Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
будааст. Хаёли каси маҳбуб ба ҷонат чунонест, ки об ба зироат. Ин ҷаҳон чӣ зебоиҳои аёну ноаён дорад. Аммо Зулайхоро нагирифтанаш хуб шуд. Ҳарчанд ҳоло ҳам дар дил ҳасрат дорад. Аввал ин, ки оини дӯстиро бо шавҳараш Мирзоумед, ки ба ҷафо Сибираш карданд, нигоҳ дошт (ӯ баргашт ё не, намедонад), дилу ҳитираш зан ҳамин тавр чун ситораи саҳарӣ дур ва поку дилангез монд, хуб шуд. Ин покӣ ҳамроҳаш ба он дунё меравад. Шояд зан ҳам он рӯзҳои ошиқиро ба хотир оварда, ӯро ба некӣ ёд мекунад. Чунки дар охири умр покию беолоиш сабуку фараҳмандат медорад.
Дар заминҳои навбунёди поёни дашт, ки пахта коридаанд, ду трактор ғур-ғуркунон равуо кардаю чангро ба осмон мебардоранд. Дар чаманзори паҳлуи хирмамошини ғаллакӯб ва сеялкаи кишт мекардаи сурхранг намоён. Ин дам мошин пуродам ба шаст аз паҳлӯяш гузашта рафт. Мардони болои мошин суруд мехонанд: аз афташ суръати ҳаракати мошин илҳомашон дод. Мошинро колхоз аввали ҳамин сол харид. Ин мошинҳо ҳама дастоварди замони наванд. Не, чиз гӯем, нагӯем, болшевикҳо тавонистанд, ки ҳаёти безавки моро обуранг бахшанд.
Маҳур назди замине, ки ҷаваш пухта буд, нигоҳаш ба дуродур, таваққуф кард. Дилаш рӯшноӣ дод, ки Ҷовид пагоҳ меояд. Ин хабар ҳам хурсандаш кард, ҳам дар як ҳолати шӯрида андохташ. Ӯ медонад, ки ҳар вақте Ҷовид биёяд, жотир мешавад. Ва гоҳ-гоҳ дилашро тарс ҳам мегирад. Яке одамоне пайдо шаваю «мӯйсафед пеш даро» гӯянд? Тарсаш барои Ҷовид аст, ки мабодо гирифташ бикунанд. Ин андеша ҳангоми бемориаш ҳам ба сараш омада буд. Қадам зада то поёни дашт рафт, ба теппаҳои саросар сабзшуда нигариста, хеле истод. Фикрҳои бисёре дар зехнаш равуо карданду бо алам сар ҷунбондаю бо садои нишомез пичирос зад: «Баҷаҷон, ман равам, беҳтар аст. Ин ҷо ба ту ҳалол масонам. Дар беватанӣ зистану мурдан дар тақдирам будааст».
Ақиғашт. Ҷамолиддинро назди дари анбори колхоз машғули қуфлшинонӣ дида гуфт:
-
Ҳаҷа, пагоҳ сари қадам то деҳаамон меравам. Ку бинам, касе аз Афғонистон гаштааст?
-
Ду рӯз тоқат кунед, ки нағз шавед, - Ҷамолиддин бо маломат ба Мансур зеҳн монд.
-
Нашудаам, - Мансур худро хурсанд вонамуд кард. - Агар хешу табор омада банд, як ё ду ҳафта наздашон меистаму бармегардам.
Хонамаду дар бисоташ чизе дошт (чақман, пӯстак, чойнамоз...), ба халта андохту сафари Афғонистон тайёр шуд.
Саҳарӣ аз канори хирман гузашта фикр кард, ки акнун ин насиме, ки ҳар дам хуррам мевазад, ин саҳро, ки ҳоло заминҳои колхозишон мегӯянд, баҳри насли дигар ва замони дигаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор