Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Мансур ҳамчунон нигоҳаш ба оташ хомӯш менишаст. Дар дилаш тарсе пайдо шудаю то қаъри дилаш рафт. Фикр кард, ки чор-панҷ соле, ки Ҷовид дар интернат хонд, боз ду сол дар Душанбе аз ким-чӣ гуна курс таълим гирифт, шину хез бо русҳо ва ниҳоят, ёздаҳ соли ҷудоӣ таъсирашонро гузоштаю ӯро дағал ва худдонам кардаанд. Замона ҳам одамашро мисли худаш мекардааст. Дар замираш ба писар муроҷиат кард: “Бачаҷон, мо ҳарду чизи аз ҳама муҳимро аз даст додем: ман мояи хурсандиамро, ту такягоҳатро, касеро, ки аз ҷонаш ҳам зиёд дӯстат медошт. Ӯ хест, ки аз таги курпачаҳои ток пӯстини аз барра дӯхта ва куртаю эзори гарми Русидухтро, ки аз сарҳад барои Ҷовид харида буд, гирифта диҳад.

Ин дам Ҷовид пешонию бари рӯяш хуншор нолиш карда аз дар даромад.

Мансур парида аз ҷо хест. Ҳамоно ба фикраш омад, ки ин бача аз беодобиаш ҷазо гирифт. Ва худро гунаҳкор дониста, аз он ки беаклии писарро ба дил гирифт, пушаймон шуд.

– Чӣ шуд?! Касе зад? -пурсид ӯ.

– Асп зад. - Ҷовид паланди дарро дошта, оҳиста болои остона нишаст ва нолиш карда гуфт: - Худам нафаҳмидам, ки чӣ хел шуд. Таноби нӯхтаро аз замин бардоштанӣ шудам, ки гашту лагад партофт.

Мансур дасти Ҷовидро гирифта дид, ки болои абрӯ гӯё бо корд бурида бошанд, хунрав шудааст. Бинию як тарафи рӯй аллакай варам кардаанд. Хуб, ки лагад ба чашм нарасидааст. Ӯ пешоби Ҷовидро гирифтаю пахта тар карда, ба болои захм гузошт: “пешоби варамро мегардонад” гуфту ба хонаи Ҷамолиддин барои тухм рафт. Дар берун шамоли сахти баҳор ҷангу хоки кӯчаҳоро хезондааст. Аз хонае овози афтидани сатил ва дар зинаҳо ғелидаму садо бароварданаш меояд. Раҳораҳ аз ғояти дилсӯзию ҳиҷолатмандӣ пичирос зад: “Охир, бачаҷон, наход дили мани пиракиро ранҷонӣ? Ин дили сабилмонда марги зану фарзанду дӯстони ғарибмаргро дидаю сӯхта, дудаш осмонҳоро торик кардааст. Қафоҳои ба сари халқу ватанаш омадаро дидаю бо хуну пӯсташ дарк карда, ба даргоҳи Худо нолидааст. Пас, соҳиби дилҳо мегузорад, ки ту ки як майда бача ҳар номаъқулеро, ки ба сарат меояд, раво бинӣ? Не, намегузорад. Агар фарзандам бошӣ ҳам, намегузорад. Хостам огоҳат кунам, ки баландравӣ накун, ман сарфи назар, ба худат хуб намешавад. Аммо баъзе чизҳое ҳаст, ки онро гуфта ҳам намешавад. Аммо худи одам бо фаросат дармеёбад. Акнун шаб мемонӣ, бачаҷон. Лекин мо мисли пеш озоду бепарда сӯҳбат карда наметавонем. Ту бемору ман беморбин. Сари Мансур фикре омад, ки Ҷовид дар ватан монд, хуб шуд ё ба Афғонистон мебурд, беҳ буд? Дарҳол ҷавоби дақиқ ёфта натавонист. Кӯчаи паси идораҳои колхозро гузашта тарафи рост гашт, дарвозаи Ҷамолиддин намоён шуду ба сараш чунин ҷавоб омад: Ба Афғонистон мебурдам, бачаҷон, мисли писари Низом маҳдум роҳзан мешудӣ, ё назди шайхе рафтаю пиру мурид мешудед, ва ӯ лаҷомат мезаду як умр ба худаш ҳари саворӣ карда мегирифт. Ин ҷо мондӣ, соҳиби донишу абрӯ шудӣ. Лекин ба падарат пӯписа накун. Ин кори афроди паст. Ба авлоди мо ин кор намезебад. Ӯ аз хонаи Ҷамолиддин тухм оварда, ба равғани индов ва зарчӯба омехта карда, ба болои захм баст. Ҷовид “аз корам мемонам” гуфта дилтангӣ кард. Баъде ки ғанабаш бурд, Мансур

пешина
аз 613
навбатӣ