Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳаяҷони андӯҳомез тамошо мекард. Ба назараш менамуд, ки зиндагии худаш ҳам бо ҳама шӯру шараре, ки дошт, ба ҷудоиву сарсонии ин баргҳо шабоҳат дорад. Дар чунин лаҳзаҳо ӯ қадам задаю хонаю рӯзгоре ки дар Самарқанд дошт, бегоҳиҳо гашту гузоре, ки дар пояи қасру гунбадҳои овозадор мекард, Бибигулу Баҳодурашро, ки дар ҷавонӣ ба зулм нобуд карданд, ҷангу чӯшу шикаст-андар шикасти халқаш, корвони гурезаҳо, ки ҷуллу пӯстакашон дар пушт, кӯдакон дар пасу пеш аз ватан мераванд, дувоздаҳ соли мусофириаш, бо он диду водидҳои дилҳарош, кӯдакони зебои маъсуми дар ҷангалҳои сарди ватани бегона партофта ва дигар нодиданиҳоро ба хотир оварда, оташи ҳасрат чун кӯҳи оташ шудаю ҷисму ҷонашро сӯзонда, хокистар мекард. Гоҳе қадам задаю аз худ бехабар сар ҷунбонда пичирос мезад: “Аз афташ синаи модарро сахт газида будаам.”

Он шабу рӯзҳо Мансурро бехобӣ азият медод. Ҳар гоҳ зану фарзандонашро хоб медид: Бибигул мисли солҳои пеш пуркор, гоҳ дар сари чархи ресмонресӣ, гоҳ дар сари танӯри хонаи Самарқандаш нон мепазад. Дар танаш яктаҳи ҷо-ҷо сӯхта, ҷои сӯхтаю сиёҳаш маълум. Падарашро хоб мебинад, ки бо меҳмонҳояшон дар суфаи таги дарахтҳо нишастаанд. Атрофи суфа бо парда печонда шудааст. Дар тани падар либоси сафеди оҳарӣ. Мансур: “падар, падарҷон” гуфта овоз медиҳад, вале он кас ё намешунаванд, ё нигоҳ кардан намехоҳанд. Худаш наздик намеравад. Баҳодурро мефармояд, ки пардаро гузашта, бобоятро пурс, ки барои меҳмонҳояшон чӣ хӯрок пазем?

Рафта-рафта хоб тамоман кам мешавад. Даҳ-бист дақиқа хобаш мебараду хобҳои ҳавлнок дида, бо тарс бедор мешавад. Ва ҳамоно фикрҳои бисёр ба сараш ҳуҷум мекунанд. Онҳоро бо ду тараф тела додаю аз байнашон гузашта, худро ба хоб меандозад. Вале фикрҳо хоб рафтанаш намемонанд. Мисли гурӯҳи лӯлиён боз омадаю дарашро мезананд. Ва аҷиб ин ки ягонтои он фикрҳоро то охир бурда наметавонист. Якеш омада рӯбарӯ меистод, ки дигарӣ расида, ӯро тела дода, ҷояшро мегирад. Яке аз дигаре бетарбияттар. Баъзан мешуд, ки байни фикрҳо хобаш мебурд. Мехест, ки ҳамагӣ ҳафт ё ҳашт дақиқа ғанабаш бурдааст. Ҳайрон мемонд, ки чаро бедор шуд? Пас рӯзи дароз мондаю лакот мегашт. Дина шаб ду маротиба ҳашт-даҳ дақиқа хобаш бурду зуд бедор шуд. Дар хобаш гӯё бо пули калон хона омадааст. Хоб буд, ки нимашаб ду нафар бо мақсади ӯро куштану пулашро гирифтан ба хона даромадаанд. Дар долон истода маслиҳат ва тарзи амал кардашонро бо овози шунаво мегӯянд. Мансур мехоҳад, ки хеста тирезаро кушода гурезад. Аммо хоб зӯрӣ мекунад ва чашмашро кушода наметавонад. Ҳарчанд кӯшиш мекунад, мижаҳоро яла карда наметаво-над, кӯҳ барин вазнинанд. Тез-тез сураҳои донистаашро мехоҳад, не, ҳеҷ ёрӣ намекунад. Ниҳоят пай мебарад, ки ин ҳамаро дар хоб мебинад. Зӯр задаю худро ин тараф - он тараф мепартояд, мехоҳад овоз барорад, намешавад. Ниҳоят талош кардаю ба азобе бедор мешавад, ки шип-шилта арақ кардааст. Аз зарби зӯр задан сараш ба дард омадааст. Дами саҳар ягон даҳ дақиқа хобаш бурду боз ҳам тарсида бедор шуд. Дар хобҳояш чӯеро мегузарам гуфт, ки пояш ғеҷида ба гумоби сардӣ, ки обаш аз чашма меояд, афтид. Дастонаш кор мекунанд, аз миён поёнах ҳаракат намекунад, ки худро берун гирад. Дар талвоса афтидаю

пешина
аз 613
навбатӣ