Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Мегӯям ки барои модарам аз шаҳр табиб биёранд. Ҳамсояҳо мегӯянд, ки табибҳои шаҳр модарамро сиҳат мекунанд.

Сардаста аз ҷояш хест шапкаашро аз болои миз гирифту ба лаҳни русӣ ба ҷониби тарҷумон чизе гуфту пас сотезмандии бештар ҷониби Сангов афзуд:

  • Кӯдакро ба хонааш баред. Ба ӯ кордор нашавед. Ва аз даруни кӯлбори дар паҳлӯяш буда як калаканд ва як қабза пул гирифта ба Ҷовид дароз кард:

  • Қанд барои худат, ба ин пул барои модарат дору мехарӣ. Баъд табассум карда афзуд:- Ба модарат нигоҳубин кун. Шумоён дар замони дигар зиндагӣ хоҳед кард. Дар замони пешрафти илм, бародарию баробарӣ, мактабхонӣ... Калон шавӣ, мефаҳмӣ, чунин зиндагиро падару бобоҳои мо орзу мекарданд. - Ва дасти Ҷовидро гирифта сӯйи дар рафта илова кард: - Номам Александр, шояд боз вомехӯрем.

Ду рӯз пас аз воқеаи Найзаварон, (куштори Ҷаббор) Мансур гашти рӯз ба Самарқанд омад, ба гузари худашон, Дари Занҷир нарафт. Намехост хонаашро, ки кофире онро ба зӯрӣ соҳиб шудааст, бинад ва дилаш бештар озорманд шавад. Бемайл саҳни Регистонро гузашта ба бозори Сандук даромад. Пештар ҷое сафар карда неомад, ба кӯю қасру бозорҳои серодами шаҳр ба пазмонӣ менигарист. Ҳоло чунин нест. Дар шаҳри калоншудааш худро мисли ғариб ҳис мекунад: на хонаю ҷой монд, на ёрӯ дӯст, на умеде. Бар болои ин ҳама фарзанди азизашро зада куштанд. Раҳматӣ падараш мегуфтанд, ки агар ранҷу дарде пеш омад, қуръаи фолро дар амали худ ҷӯед. Кадом амалат ноҷо буд, Мансур? Беихтиёр қадамашро тезонда, ба худ савол дод: «Хонаи Чурикови урусро оташ задӣ, ҳамроҳи хона ду аспро сӯзонӣ. Худашро корд задӣ. Рост, лекин инҳо амалҳоде буданд ҷавобӣ. Бо он, ки аз маҳалла шаш асп гирифт, пули маҳшара ҷамъ кард, кордор набудам. Аз Абдурашиди камбағал, ҳам пул гирифту ҳам дӯғу пуписа карда, писараша, ҷиянама, ба хизмат роҳӣ кард, ки дигар худамро дошта натавонистам. Шояд дар ҳамин ҷо хато шуд... Аммо дар масъалаи корд задан, таппончаашро дида, корда гирифтам. Дар он лаҳза агар кордаш намезадам, чанд нафари моро мепаронд». Боз чӣ кор кардӣ? Шояд аз шаҳр рафтанат хуб набуд. Худат мерафтию бачаҳо мемонданд? Лекин баъзеҳоро, ки дукону хонаю дари зебо доштанд, парронданд, баъзеҳо дар зиндонҳо хобанд. Мансур худро гунаҳгор надониста хулоса кард: ин не, вай не, дар тақдирам ин рӯзҳо будаанд. Зимни чунин фикрҳо аз паҳлӯи мадрасаи Тиллокорӣ гузашта дид, ки дарашро кӯшаҷӯб задаанду дар болои дарахт шиоре ба-дин мазмун сабт аст: «Зинда бод коргару деҳқон! Нест бод сарватмандону дороён!» Фикри пештараи Мансур қувват гирифт: «Дидӣ, худи замона барои нест кардани мо камар баста будааст!» Қадамашро тезонда ба растаи Заргарон рафт. Дар паҳлуи роҳ марди миёнсоле, ки саллаи фарсуда дошту тори сараш луч буд, бо чашмони пӯшида суруди он замон машҳуро, ки аз забони мардикори баталиони коргарӣ рафта, гӯфта шудааст бо савти чоргоҳ месароид.

пешина
аз 613
навбатӣ