Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
хуб зӯр мезанад ва аз хоб бедор мешавад, ки сараш дег барин вазнин аст. Аз худаш метарсид, ки ба ин ҳоле, ки дорад, мабодо ба беморие гирифтор шавад.
Дар миёнаҳои моҳи ноябр боронҳо зиёд шуданд. Як пагоҳӣ хест, ки барф то поёни теппаҳои канори шаҳр фуромадааст. Пагоҳаш рӯзи бозор буд. Мансур барои либоси зимистон ба Душанбе рафт. Аз мағозаҳо чизи лозимиашро хариду баҳри ҷома ба бозор даромад. Он вақт дар ҷониби офтоббарои Варзобрӯд нав бинои боҳашамати гарнизонро пӯшида буданд. Баландтар аз вай бозор сохтаанд. Мансур ба растаи ҷомафурӯшҳо даромад: ҷомаҳоро маъқул карда дар савдо буд, ки касе аз паҳлу “ассалом, акаи Мансур” гуфт. Ҷон аз қолабаш баромад. “Аз пасам одам будааст!”—гузашт аз дилаш. Баргашту дар рӯбарӯ Нусрати нонвойро дид. Ӯ дар Бухоро бо Мирзоумед ҳамсоя буд. Ришу буруту абрӯи сафед шудааш қариб рӯярӯ рӯпондаанд. Ӯ мудом салла баста мегашт. Ҳоло бо рӯймоли рангаш рафта сарашро печондааст. Мансур худро ношинос вонамуд кард. “Аз афташ, маро ба касе монанд кардед” гуфтӯ худро ҷиддӣ гирифт ва ҷомаро ба соҳибаш баргардонда дуртар рафт. Баъде, ки аз бозор баромад, ба фикраш омад, ки аз афташ Нусрат ҳам ҳоли ӯро дорад. Вагарна афту андомашро дигар карда намегашт. Лекин вай Мансурро шинохт. Албатта, ба худ мегӯяд: “Мансур қасдан худро ношинос вонамуд кард.” Аммо он вохӯрӣ бароиш дарс шуд. Аниқ кард ки, ба Самарқанд рафта наметавонад. Он ҷо одамони ӯро мешинохта бисёранд. Ва ҳамзамон ба фаҳмаш омад, ки хавф доштани писараш ҳақиқати ҳаёт будааст. Лекин Мансур онро ба каҷбахшӣ бурдааст. Ӯ қадам задаю ба худ муроҷиат кард: “Мансур, ба ҳар ҳол эҳтиёт карда мегардӣ. Лекин ба беҳобиат даво ёб, бо Ҷамолиддин маслиҳат кун, вай ин корҳоро медонад”.
Дафъаи дигар аввали баҳор Ҷовид ба пленум омаду баъди пленум аспсавор ба дидани падар рафт. Ин вохӯрӣ онҳоро бештар аз ҳам дур кард. Аввалин маротиба баҳс кардаю гапашон гурехт. Ҷовид дар суҳбат гуфт, ки сардори правленияи сарҳадӣ дар Осиёи Марказӣ Дубров буд, ба ҷояш Загорский ном касеро интихоб кардаанд. Вай ҳам пештар дар бригадаи Чернов хизмат мекардааст. Ӯ таваккуф кард ва афзуд:-Чернов то лаҳзаи охири ҳаёташ барои озодӣ ва беҳбудии ҳаёти мардуми мо ҷонбозиҳо кард. Лекин душмани миллат, хоинони ватан, гурезаҳои тарсу номардона ӯро паронданд. Агар меёфтам, худам гулӯяшро медарондам.
“Агар гӯям, ки ман парондам, чӣ кор мекунад? - Мансур ба худ савол дод.- Мечаспад? Не, намечаспаду лекин сахт ҷанҷол мекунад”.
– Хок хабар набарад, Чернов ҳам хунрезиҳо кард,-гуфт Мансур ҳарчӣ оҳиста. -Ин қадар халқи бегуноҳ, ки дар сарсонию оворагиҳо...
– Вай овораҳоятон гуму нест шуданашон хуб аст! -Ҷовид нагузошт, ки падар то охир суханашро гӯяд.- Давлати Шӯроро, ки чашми дидан надоштанд, дафъ шуданд! Шумо ба Чернов нарасед...
“Бале, сахт ҷанҷол мекунад. Мо абадӣ ҷудоем! Гуфта рафтанаш ҳам мумкин. Ҳоло ин гуна ҷавонон пайдо шудаанд. Ба чашм набинед ҳам, дар газетаҳояшон мехонед». Ӯ ба тариқи маслиҳат гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор