Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

будааст. Хаёли каси маҳбуб ба ҷонат чунонест, ки об ба зироат. Ин ҷаҳон чӣ зебоиҳои аёну ноаён дорад. Аммо Зулайхоро нагирифтанаш хуб шуд. Ҳарчанд ҳоло ҳам дар дил ҳасрат дорад. Аввал ин, ки оини дӯстиро бо шавҳараш Мирзоумед, ки ба ҷафо Сибираш карданд, нигоҳ дошт (ӯ баргашт ё не, намедонад), дигар ин ки ба он ҳолате, ки ӯ дошт, мабодо занро ҳам дар бало мемонд. Дар дилу хотираш зан ҳамин тавр чун ситораи саҳарӣ дур ва поку дилангез монд, хуб шуд. Ин покӣ ҳамроҳаш ба он дунё меравад. Шояд зан ҳам он рӯзҳои ошиқиро ба хотир оварда, ӯро ба некӣ ёд мекунад. Чунки дар охири умр покию беолоишӣ сабуку фараҳмандат медорад.

Дар заминҳои навбунёди поёни дашт, ки пахта коридаанд, ду трактор ғур-ғуркунон равуо кардаю чангро ба осмон мебардоранд. Дар чаманзори паҳлуи хирмон мошини ғаллакӯб ва сеялкаи кишт мекардаи сурхранг намоён. Ин дам мошини пуродам ба шаст аз паҳлӯяш гузашта рафт. Мардони болои мошин суруд мехонанд: аз афташ суръати ҳаракати мошин илҳомашон дод. Мошинро колхоз аввали ҳамин сол харид. Ин мошинҳо ҳама дастоварди замони наванд. Не, чизе гӯем, нагӯем, болшевикҳо тавонистанд, ки ҳаёти безавқи моро обуранг бахшанд...

Мансур назди замине, ки ҷаваш пухта буд нигоҳаш ба дуродур, тавакқуф кард. Дилаш рӯшноӣ дод, ки Ҷовид пагоҳ меояд. Ин хабар ҳам хурсанд кард, ҳам дар як ҳолати шӯрида андохташ. Ӯ медонад, ки ҳар вақте Ҷовид биёяд, хавотир мешавад. Ва гоҳ-гоҳ дилашро тарс ҳам мегирад. Яке одамоне пайдо шудаю «мӯйсафед пеш даро» гӯянд? Тарсаш барои Ҷовид аст, ки мабодо гирифтораш бикунанд. Ин андеша ҳангоми бемориаш ҳам ба сараш омада буд. Қадам зада то поёни дашт рафт, ба теппаҳои саросар сабзшуда нигариста, хеле истод. Фикрҳои бисёре дар зеҳнаш равуо карданду бо алам сар ҷунбондаю бо садои нолишомез пичирос зад: «Бачаҷон, ман равам, беҳтар аст. Ин ҷо ба ту ҳалол мерасонам. Дар беватанӣ зистану мурдан дар тақдирам будааст».

Ақиб гашт. Ҷамолиддинро назди дари анбори колхоз машғули қуфлшинонӣ дида гуфт:
— Ҳамсоя, пагоҳ сари қадам то деҳаамон меравам. Ку бинам, касе аз Афғонистон баргаштааст?
— Ду-се рӯз тоқат кунед, ки нағз шавед, - Ҷамолиддин бо маломат ба Мансур зеҳн монд.
— Нағз шудамам, - Мансур худро хурсанд вонамуд кард. - Агар хешу табор омада бошанд, як ӯ ду ҳафта наздашон меистаму бармегардам.
Хона омаду дар бисоташ чизе дошт (чакман, пӯстак, чӯйнамоз...), ба халта андохту ба сафари Афғонистон тайёр шуд.

Саҳаргоҳ аз канори хирмон гузашта фикр кард, ки акнун ин насиме, ки ҳар дам хур-хур мевазад, ин саҳро, ки ҳоло заминҳои колхозишон мегӯянд, баҳри насли дигар ва замони дигаранд.

пешина
аз 613
навбатӣ