Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
таҳорат кардаю ду ракъат намоз хонда, болои сараш нишаста дуо хонда, куфу суф карда, ба даргоҳи Худо муроҷиат намуд: “Аҳадо, самадо, сабукию беақлии писаракамро ба инобат магир, ҷавон аст. Ҷавонӣ мисли давраи обхезист, ки он ҳама аз сунъи худат аст. Ин давра зуд мегузарад. Боз ақлаш медарояду хатояшро мефаҳмад. Ин дӯстият, ки ӯро ба тарзи асроромез задию дард додӣ, он дард ба ман бештар коргар аст, худат медонӣ. Эй Баланду Пок, ман писаракама бахшидам, ту ҳам бахш.”
Ҷовид, то ки варами сару рӯй нишинад, ҳафт рӯз бо чашму рӯйи баста дар назди падар хоб рафт. Аспашро падари нигоҳубин кард. Намонд, ки ба хунукӣ барояд. Ҳангоми рафтан вақте ки аспоро савор мешуд, гуфт:
- Падарҷон, Саройкамар наравед ҳам, як дафъа Қӯрғонтеппа биёед. Алҳол он ҷо хуҷрачае дорам. Бароятон ҷой мешавад.
“Ӯ боз мисли солҳои пеш сода ва меҳрубон аст, - фикр кард Мансур. - То лагади асп нахӯрд, аз танаш ҷинҳояш набаромаданд. Он лагад доруе буд, ки моро боз ба ҳам пайваст. Ин олам чунон пурасрор ва воқеаҳои бо занҷирҳои ниҳон ба ҳам пайваста ва марбута дорад, ки дар ҳайрат мемонӣ.”
- Қӯрғонтеппа бошад, омада як шаб хоб мекунам, - Мансур бо табассум даст афшонд ва бо дилсӯзӣ аз дил гузаронд: “Баҷаи бечора, дар як ҳафта нимаш намондааст!”
Мансур писари маҷрӯҳро ба по мондаю гусел карда худаш бемор шуда ва аз по афтид. Ба назараш менамуд, ки ҳама устухонҳояш дард мекунанд. Як сустии ноинҷоре дар танаш нишаста буд. Шаби якшанбе падарашро хоб дид, ки ба аспи безине савораш карда мебарад. Фаҳмид, ки пайки ачал аст. Маълум мешавад, ки вақт омадааст. Натарсид, фикр кард, ки пеш аз сафар бояд чӣ корҳоро анҷом бидиҳад? Албатта, аввал ба Ҷовидаш занг мезанад. Аз бемориаш намегӯяд. Ҳамту бори дигар овозашро шунавад, бас. Бояд ӯ дар ҷанозааш иштирок накунад. Ва ҳамин вақт дарк кард, ки Давлати Шӯравӣ чӣ сиёсати қабеҳ ва дурбинонае ба роҳ мондааст. Он китобсӯзиҳо ва пас мактабу маориф карданҳо барои ҳамин будааст, ки қавми ҷавононро аз гузаштааш ҷудо кунад. Падару писарро ба ҳам бегона карда, таълими барояш лозимиро дода, ба ҳадафҳояш созгор созад. Ин ҳолат чӣ қадар давом мекунад? Дар умри ду-се қавм? Ё чун дар замони араб дусад сол, ё бештар? Ва боз кай ин дарахти ҷонсахти қадимаи тоҷик шоҳу навда мезанад?
Мансур пагоҳӣ аз байни хирман, аз паҳлуи анбору шипангҳои навсохти колхоз гузашта, ба утоқи кории ҷонишини раиси колхоз, ки телефон дошт, даромад. Сабр кард, ки фаррошзан корашро буд кунад. Ба фикраш омад, ки раҳмат ба ҳукумати шӯро, ки Ҷовидро хононд, хӯрду хӯрокаша дод, дониш омӯхт, соҳиби кору обрӯ кард. Мансур бе дилкашолӣ аз ин олам меравад.
Ҷовид дар занги аввал ҷавоб надод. Маълум мешавад, ки ҳоло ба кор na-омадааст.
Мансур дар долон қадам заду нохост дар газетаи ба девор часпонда сурати Файзуллоҳ Хоҷаро дид. Аз рӯи сурат ва ҳарфҳои чопӣ маълум буд, ки ӯро низ душман кардаанд. Дар ин солҳои инқилоби душман кардану куштани одамон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор