Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
бештари корҳои хатарнокро ба ӯ месупориданд. Лекин он кас барвақт вафот мекунанд. Баъди ҷамъомад Зариф маҷбур карда онҳоро ба хонааш бурд. Раҳораҳ гуфт, ки «дар хонаи мо раҳматии бобои Меҳрон меҳмон шуда буданд. Ҳама он касро мешиносанду ёд мекунанд». Мансур дӯкони Чукурбозорашро ба шарофати Зариф гирифта буд. Вале худаш вақт наёфт, ки дастархони ҷавобӣ орояд... Ин гапу корҳо то Найзаварон омаданаш буд.
Дар назди дарвоза марди гандумгуни гирдарӯ, ки аз болои яктаҳи беқасаб миёнбанд дошт, ба пешвози Мансур баромада гуфт, ки Зариф дар хона нест.
Он касро наковед, дар шаҳр ҳам нестанд.
Мард бо чунон оҳанги омирона ва ҳам илтиҷоомез сухан кард, ки дигар ҷои пурсуҷӯ намонд.
Мансур пас гашт. Фикр кард, ки дар ин замонаи бӯқаламун ҳар қабоҳат рӯй доданаш мумкин. Се-чор рӯз гузарад, омада таҳқовӣ мекунад. Ба хотираш шайхи мазори Ҳоҷимуҳаммади Балхӣ, шайх Аҳмад омад, ки дар ҳамин наздикист. Вай дӯсти падараш буд ва ҳам ҳамсӯҳбати хубест.
Мансур аз рӯи нақли падар каму беш аз зиндагии шайх огоҳ аст. Ӯ аслан аз деҳаи Дахбед, ки понздаҳ-бист километр дуртар аст, ба шаҳр омадааст. Баъди чор соли таълим мадрасаро тарк карда, дар мазор ҷорӯбкаш мешавад. Назру ниёзи неомадаро ба ободонии мазор ва масҷиди шафат сарф карда, ба маъракаву маҷлисҳо кам мерафтааст. Аз рӯи масъаладе назарашро пурсанд, «китобҳои мо пури назарҳои хилофи ҳам» — гуфта, аз сӯҳбат мегурехтааст. Ин амалҳо ӯро зуд дар байни мардум обрӯманд гардондаанд ва муллоҳои таҷчоҳ ба ӯ рашку кина мегиранд. Садриддин ном муллои ҷавонро маъмури аз хонаҳок рондани шайх таъйин мекунанд. Ва шайх аз суханони Садриддин «Мазор соҳиб дорад! Ҳар касе аз берун омада...» рамуз гирифтаю маъюс шуда, ба деҳааш бармегардад.
Ҳамон шаб соҳиби мазор Ҳоҷамуҳаммад ба хоби Садриддин даромада, ба ҷиҳоти гиреҳ огоҳаш мекунад: «Ҳамнишини моро биёред!» Садриддин эътибор намедиҳад. Баъди як ҳафта ҳангоми токбурӣ аз ҳавоза меафтаду сар ва як дасташ лат мехӯрад. Сараш нағз мешавад, лекин дасташ ба як тарзи асроромез рӯз то рӯз қарахту беҷон шудан мегирад. Тахмин мекунад, ки масъала дар куҷост. Сахт тарсида ба Дахбед меравад ва ба шайх узру маънӣ гуфта, ҷома пӯшонда, боз пас меорад. Вале даст беҳ намешавад. Ҳолдонҳо мегуфтанд, ки тири баромадаро баргардондан наметавон.
Мансур аввалин маротиба шайхро ҳашт-нӯҳ сол пеш дида буд. Духтараш Латофат касал шуду табибҳо ночор монданд. Падараш рафта, шайхро овард. Шайх марди ба қадубаст буда, чеҳраи банур ва нигоҳи басалобат дорад. Зинаҳоро баромаду ба сар то пои Мансур нигоҳи тез андохт, пас сандуқи рӯйи ҳавлиро, ки соате пеш падараш оварда буд, нишон дода «пуштора овардед?» гуфта, ба завқ хандид. «Ароба нагирифтед?» пурсид ва боз чун кӯдак аз гуфтаи худ дар ханда шуд. Ба назари Мансур шайх як одами одии шӯҳтабиат намуд. Вале дид, ки падараш ба меҳмон бо эҳтирому эътизоми бисёр муносибат мекунад. Шайх беморро шабу саҳар хонда буд, ки ба ӯ беҳбудӣ рӯй дод. Бо хоҳиши занаш Ҷовидро низ (дар хобаш метарсид) хонд. Тамоми гузари Дари Занҷир сарашон дард кунад, шайхро меоранд ва аксар шифо меёбанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё