак қад афрохтаанд. Аҳён-аҳён сарву сафедор ҳам ҳаст. Дарахтони бутташакл ва ба ҳам зич рӯйида низ бисёр. Ин ҷо чунон барг бисёр рехтааст, ки поят то поёни зону паноҳ мешавад. Баргҳои қабати поён сиёҳ шудаанд, қабати боло ранги зархалӣ доранд. Ҳоло айёми авҷи хазонрез аст. Баргҳо беист лапида-лапида омада ба сару китфаш бархӯрда, пас оҳиста ба замин меоянд. Боз як муддат бод онҳоро ин тараф - он тараф мебараду пас ба пастии ҷой мекунад, бо ҳамин умрашон ба охир мерасад. Мансур чунин лаҳзаҳои хазонрезро бо як

пешина
аз 613
навбатӣ