Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Мансур ин кор даст надод. Аммо Ҷовид бо рухсор ҳамдастию ҳамназарӣ дорад. Ба қавле, он палави андохтаи падар баъди бист сол пухт.
Рӯзи дигар тарафи офтобзард Ҷамолиддин ба ҳуҷраи Мансур даромада садо кард:
– Ҳой ҳамсоя! Ду-се рӯз шуд, ки даракатон нест, тинҷ ҳастед?
– Тинҷӣ ҳам як навъ,- Мансур сари ҷоғаҳ хест. –Мехезам, дилам меларзад, ҳеҷ ин хел набудам.
Муддате суҳбат карданду Ҷамолиддин ба хона рафта хӯрок овард. Косаро бо дастархону бо рӯймол печондааст, ки хӯрок хунук нашавад. Шаб ҳамхоба шуд. Субҳдам хеста «намозамро хонда меоям» гуфту баъд аз соате нони гарму чой овард. Мансур як пиёла чой нӯшида, гӯӣ ёдовар шуд: ба Қӯрғонтеппа, ба ҷиянам занг задам, набудааст. Ба Тошканд хонданӣ фиристодаанд (ин дурӯғро фикр карда баровард, то ки Ҷамолиддин напурсад, ки ҷиянатонро хабар кар-дед?) Пас як бастаи пулро наздаш ниҳода афзуд:
– Ҷамолиддин, аз худатон гап намемонад, одам калонсол шавад, маргро аз худаш дур намекунад. Агар насиб шуда бошад, худатон сардорӣ кунед. Ин ҷо пул ҳаст, калон-калон диҳеду ҷавонҳоро кор фармоед...
Ҷамолиддин бастаро даст гирифта, вазн карду ба ҷояш гузошт ва ба рӯйи мусоҳибаш зеҳн монда, ба оҳанги шӯхӣ гуфт:
– Ин пул ба ғайр аз маъракаи мурда, ба як тӯйи калон ҳам мерасад. Аввал тӯйро мегузаронем, пас он тарафашро маслиҳат мекунем.
– Дар ин солҳо нону намаки шумоёнро бисёр хӯрдам, -гуфт Мансур бо овози хаста.- Агар монад, ба ҳар кас лозим донед, медиҳед.
– Ин фикрҳоро аз сар бадар кунед, Мансурбой,- Ҷамолиддин хест ва афзуд:- Обро ба алафи поёни хирман монда меоям, пас чақ-чақ мекунем.
Бар хилофи чашмдошти Мансур баъд аз ду ҳафта бемориаш рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Вай, ки «тайёрии сафар» дида буд, як қадар нороҳат шуд. Вале он ҳолат зуд гузашт.
Боре саҳаргоҳ хеста мисли рӯзҳои пеш дар оташдон оташ гиронда, чой монд. Ҳисоб кард, ки пагоҳ ё фардо бояд Ҷовид биёяд. Боз чеҳраашро мебинад ва суҳбат мекунанд. Ӯ баъди шонздаҳ рӯз аввалин маротиба берун баромад. Аз насими дилҷӯй, ки беист мевазад, аз равшании офтобу осмони лоҷвард ва саҳрои зироаташ ба пухтан расида ҳавасаш омад, ҳоло барои дар ин замини пуришқу пурорзу гаштан вақт доштааст. Боз ҳамроҳи коргарони шӯхмиҷози колхоз шинухез мекардааст. Пайраҳаро гузашта лаби ҷӯйбори пуроб омад: садои об, оҳ ин садои осмонӣ, чӣ қадар ошно ва дилангез аст! Аз ғояти шодию миннатдорӣ ба Офаридагор, ки умрашро зиёдтар дода будааст, чашмонаш пуроб шуданд. Қарор дод, ки минбаъд дар ин замини озодаю гулафшон бе таҳорат намегардад.
Аз кӯчаи ҷониби гараж як гурӯҳ духтарон баланд-баланд гуфтаю хандида меоянд, дос доранд. Яқин, юнуҷқаро, ки вақти дараваш расидааст, медараванд. Пеш-пеш Зулайхо ном духтари рӯйпаҳну шӯхмиҷоз меояд. Мансур барои номаш шуда ба ӯ таваҷҷуҳ дорад. Ҳангоми пахтачинӣ баъзан тарозудор набудаму пахта баркашад, тарафашро зер мекунад. Чунки ин духтар ба ёдаш Зулайҳои дӯстдоштаашро меорад. Ҳоло фикр кунад, фикру хаёли он зан барояш неъмат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор